3-юми июн дар Театри академӣ-драммавии ба номи Абдулқосим Лоҳутӣ ҷашни 90-умин солгарди умр ва 65-солагии фаъолияти эҷодии яке аз чеҳраҳои намоёни театр ва кинои тоҷик, ҳунарпеша, коргардон, драматург, шоир, нависанда, Ходими шоистаи санъати Тоҷикистон Тӯрахон Аҳмадхонов бо шукӯҳу тантана баргузор гашт. Синну соли ин марди наҷиб аллакай аз 90 гузашта бошад ҳам, то ба имрӯз барои фарҳангу ҳунар содиқона хизмат карда, нақшҳои олиҷаноб мебозад, намоишномаҳои ҷолиб ба саҳна мегузорад, драмма менависад, шеър мегӯяд, хулоса мисли чашма дар ҷӯшу хурӯши эҷодӣ қарор дорад. Чеҳраи ҳамеша пуртабассуми ин марди некхоҳ ва покдилро дида, аксарият гумон мекунанд, ки ҳаргиз гарди ғам давраш нагаштааст, вале дар асл ҳаёти Тӯрахон Аҳмадхонов пур аз санҷиш ва талошу муборизаҳо будааст.
- Дар шарҳи ҳолатон навишта шудааст, ки шумо 1-уми июни соли 1935 дар Данғара ба дунё омадаед. Аз хотироти айёми кӯдакию наврасиатон каме қисса мекардед...
- Зодрӯзи маро дар Хонаи кӯдакони Кангурт, яъне ятимхона 1-июн навиштанд, вале кай таваллуд шуданамро аслан касе аниқ намедонад. Боре аз модарам пурсидам, ки очаҷон, ман кай ба дунё омадам, дар ҷавоб гуфтанд, ки вақте ту таваллуд шудӣ, зимистон буд. Ҳайрон шудам, ки агар зимистон бошад, чаро дар ҳуҷҷатҳоям 1-уми июн навиштаанд. Пас аз чанд вақт боз пурсидам, ки очаҷон, нағз фикр кунед, ман кай таваллуд шуда будам, ин дафъа гуфтанд, ки вақти ба дунё омадани ту айёми зардолупаз буд. Ана ҳамин тавр мо кӯдакони кӯҳистон дар он солҳои душвор ҳатто кай таваллуд шуданамонро ҳам намедонистем. Ман дар деҳаи хурдакаки Шаршари Кангурт ба дунё омадаам ва мо бачаҳои деҳотӣ фикр мекардем, ки тамоми дунё аз ҳамин як деҳачаи мо иборат асту халос... (Механдад).
- Ба хонаи бачаҳо чи тавр афтоданатонро дар хотир доред?
- Кӯдакии мо ба солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ рост омад. Он солҳо даврони қаҳтӣ ва зиндагӣ хеле душвор буд, махсусан дар шароити деҳот. Мардҳо ба ҷанг рафта, дар деҳа фақат занону кӯдакон монда буданд. Парастории мо - се фарзанд барои модари муштипарам хеле душворӣ мекард...
- Падаратон ба ҷанг рафта буданд...?
- Падарам дар синни 27 солагӣ ба як бемории вазнин гирифтор шуда, аз олам чашм пӯшиданд ва мо ятим мондем.
- Модаратон шуморо ба хонаи бачаҳо супурданд?
- Не, ман худам рафтам!
- Наход?! Аҷиб-ку...
- Боре ҳамроҳи модарам ба бозори Кангурт рафтем. Баногоҳ чашмам ба як гурӯҳ бачаҳо, ки 10-12 нафар буданд ва ҳамаашон сару либоси якхела доштанд, афтид. Дар наздашон патефон гузошта шуда, мусиқӣ гӯш мекарданд. Ман, ки бори аввал патефонро медидам, ин манзара ба назарам бисёр аҷиб намуд ва наздашон рафта пурсидам, ки шумо кистед ва чаро ҳамаатон сарулибоси якхела доред. Гуфтанд, ки мо тарбиятгирандагони “Хонаи бачаҳо”-и Кангуртем. Пурсидам, ки маро ҳам қабул мекарда бошанд? Гуфтанд, ки инро аз роҳбарияти “Хонаи бачаҳо” пурсидан лозим. Хулоса, он рӯз ман бо таасуроти зиёд ба хона баргаштам, вале фикру хаёлам мудом бо ҳамон бачаҳо банд буд. Оқибат 3 моҳ пас як рӯз аз хонаамон гурехта ба “Хонаи бачаҳо”-и Кангурт рафтам ва зорию тавалло кардам, ки маро қабул кунанд, чунки модарам аз ӯҳдаи нигоҳубини мо намебароянд ва 10 сола шуда бошам ҳам, то ҳол ба мактаб нарафтаам. Ҳамин тавр маро ба Хонаи бачаҳо қабул карданд. Дертар дар шаҳри Душанбе “Хонаи бачаҳои болаёқат” ташкил шуд ва дар қатори дигар кӯдакони лаёқатнок маро ба ин ҷо гузаронданд.
- Шумо як бачаи деҳотии камбағал, ки дар хонаи кӯдакон ба воя расидааст, чи хел ба Донишкадаи санъати театрии Маскав дохил шудед?
- Ин ҳам як қиссаи хеле аҷиб аст. Синфи 10-ро хатм карда, дар кӯчаҳои шаҳр ҳайрон мегаштем, ки ба куҷо дохил шавем. Рӯзе аз пешорӯямон як ҷавони хушқаду қомат ва хушлибос баромада бо забони русӣ салом дод ва кию чикора буданамонро пурсид. Гуфтем, ки мактабро хатм кардем ва фикр карда истодаем, ки ба куҷо дохил шавем. “Ба Маскав рафтан мехоҳед?” - пурсид он марди ношинос. Номи Маскавро шунида, чашмонамон барқ заданд ва пурсидем, ки дар Маскав чи кор мекунем. Гуфт, ки шумо дар донишкадаи санъати театрӣ таҳсил карда, актёр ё коргардон мешавед. Ростӣ гап аввал дудила шудем, вале ҷавонмарди хушлибос “бачаҳо, фикр карда бинед, агар дилатон хост, ягон шеърак азёд карда, 3 рӯз пас ба назди вазорати фарҳанг биёед” гуфт. Рафиқам ошиқи шайдои санъат буд, аз кӯдакӣ ҳамеша суруд мехонд ва бисёр мехост актёр шавад, аз ҳамин сабаб ба ҷону ҳолам намонда, зорӣ кард, ки биё равем. Ростӣ, актёр шудан ҳатто дар гӯшаи хаёлам набуд, вале ба хотири ҳамон дӯстам рафтам. Одам хеле зиёд буд ва ду рӯзи аввал ба мо навбат нарасид, рӯзи сеюм имтиҳон супурдем. Гуфтанд, ки натиҷаи имтиҳон 3 рӯз пас маълум мешавад. Дар рӯзи таъиншуда ҳамроҳи дӯстам ба назди вазорати фарҳанг рафта дидем, ки рӯйхат баромада, танҳо 20 нафар аз имтиҳон гузаштаанд. Номи ман ҳам буд. Бо амри сарнавишт ҳаимн тавр мане, ки ба санъату ҳунар чандон таваҷҷуҳ надоштам, аз имтиҳон гузаштам, вале он дӯстам, ки бисёр мехост актёр шавад, нагузашт.
- Ҳамин тавр худи тақдир шуморо кашолакунон ба Маскав бурд ва роҳи минбаъдаатонро муайян кард?
- Бале, ба ҷодаи ҳунар омадани ман аслан тасодуфӣ буд, вале ҳаргиз пушаймон нестам, ки ин роҳро пеш гирифтам. Дар Маскав мо аз беҳтарин устодон сабақ омӯхта, то ба имрӯз барои рушди санъати театр ва кинои тоҷик ба қадри тавони худ хизмат карда истодаем. Ҳамсабақонам Ҳошим Гадо, Марям Исоева, Ҳабибулло Абдураззоқов, Тамара Абдушукурова, Носир Ҳасанов, Маҳмудҷон Воҳидов ҳар кадомашон як сутуни устуворанд дар қасри санъати миллати тоҷик. Дар Ҳуҷанд як ҳамсабақи дигар дорем Неъматҷон Дӯстматов, ки вай ҳам бисёр ҳунарманди хуб аст...
- Воқеъан пас аз хатми Донишкадаи санъати театрии Маскав шумо муддате дар Хуҷанд кор карда будед. Ҳамин тавр не?
- Бале, баъди хатми Донишкадаи санъати театрии Маскав гурӯҳи моро ба Театри мусиқӣ-мазҳакавии шаҳри Хуҷанд фиристоданд, вале аз он ҷо ман ба театри Лоҳтӣ гузаштам. Пас аз чанд сол дубора ба Маскав рафта, курси олии режессёриро хатм кардам. Соли 1972 баъди Ҳабибулло Абдураззоқов маро саркоргардони “Театри ҷавонон” таъин карданд, аммо меҳру муҳаббати зиёде, ки ба театри Лоҳутӣ доштам, соли 1975 маро дубора ба ин театр овард ва шукр, то ба имрӯз дар ин даргоҳи ҳунар барои миллати худ хизмат карда истодаам. Хушбахтам, ки дар бадали 65 соли фаъолияти эҷодиам ҳамчун актёр ва режессёр дар ин саҳнаи муқаддас нақшҳои гуногунро бозидам ва намоишномаҳои зиёдеро ба саҳна гузоштам, бар замми ин, дар 13 филм образҳои хотирмон офаридам, аз ҷумла дар филми машҳури “Рустам ва Суҳроб“.
- Мегӯянд, ки замони Шӯравӣ низ ошнобозӣ буд ва коргардонҳои машҳур танҳо бо ҳунармандони дӯстдоштаашон кор мекарданд. Дили Борис Кимёгаровро чи гуна ёфтед, ки дар филми овозадори “Рустам ва Суҳроб” бароятон яке аз образҳои ҷолибро доданд?
- Борис Кимёгаров ҳанӯз замони донишҷӯӣ маро ба кастинги филми “Қисмати шоир” даъват карда буданд, вале хушбахтона ин нақш насиби ҳунарманде гашт, ки воқеъан арзанда буд. Пас аз ин, вақте наворгирии филм аз рӯйи достонҳои безаволи “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ оғоз ёфт, боз худи Кимёгаров ба театр занг зада, таъин кардааст, ки ба Тӯрахон Аҳмадхонов гӯед, ки ба назди ман биёяд. Рафтам. Гуфтанд, ки аз ду нақш якеро интихоб кун, ростӣ ман нақши дигарро интихоб кардам, вале вақте машқ ва наворбардории филми “Рустам ва Суҳроб” дар Ӯзбекистон сар шуд, Кимёгаров гуфтанд: “Туса будеш играт!”
- Одатан ҳунармандон тез-тез ошиқ мешаванд, агар махфӣ набошад, мегуфтед, ки чанд зану чанд фарзанд доред?
- Дигаронро намедонам, вале ман фақат як зан дорам ва як умр бо ҳамдигар аҳлона зиндагӣ карда, он қадар руҳан наздик шудаем, ки бе сухан чи хостан ва дар бораи чи фикр кардани якдигарро мефаҳмем.
- Ҳамсаратон аз аҳли Самарқанданд. Одатан мардуми Самарқанд ба бегонаҳо духтар намедиҳанд. Шумо чи гуна дили як духтари зебои самарқандиро ёфтед?
- О ин қиссаи бисёр аҷиб аст! Ҷавони муҷаррад будам ва авҷи давраи арӯскобиам буд. Як рӯз аз кӯча гузашта истода будам, ки аз рӯ ба рӯям ду духтари зебо баромаданд. Яке аз духтарҳо миёнақади сабзинаранг ва дигарӣ қомтабаланд буд. Ман аввал синчаконона аз пошнаи по то фарқи сари духтари миёнақадро аз назар гузарондам, баъд ба духтари қоматбаланд гузашта, аз фарқи сар то пошнаи пояш омада будам, ки якбора пошнаи туфшиаш чараққӣ карда шикаст.
- Чашматон гирифтааст-да!
- Шояд, барқи чашми ман таъсир карда бошад (Механдад). Хулоса, фурсатро аз даст надода, давида ба наздашон рафтам ва гуфтам, ки ман устои моҳири пойафзолдӯз ҳастам, кафшатонро диҳед, таъмир карда медиҳам. Азбаски аллакай рӯз бегоҳ шуда, устохонаҳо баста буданд, духтар розӣ шуд ва кафшашро аз пояш кашида дод. Дигар чи кор карданамро надониста, гуфтам, ки имрӯз аллакай дер шудааст, ман кафшатонро ба хона бурда таъмир мекунам, вале духтар розӣ нашуда, кафшашро аз дастам кашида гирифт. Дидам, ки сайд аз даст меравад, ошокро гуфтам, ки шумо ба ман писанд омадед, биёед, пагоҳ вохӯрем. Духтарак гуфт, ки аз Самарқанд ба хонаи тағояш меҳонӣ омадааст. Ба ман худо дод ва “эй, шумо дар ҷойҳои мо меҳмон будаед, ман худам шаҳрамонро ба шумо нишон медиҳам”-гуфта, ҳамин тавр дили ӯро ба даст овардам. Муддати як ҳафта мо қариб ҳар рӯз дидор медидем ва ман ӯро ба тамошои шаҳр мебурдам, баъд гашта ба Самарқанд рафт ва ба хатнависӣ гузаштем. Тӯли як соли мукотиба ҳамдигарро омӯхта, баъд хонадор шудем ва шукри худо соҳиби 4 фарзанд гаштем.
- Рашк ҳамсафари зиндагии тамоми ҳунармандон аст. Ҳамсаратон шуморо ба занҳое, ки дар саҳна нақши зан ё маъшуқаатонро бозӣ мекарданд, рашк намекард?
- Ман аз аввал ба ҳамсарам фаҳмонда будам, ки кори мо-аҳли ҳунар ҳамин аст, гоҳе занеро дар саҳна ба оғӯш мегирем, бӯса мекунем, вале ин фақат ба хотири нақш аст, на чизи дигар. Шукр, ки фаҳмид ва боре ҳам аз рӯйи рашк байнамон ҷангу ҷанҷол ё нофаҳмӣ сар назадааст.
- Аз фарзандотонатон касе роҳи шуморо интихоб накардааст?
- Танҳо духтари калониам роҳи санъатро интихоб намуд, вале санъати мусиқиро. Вай дар Самарқанд зиндагӣ мекунад ва муаллимаи хуби фортопианно аст. Азбаски маҳорати баланд дорад, хоҳиш кардаанд, ки дар ду мактаб ба шогирдон нозикиҳои санъатро омӯзонад.
- Самарқандиҳо як духтар дода, ба ҷояш як духтар бурданд гӯед...?
- Ҳа, вақте ки духтари ман қадрас шуд, аз Самарқанд ба хостгорӣ омада гуфтанд, ки дар вақташ як духтар оварда будед, акнун ба мо як духтар медиҳед! Пушаймон нестам, ки духтарамро дар Самарқанд ба шавҳар додам, чунки оилаи хушбахт ва зиндагии осуда дорад. Шукри Худо дигар фарзандонам низ соҳиби оилаи обод ҳастанд...
-Аксари ҳунармандон ба ҳамдигар лақаб мемонанд. Агар махфӣ набошад, мегуфтед, ки лақаби шумо чист ва оё худатон ҳам ба дигарон лақаб мондаед ё не?
- Дар олами ҳунар бе лақаб намешавад! Махсусан дар давраи донишҷӯӣ мо ба ҳамдигар бисёр лақабҳои хандаовар мемондем, масалан ман ба як ҳамкурсам “Кисел” лақаб монда будам, чунки кисели гармро нӯшида, қариб мурда буд. Ба худи ман бошад, соат лақаб монда буданд.
- Соат?! Чаро маҳз соат?
- Ману Ҳошим Гадо ҳамкурс ҳастем ва замони донишҷӯӣ бо ҳамдигар тез-тез гӯштин мегирифтем. Чанд бор вақти гӯштингирӣ соати дастам шикаст, барои ҳамин ба ман соат лақаб монданд.
- Дар гӯштингирӣ кӣ ғолиб меомад: Шумо ё Ҳошим Гадо?
- Ҳар вақт ҳар хел мешуд, вале азбаски Ҳошим Гадо дар синну сол аз ман ҷавонтар ва он солҳо харобак буд, бештар ман ғолиб меомадам.
- Дар баробари актёр ва режессёри хуб будан, шумо маҳорати баланди драмманависӣ ва шоирию нависандагӣ низ доред, аммо баъзе дӯстонатон шуморо “Асосгузори парешонизм” мегӯянд. Чаро?
- Чунки ман баъзан қасдан, дидаву дониста, вазн ва қофияро вайрон карда, шӯхиомез шеърҳои парешон мегӯям, масалан дар як шеърам чунин гуфтаам:
Ду духтар,
бари ба бар
лаб-лаби ҷар,
хӯрда кавар
ҳамсафаранд,
яке зебост,
дигараш афтод ба чуқурӣ.
Барои чунин шеърҳои шӯхиомез гуфтанам баъзе дӯстонам маро “асосгузори парешонизм”мегӯянд ва ин ҳам бароям лақаб шудааст.
- Агар чунин муъҷиза мешуд ва бо Худо вомехӯред, аз офаридгор чи мехостед?
- Фақат як чиз мехостам, ки дигар дар ягон гӯшаи дунё ҷангу хунрезӣ нашавад. Дар тамоми сайёраи Замин фақат сулҳ бошад, дӯстӣ бошад ва меҳру муҳаббат бошад!
- Пас асари наватонро беҳуда “Меҳргиёҳ” ном нагузоштаед?
- Бале, асари навамро “Меҳргиёҳ” ном нагузоштани ман рамзӣ аст, чунки гиёҳи аз ҳама қиматбаҳо ва камёб имрӯз дар ҷаҳон меҳру муҳаббати инсонист. Аз ҳамин сабаб мехоҳам меҳру муҳаббат байни одамон бештар шавад, зеро дар ҷое, ки меҳр ҳаст, дар ҷое, ки муҳаббат ҳаст, он ҷо ҳамеша обод, мардумаш осудаву хушбахту саодатманданд.
-Ба шумо низ осудагию саодатмандӣ мехоҳем ва орзу мекунем, ки солиёни зиёд ҳамин тавр бардаму бақувват монда, дар саҳнаи ҳунар ҳамчун Шоҳ-Ковус нақшҳои ҷолиб офаред ва мухлисони бешуморатонро бо офаридаҳои худ шод созед.
Мусоҳиб: Фирӯза САТТОРӢ