Arzon march 2024
Ишқи ҷигарсӯзи Марям
11.03.2025
МАРЯМ
1139

Салом! Марям ном дорам ва мехоҳам қиссаи ишқи ҷигарсӯзамро нақл карда, маслиҳати хонандагони азизро шунавам.

Ҳасан ном ҷавонеро бо тамоми ҳастӣ дӯст медорам. Мо дар як деҳа зиндагӣ мекунем ва як мактабро хатм кардаем. Ҳанӯз замони мактабхониамон Ҳасан мисли соя ҳамеша аз паси ман гашта, зорию тавалло мекард, ки ишқашро қабул кунам. Қасам болои қасам мехӯрд, ки ҳаргиз маро дар нимароҳи зиндагӣ танҳо намемонад ва баъди хатми мактаб падару модарашро ба хонаамон хостгорӣ равон карда, бо тӯю тамошо маро ба занӣ мегирад.

Хулоса, фирефтаи суханони ширинаш гашта, мани сода ба Ҳасан дил бастам. Оҳиста-оҳиста ҷӯраҳои Ҳасан ва дугонаҳои ман аз ишқамон огоҳ гаштанд. Дилам пур буд, ки ману Ҳасан риштаи тақдирамонро бо ҳам пайваста, як умр хушбахти ҷаҳон мешавем, аммо баъди ба донишгоҳ дохил шуданаш рафтори ошиқам тамоман дигар шуд. Акнун вай соле танҳо як-ду бор ба деҳа омада, бо карру фар мегардад ва ҳамеша бо баҳонаҳои гуногун аз ман дурӣ меҷӯяд.

Ишқи ин ҷавон чунон дар дилам чуқур реша давондааст, ки ҳаёти ояндаамро бе Ҳасан тасаввур карда наметавонам, вале ӯро парвои сӯхтанҳои ман нест. Дугонаҳоям мегӯянд, ки Ҳасан дар шаҳр арӯс ёфта, баъди хатми донишгоҳ ҳамон духтари шаҳриро ба занӣ мегирифтааст. Ростӣ, то куҷо ин гап ҳақиқат дорад, намедонам, вале аз рашк дарун ба дарун сӯхта, хокистар мешавам.

Илтимос, ба ман маслиҳат диҳед, чӣ кор кунам?

Марями чашминтизор

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД