Ишқи Хадича ва Ҳазрати Муҳаммад (с)
Медонем, ки аввалин ҳамсари Паёмбари мо ҳазрати Муҳаммад (с) Хадича буд, вале дар бораи ӯ маълумоти кофӣ надорем. Мехоҳам дар бораи ӯ маълумот диҳед.
Зарангез, н. Варзоб.
Посухи Ҷамолиддин Хомӯшӣ
Хадиҷа бинти Хувайдид ибни Асад ибни Абдулоззо ибни Қусай бо Расули акрам риштаи хешовандӣ дошт. Аҳли Қурайш ба ӯ «Тоҳира» лақаб ниҳода буданд, зеро ӯ зани боиффату покдоман буд. Хадиҷа пеш аз Расули акрам ду бор издивоҷ карда, аввалин шавҳараш Атиқи Махзумӣ ва дуюмаш Абӯталҳаи Тамимӣ буд, ки ҳар ду фавтида буданд. Аз ҳар дуи онҳо вай фарзанд дошт. Ба Хадиҷа аз Атиқи Махзумӣ сарвати зиёде ба мерос монд. Ин зани заковатманд ба тиҷорат машғул шуда, сарваташро беш карда буд. Пас аз марги шавҳари дуюм сайида Хадиҷа се сол издивоҷ накард, то ин ки ба издивоҷи Расули (с) акрам даромад.
Расули акрам (с)-ро барои ёрмандӣ дар тиҷорат ба Хадиҷа амакаш Абӯтолиб пешниҳод карда буд. Хадиҷа сифатҳои беназири ҳазрати Паёмбарро омӯхт ва ба ӯ издивоҷ намуд.
Ҳангоме, ки онҳо издивоҷ намуданд, Хадиҷа чилсола буд ва чаҳор фарзанд дошт, Расулуллоҳ бошад, ҳамагӣ биступанҷсола буд. Сайида Хадиҷа се писар ва чаҳор духтар барои Расулуллоҳ ба дунё овард. Писаронаш Қосим, Абдуллоҳ, Тоҳир, духтаронаш Зайнаб, Руқайя, Умми Кулсум ва Фотима ном доштанд. Ишқи Расулуллоҳ ва Хадиҷа то замоне, ки Хадиҷа даргузашт, муддати бисту панҷ сол давом ёфт. Қабл аз марги Хадиҷа Ҷабраил ба назди Расулуллоҳ (с) меояд ва мегӯяд: “Худованд ба Хадиҷа салом мерасонад ва ба ту мегӯяд, ки муждагонии қасре аз марворидро дар биҳишт ба Хадиҷа бидеҳ, ки на ҳаёҳуе дар он аст ва на хастагӣ. Ин ба он хотир аст, ки заминиён қадру манзалати Хадиҷаро назди Аллоҳ бидонанд ва саъй кунанд ба ӯ иқтидо намоянд”.