Давомаш ...
Қисми 1-умашро аз ин ҷо хонда метавонед
Рози нуҳуфта
Пас аз ба ҳуш омадани духтарак, ки номаш Лиза будааст, кормандони ҳифзи ҳуқуқ расида омаданд. Масрур аз нақли Лиза асрори ба худкушӣ даст заданашро фаҳмид.
- Аслан ин амак гунаҳгор нест,- ба ронанда ишора карда гуфт Лиза,-маро волидонам ба писари сарвари қабилаамон- Сунеми авбош доданӣ буданд, ман аз хона гурехта, ба шаҳр омадам. Чун шаб шуду ҷои рафтан надоштам, худамро ба зери мошин партофтам, то мурда аз ин аҳвол халос шавам…
Лизаи нозанин лӯлидухтар бошад ҳам, он қадар бо забони русӣ тоза гап мезад, ки лӯлӣ буданашро нафаҳмида мемондӣ. Ӯ як ҳафта дар беморхона монд ва баъд кормандони ҳифзи ҳуқуқ ўро ба назди қабилаашон, ки дар канори Маскав хайма зада буданд, бурданд, Масрур низ бо онҳо рафт. Ғайричашмдошти Масрур, ки чодари лӯлиҳоро оғилхонаи чиркину ифлос гумон мекард, хоначаи волидони Лиза тозаю озода ва зебо буд. Хусусан, гулҳои ба тартиб шинонидаи пайраҳаи ҳавлӣ хеле зебо буданд. Модари Лиза мегиристу ба кормандони ҳифзи ҳуқуқ изҳори сипос менамуд, ки духтаракашро баргардониданд.
Маълум шуд, ки модару духтар баъди фавти марди хонадон танҳо зиндагӣ карда, мисли дигар лӯлиён ба гадоӣ рўз намебурдаанд, онҳо ҳар ду ҳунари дўзандагӣ дошта, ба аҳли қабила хизмат мерасонидаанд. Кормандони ҳифзи ҳуқуқ Сунеми ошиқро ҳушдор доданд, ки агар як бори дигар ба Лиза наздик мешавад ё ўро ба хонадоршавӣ маҷбур мекунад, пеши қонун ҷавоб мегўяд.
Масрур аз қишлоқаки хаймаҳо, ки дар яке аз ноҳияҳои атрофи Маскав воқеъ аст, баргашту дилашро он ҷой монд…
Шӯхи шаҳрошӯб
Аз пеши назари Масрур симои зебо ва чашмони сабзгуни дилорои Лиза дур намешуд. Ӯ шабу рўз дар фикри лӯлидухтари зебо буд, вале намедонист чӣ гуна ўро дида, рози дил ба ў гўяд. Вале Худованд мушкили ўро осон кард. Пас аз як ҳафтаи фикру бехобиҳо як рўз худи Лиза ба суроғи духтури наҷотбахшаш омад. Ў мўйҳои дарози марғулаашро якто бофта, ба пушташ партофта буду бо куртаи чити одии парпаргиребон ба парии афсонавӣ шабоҳат дошт. Ў як халта савғои овардаашро рўи мизи Масрур гузошта гуфт:
- Ман барои шумо шириниҳои махсус пухта овардаам, агар аз хўроки лӯлиҳо парҳез накунед, марҳамат!
Масрур аз шодӣ худро гум карда бошад ҳам, бо як азоб фикрашро як ҷо ҷамъ карда, чун тарошаи аз бом афтидагӣ изҳор дошт:
- Лизаҷон, ман як ҳафта боз хўру хобро гум кардаам, бе ту мемирам…
Ҳамин тавр оғоз ёфт қиссаи зебои ишқи тоҷикписару духтари лулӣ, Лиза ҳар ҳафта як бор баҳонае ёфта, ба шаҳр меомаду бо Масрураш вомехўрд. Як сол ба ҳамин минвол гузашт. Масрур орденатураро хатм карда бошад ҳам, ба Ватан баргаштанӣ набуд, янгаашу бародараш аз қиссаи ишқи Масрур огоҳ бошанд ҳам, намедонистанд, ки арўсшаванда кист.
Чун амаки Ҷамил ошиқ шудани писарашро фаҳмид, ба Маскав омада, ўро ба сўҳбати хоса кашид ва чун аз асли воқеа хабар ёфт, аз ҳайрат ним соат гап назад. Масрур пеши пойи падараш афтида гуфт:
- Падарҷон, илтимос розӣ шавед. Ман ғайр аз Лиза духтари дигареро ба занӣ нахоҳам гирифт, қасам ба номи Худо!
Амаки Ҷамил лаби ҷелакашро аз дасти писараш халос карда, худи ҳамон шаб ба Ватан баргашту ба занаш гуфт, ки дигар ҳеҷ гоҳ бо Масрур дар бораи оиладоршавӣ гап назананд, худаш медонад! Амри падар барои фарзандон қонун буд, касе дар ин бора ба Масрур лаб намекушод, вале пас аз ҳамон рўз падар дигар бо кенҷаписараш умуман гап намезад. Масрур назди модари Лиза рафта, ризогии ўро барои хонадоршавӣ пурсид, Амираи меҳрубон бо хушнудӣ ризояташро дод, вале бо як шарт:
- Масрурҷон, ман медонам, Лиза туро дўст медорад, боз медонам, ки волидони ту ба ин хонадорӣ ҳеҷ гоҳ ризо намешаванд, вале чун қароратон қатъист, пас маро низ ҳамроҳи худ мебаред, зеро ҳамқабилаҳо ва бародаронам маро мекушанд!
Масрур розӣ шуда, дар ҷўстуҷўи хонаи иҷора шуд.
Қисми 1
Интиқоми хунин
Пас аз ду рўзи ҷўстуҷў Масрур бо кўмаки як рафиқи ҳамкораш, ки аз ишқи ў огаҳӣ дошт, дар як канори шаҳр кулбачаеро ба иҷора гирифту барои овардани Лиза ва модараш ба қишлоқи шаҳраки хаймаҳо роҳ пеш гирифт, чун мошини кироя ба назди дари модари Лиза расид, Масрур аз дидани тӯдаи одамон саргаранг гашт…
Сунем аз пушти Лиза поида бо духтури тоҷик ошиқ шудану нияти издивоҷашро фаҳмида, дар як шоми торики боронӣ дарвозаи Амираро куфт. Зан Сунемро ба хона даъват намуда, пешаш дастархон кушод. Амира мехост, ки Сунем ба хубӣ мақсадашро гуфта баромада равад. Аммо Сунем бо овози баланд фарёд зад:
- Ту бо духтари фоҳишаат тамоман зидди қонуну қоидаҳои қабила баромадед. Ба хотири ишқе, ки ба Лиза доштам, тоқат кардам. Мисли шоҳдухтарҳо худашро орою торо дода, на ту ва на ў ба касби бобогӣ машғул намешудед, хостгории маро рад кард, чизе нагуфтам, акнун ба бегона ба шавҳар мебарояд?!
Лиза доду фарёди Сунемро шунида, ба меҳмонхона зада даромад ва аз ў дида баландтар фарёд зад:
- Ту кӣ ҳастӣ, ки ба ману модарам хӯҷаинӣ мекунӣ? Ин ҳаёти ман аст, агар хоҳам ба хару хуг ба шавҳар мебароям, фаҳмидӣ?!
Ин ҷасорати духтар Сунеми авбошро девона карду чойникро бардошта, ҷониби модару духтар ҳаво дод. Он ба сари Амира заду зан мисли латакўҳна ба рўи фарш афтид. Давоми кор чӣ мешуд номаълум, агар ба хона ҳамсояҳо зада намедаромаданд.
Пас аз яктарафа кардани Сунеми ба саги девона монанд, яке аз ҳамсояҳо даст ба набзи Амира бурд ва эҳсос кард, ки дили зан дигар наметапад…
Чун Лиза ба хона даромадани Масрурро дид, аз байни занон чун оҳуи сур давида хесту худро ба бағали азизи дилаш зада, бо овози гирифтаи хиррӣ илтиҷо кард:
- Маро бар, зудтар маро аз ин ҷаҳаннам бар…
Келини селовард
Масрур худи ҳамон шаб Лизаро ба хонаи иҷорааш оварда, рўзи дигар рухсатӣ гирифта, ба Ватан ба хонаи волидонаш овард. Амаки Ҷамил ва холаи Шарифамо фоҷиаи ба сари духтарак омадаро шунида, дилашон ба ҳоли ў сухт ва ўро қабул карданд. Чун вазъияти рўҳии Лиза хеле бад буд, Масрур дар бораи тўй ҳатто гап назада, пас аз як ҳафта ўро бо волидонаш монда, худаш ба Маскав баргашт.
Холаи Шарифамо бо Лиза он қадар меҳрубон буд, ки духтарак бо гузаштани ду моҳ ба худ омад. Лиза дар ивази меҳрубониҳои аҳли ин хонадон кӯшиш мекард то ба онҳо маъқул афтад, хулоса лӯлидухтари зебо дар як мудати кўтоҳ дили пайвандони Масрурро ёфт, вале ҳаққу ҳамсоя, хоса духтарони мунтазири лутфи Масрурбуда дар деҳа овозаҳои ҳархела паҳн мекарданд.
Ҳарчанд Лиза ба ин аҳмият надиҳад ҳам, медонист, ки бо ҳузураш ба аҳли ин хонаводаи меҳрубон нороҳатӣ меорад. Амаки Ҷамил бо фарзандонаш маслиҳат карда, Лизаро бо як коса об никоҳ карда, ба Масрур доданду домоду арўсро ба Маскав равон карданд.
Аз идора: Аз ин воқеа бисту панҷ сол сипарӣ шудаасту ҳоло фарзандони аз пайванди Лизаю Масрур ба дунё омада, як духтару як писар мисли падари худ духтурони номиянд. Лиза низ байни хешу табор худӣ шуда мондаасту касе аз лулӣ буданаш ёдовар намешавад. Ин аст анҷоми як ишқе, ки ҳам фоҷиа дошту ҳам хушбахтӣ. Шояд беҳуда намегўянд, ки ишқ миллату мазҳаб ва сарҳад надорад...