Formula novemver 2024
Ишқи лӯлидухтар
1881

 

Масрур дар оила писари хурдӣ ва дўстдори волидонаш ба шумор мерафт, дар хонадони онҳо шаш нафар - ду духтару чор писар ба воя мерасид ва ҳама Масрури зебою доно ва хушсуханро дўст медоштанд.

Бо гузашти солҳо апаҳояш шавҳар карда, ба хонаи бахташон сафар карданд. Бародаронаш мактабҳои олиро хатм намуда, ду нафараш дар шаҳр монду яке ба ноҳия баргашта оиладор шуд. Ҳама хушбахту хушрўз буданд, кенҷаписари дўстдори оила низ ба Донишгоҳи тиббӣ дохил шуда, дар ҳавлии бошукўҳи бародари тоҷираш дар пойтахт зиндагӣ мекарду аз чизе танқисӣ надошт.

Амаки Ҷамил ва холаи Шарифамо шукри фарзандони оқилу фарзонаашонро карда, мунтазир буданд, ки кай Масрурашон донишгоҳро хатм мекунаду мувофиқи ваъдааш ба ноҳия омада, ҳамроҳи онҳо зиндагии нав оғоз мекунад. Писари саввумашон Мансури милиса дар ҳамсоягии волидон хона сохта, мунтазири додаракаш буд. Ӯ ният дошт, ки арўси Масрурро мефароранду хонаву дари падариро ба ў бахшида, худаш ба хонаи нав кўч мебандад. Аммо беҳуда нагуфтаанд, ки «Мо дар чӣ хаёлему фалак дар чӣ хаёл?»

 

Домоди серхаридор

Солҳо чун кафтаракҳои парвозӣ аз самои умри инсонҳо гузар мекарданду Масрури қоматбаланди зебо низ худашро пур карда, зеботар мешуд. Ў донишгоҳро хатм карду ба орденатура дохил шуда, ба Маскав рафт, устодаш духтури номдори соҳаи увзҳои ҳозима аз шогирдаш умедҳои зиёде дошт ва мехост ў дар Маскав монад, аз ин рў, бо шиносҳояш маслиҳат карда, шогирдашро дар як клиникаи шахсӣ ба кор монд. Аммо, Масрур устодашро бовар мекунонд, ки ў дар Тоҷикистон кор карда метавонад ба кори илмӣ машғул шавад.

Масрур дар баробари ҷавонмарди хушқомати меҳрубон будан, боз хеле ширинзабону хушсухан низ буд, шеърдонию суханбозиҳояш атрофиёнро дар ҳайрат мегузошт. Ҷавон садҳо ғазал аз шоирони классик азёд медонист, ин ҳам дили духтаронеро, ки ўро мешинохтанд, тасхир мекард ва духтарон бо шӯхӣ Масрурро домоди серхаридор мегуфтанд.

Муносибати Масрур бо духтарони ошиқ аз доираи одоб берун набуд, зеро ў ҷавонмарди хушахлоқе буду мехост ишқи ҳақиқиро вохўрда, баъд оила барпо кунад. Нозанин ном духтараки ҳамкурсаш, ки фарзанди шахси маъруфе буд, ишқашро урёну самимӣ ба ҷавон баён намуд, вале Масрур ба хотири наранҷондани ў гуфт:

- Нозанинҷон, ту духтари соҳибҷамолу бомаърифате ҳастӣ, вале барои ман ҳоло аз ҳама муҳим таҳсил аст.

Нозанин сарашро хам карда гуфт:

- Масрурҷон, агар хоҳӣ, то охири умр мунтазир мешавам.

Аммо қаламкаш кайҳо дар ҷабини бечину зебои Масрур ишқи аҷибу ѓариберо навишта буд. Духтарҳо бехабар аз қисмати илоҳӣ орзуманди як ҳарфи муҳаббатомези ў буданд…

Соҳибҷамоли хуфта

Як шом Масрур дар беморхона навбатдор буд, марди миёнасоли сарсафед шитобон вориди ҳуҷраи табибон шуда, бо овози гиряолуд гуфт:

- Духтурҷон, духтараке худро зери мошинам партофт. Ба Худо айби ман нест, ба фикрам мемирад…

Духтурон оҷилан духтараки ба хуну халаф олударо рўи мизи ҷарроҳӣ хобонда, ўро аз марг раҳоӣ бахшиданд. Масрур пас аз тоза кардани чеҳраи хунолуди духтар, ба соҳибҷамоли хуфта нигариста, аз ҳусни Худододи вай ба ҳайрат омад. Ин сабзинаи хушандом он қадар зебо буд, ки ба тасвираш қалам оҷизӣ мекашид. Қомати химчаю миёни борик, синаҳои баланду барҷаста, абрӯвони сиёҳи камон, лабони ғунчасон сурхи сероб, мижгонҳои баргаштаи ўро дида, духтури ҷавон аз бемораш чашм канда наметавонист.

Масрур он шаб мижа таҳ накард, танҳо қарибиҳои субҳ хоб ба ў ғалаба карду каме ғанабаш бурд ва аз нолиши паст-паст бедор шуд. Соҳибҷамоли хуфта чашмони сабзранги зебояшро кушода пичиррос зад:

- Ман мурдан мехостам.

Масрур дасти ўро ба дасташ гирифта гуфт:

- Ба мурдан вақт меёбӣ, духтараки зебо, ҳоло Худоро шукр гўй, ки зиндаӣ ва суроғаи волидонатро гўй, то мо онҳоро огаҳ кунем. Бечораҳо аз гум шудани ту шояд хуни ҷигар хўранд.

Духтар дасташро аз дасти духтур кашида гирифта, рўяшро сўи девор гардонд ва бо овози паст наҷво кард:

- Онҳо худашон маро ба бағали аҷал андохтанӣ буданд, ба як дузд доданӣ буданд…

Давом дорад ...

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД