Нозанин
Маҳлиё дар оилаи миёнаҳол ба дунё омада аз хурдӣ медид, ки волидонаш барои ёфтани як пора нон чӣ қадар меҳнат мекунанд. Ба хотири чор духтараки соҳибҷамоли хеш модар дар идорае фаррошӣ мекарду падар бошад, муҳоҷири меҳнатӣ буд. Маҳлиё духтари калонии оила ва дар бисёр корҳо мададрасони модар ба шумор мерафт ва ин ҳама мушкилоти ҳаёти волидонашро дида қарор дод, ки бо чӣ роҳе бошад мехонаду хоҳараконашро низ мехононад, то фардо мисли падару модари бемаълумоташ азоб накашад. Зеро ӯ медид, ки занҳои маълумотдор дастнигари шавҳар нашуда худашон барои зиндагии шоиста талош мекунанд. Падараш гоҳ дар Руссия кори мувақатие ёфта пул мефиристоду гоҳи дигар, пули ёфтааш танҳо ба рӯзгори ғарибии худаш сарф мешуд. Маҳлиё азоби модарро дида ба рӯи ҳама орзую армонҳои хеш хатти батлон кашида, бо либосҳои кӯҳнаи аммаю хола ё ҳамсояҳои қадрдонашон ба мактаб мерафту меомад. Ба ин ҳама мушкилот нигоҳ накарда духтар хеле боодобу хуштарбия ба воя мерасид ва дар айни балоғат моҳи шаби чордаҳро мемонд. Зиндагӣ дар шаҳр хеле душвор бошад ҳам як чиз ба духтарро ба зиндагӣ дилгарм мекард, ки Донишгоҳ ҳамагӣ як истгоҳ он тарафтар аз ҳавличаи кӯҳнаю фарсудаашон воқеъ буду умеди донишҷӯ шудан дар дилаш гул мекард. Пас аз хатми мактаб Маҳлиё бо дуои волидон ва дониши андӯхтаи худаш номи пурифтихори донишҷӯро соҳиб шуда сараш ба осмонҳо расид. Нозанини хоксору хушбовар субҳи якуми сентябр аз ҳама барвақт ба саҳни донишгоҳ ҳозир шуду бо нигоҳи ташна бинои илму маърифатро то дер таҳти назар қарор дод.
Дурдонаи донишгоҳ
Маҳлиё бо либосҳои оддии хушдухт муйи дарози чилбофт, хислатҳои ҳамидаи ба духтари мусалмон хос ва дониши баландаш дар муддати кӯтоҳ ба дили устодону ҳамсабақон ҷо гирифт. ҳанӯз аз курси аввал дар тамоми озмунҳои фаннӣ иштирок карда номи донишгоҳро баланд мебардошт ва дар курси дуюм алаакай устодон ӯро дурдонаи донишгоҳ меномиданд. Ба душвории донишомӯзӣ нигоҳ накарда духтар ба хотири каме ҳам бошад ёрӣ расонидан ба волидонаш дар ширкати косметикие ба ҳайси фурӯшанда ба кор даромад. Кор дар ин ширкат озод буду Маҳлиё борро нася гирифта мефурухт ва аз хар колои фурухтааш фоизи муайянеро барои худ мегирифт. Модараш пулҳои ёфтаи духтарашро нагирифта мегуфт, ки барои худаш сару либос харад, дар курси сеюм Маҳлиё либосҳои зеботар ба бар карда ҳуснашро об медод. Ҷавонони зиёде талош доштанд, ки дили дурдонаи донишгоҳро ба даст биёранд, аммо духтар ҳадафҳои дигар дошт ӯ мехост, донишгоҳро тамом карда ба аспирантура ҳучҷат супорад. Устодон низ ӯро ба ин кори бошараф ҳавасманд менамуданд, вале…
Салом эй ишқ!
Маҳлиё дар соли охири донишгоҳ мехонду ба нигоҳҳои ҳавасбори ҷавоне ҳатто бо табассум ҷавоб надода буд, зеро пеши худ мақсадҳои зиёде дошт. Акнун пас аз дарс дар мактабе ба ҳайси муаллима кор мекарду хоҳаронаш Фотима-Зуҳроро, ки донишҷӯ шуда буданд дастгирӣ менамуд. Кори падараш низ омад карда буду хонаҳои кӯҳнаи фарсудаашонро канда ба ҷойи онҳо хонаи нав андохт, вале барои рангу бору фаршу бому дари онҳо боз озими Маскав шуд. Духтар кушиш мекард, ки ба волидайн дарди сар нашавад ва худашро тамоман ба кор бахшида буд. Як бегоҳ дар мактаб шурои омӯзгорон барпо гашту Маҳлиё аз ҳарвақта дида дертар ба хона раҳсипор шуд, тирамоҳи зарнисор бо тамоми таровату саховаташ нурфишонӣ дошту аз деҳаҳои атрофи шаҳр бӯйи меваҳои пухта ва гулу гиёҳҳоро оварда машомро муаттар месохт Маҳилиё саргарми андешаҳо оҳиста-оҳиста аз пайроҳаи пиёдагарди бари роҳи калон қадам зада сӯи манзилашон мерафт. ҳамин вақт мошини сабзи сиёшишае наздаш қарор гирифту ронанда тирезаро поён фароварда Маҳлиёро таклифи нишастан кард. – Ташаккур, бародар ман қариб, ки расидам- каме кебида ҷавоб таклифи ҷавони сиёҳқошро рад кард духтар. Аммо ронанда мошинро паҳлӯи роҳ монда ҳамроҳи духтар пиёда-пиёда ба роҳ даромад. Маҳлиё аз шарм қадаммонияшро тез кард, вале ҷавон аз ӯ монданӣ надошт. Духтари зебо, номи ман Набӣ лутф карда номатонро мегуфтед, сарам ба осмон мерасид, ширинбаёнӣ кард ҷавон. Номи ман Маҳлиё, аз шумо илтимос дорам, ки дигар аз қафои ман наоед, зеро ба махалли зистамон расидему касе бинад ман бадном мешавам, тез-тез ва бо изтироб гуфт Маҳлиё. Ҷавон ҳолати духтарро дида аз роҳаш гашт ва ҳангоми хайру хуш гуфт:- Ман албатта туро меёбам, Маҳлиёҷон. Маҳлиё тез-тез қадам зада аз пеши ҷавон дур шуд то ӯ сурхидану аз суханҳои ӯ хурсанд шуданашро набинад. Маҳлиё дар дилаш дарди ширини аҷиберо эҳсос кард, ки ҳеҷ гоҳ чунинашро ёд надошт. Дилаш дар сина чун мурғи қафасӣ пар-пар зада панҷараҳоро шикаста парвоз кардан мехост.Дили духтарро ширингуфтории ҷавони ношинос тасхир кард ва он шаб танҳо абрувони сиёҳи Набӣ пеши назараш буданду овози шаҳдрезаш дар гӯшҳояш садо медоданд:-Ман туро меёбам, Маҳлиёҷон, меёбам, меёбам, меёбам….
Бе ту наметавонам
Рӯзи дигар ҳангоми аз кор баргаштан Маҳлиё боз дар рӯи раҳаш Набиро дид, ҷавон духтарро то наздикии хонаашон гусел карда изҳори ишқ намуд, Маҳлиё мақсади хондану чандин хостгорро ноумед карданашро ба Набии ошиқ изҳор дошт. Набӣ тарзи сухан гуфтану назокати рафтори Маҳлиёро бо духтарони дигар муқоиса карда ӯро як сару гардан аз духатарони шиносаш зиёд дарёфт. Ва ба ҳама шарту шароити гузоштаи духтар розӣ шуда пайти муносиб ёфта худашро шиносонд. Маҳлиёҷон, ман хатмкардаи факултаи ҳуқуқи донишгоҳ ҳастаму шаш моҳ боз аз рӯи пеши интихобнамудаам кор мекунам. Дар оила чор писар ҳастем, ду акаам оиладору соҳиби рӯзгори алоҳида ҳастанд, ман низ алакай хонаву дари алоҳида дорам. Пас аз тӯй то хонадор шудани додари хурдиям бо волидонам мемонем, ана баъд ба хонаи худамон мекӯчем. Хонданатро дар аспирантура бошад кафолат медиҳам, ман кӯмак мекунам, ки ту ба ҳама орзуҳои дар дил доштаат расӣ. Маҳлиё масъалаи издивоҷро кори волидонаш гуфта ба ҷавон ваъдае надод, вале Набии ошиқ агар ҳар рӯз як бор Маҳлиёро набинад чизеро гум кардагӣ барин парешон мегашт. Оҳиста –оҳиста духтар низ ба ҷон ошиқи ҷавон гашту ҳатто хушдор доштанашро ба волидонаш низ гуфт, падари Маҳлиё, ки духтарашро бисёр дӯст медошт Набиро ба хонаашон ҷеғ зада бо ӯ шинос шуд. Акнун аҳли оила ва баъзе хушу табор низ медонистанд, ки Маҳлиё номазад дорад, вале чунлне, ки мегӯянд: «ҳар чӣ дилат хост на он мешавад- ҳар чи Худо хост ҳамон мешавад»!
(Идомаашро фардо соати 22-00 интизор шавед)