Formula novemver 2024
Ишқи беҷавоб Қисми 2
1830

То синни 24 солагӣ бо умед сабр карда, билохира пеши талаби қатъии волидон бо қалби садпора ночор ба шавҳар баромада, умед доштам, ки он ишқи бесамарро фаромӯш месозам. Вале ҳайҳот. Дар тӯли панҷ соли хамзистӣ мароми ҳамсарию хонадориро ба ҷо оварда натавонистам. Шавҳарам аз дилсардию бемеҳрии ман ба ҷон расиду аз чунин зану оиладорӣ безор шуд. Охир бо ягон роҳ худро ба зиндагӣ ром сохтаву аз паи рӯзгор шуда натавонистам. Дар давоми панҷ сол дар ҳавлии шавҳар чун соя даромадаву баромада, ба ҳама бе фарқ, шабу рӯзам танҳо ба ёди ӯ, симояш пеши назар буд.

Агар ин хонавайронӣ барои аҳли оилаву пайвандонам бадбахтиву фоҷиа шуда бошад, ба ман раҳоӣ аз марди дилнохоҳу ҳаёти дилгиркунанда ва хушбахтӣ буд. Зеро тӯли ин солҳо маҷбуран паҳлӯи марде бо ёди дигаре зистан басо талху гунаҳ буд. Мани акнун озод танҳо бо ёди ӯ мезистам. Боре ҳам орзу накардам, ки ӯ низ маро дӯст дораду роҳамро интизор шавад. Умед ҳам надоштам, ки дар кӯчабоғи ошиқон қадам бо ман гузорад. Ягона хоҳишу илтиҷоям аз Яздони пок ин буд, ки аз дур ҳам бошад, ӯро бинаму танҳо бо ёдаш хушҳолона бизиям.

Тақозои давру урфу одати маҳаллӣ имкон намедод то бо чунин тарз зиндагиву кор намоям. Баҳри халосӣ аз чунин муҳит ва раҳоӣ аз ғайбати мардум бо баҳонаи таҳсил ва аз ишқи бе самару бебарору бе ҷавоби ниҳонӣ гурезон то дуриҳои дур рафтам. Аммо ҳеҷ ба гӯшаи хотир ҳам наоварда будаму умед ҳам надоштам, ки пас аз 15 соли ноумедиҳо дар хориҷи кишвар ногаҳ, ғайричашмдошт, тасодуфан Худои меҳрубон ману ӯро рӯ ба рӯ месозад. Шояд ин вохӯрии тасодуфӣ барои ӯ ҳеҷ қадру арзише надошт, вале ман аз ҳаяҷон гулӯгиру гирён қариб рози ниҳонамро ошкор месохтам. Намедонам аз ҳолати ман чизеро пай бурд ё на, вале ба оғӯшаш сахт зер карда, аз сару рӯю лабонам бӯсид. Ман аз ҳаяҷон ларзида, бо дарки он, ки ин ҳолат беш аз як лаҳза нахоҳад буду ӯ аз ман нест, тарсида бо тезӣ аз оғӯшаш раҳо ва аз наздаш дур шудам. Он рӯз ба муроди дил расида, дер ҳам бошад, бори аввал аз лаззати оғӯшу бӯсаҳояш баҳравар гаштаму бо ёди ӯ боз шаш соли умрамро сипарӣ кардам.

Бо исрори қатъии волидон:

–То кай умратро беҳуда мегузаронӣ, дар пирият ба ту фарзанд лозим. Мо зиндаему дар ин хонаву ҳавлӣ меғунҷӣ, пас аз сари мо танҳову дар ба дару мӯҳтоҷ мешавӣ! -маҷбуран бори дуввум шавҳар кардам. Ҳарчанд ба тақдир тан дода, зиндагиро пеш мебурдаму модари ду фарзанд шудам, лек дили девонаам асло ром нагашту танҳо ёди ӯро мекард. Аз бемеҳрӣ нисбати шавҳар ҳатто меҳри модарӣ ба фарзандон надоштаму аз рӯзи таваллудашон ба онҳо шири сина надодам. Ҳар гоҳе фарзандонам наздам омада, ба оғӯшам медаромаданд, чашмонамро пӯшида, сарашонро силакунон бо алам аз дил мегузаронидам: Кош падарашон ӯ мебуд.

 

Намедонаму наметавонам ин рафтори хешро чӣ гуна шарҳ бидиҳам. Магар ин девонагии як зане, ки ба умеди ишқи яктарафаи беҷавоб хонаашро сарду донаҳои хирманашро ба бод медиҳад, нест?! Боз намедонам чаро солҳои зиёд ҳамсарам ба ин рафтори аблаҳонаам сабр карду дӯстам дошту эътирозе накард. Боре дар ҳолати сархушияш суолам кард:

-Дар тамоми солҳои ҳамзистӣ ман гӯё дар паҳлӯи худ на зан, ки чароғи хонадон, гармию нармибахшандааш мегӯянд, балки яхпораи уқёнус ё симчӯби оҳание доштам. Чаро бо тамоми меҳру муҳаббату самимиятам натавонистам заррае муҳаббататро соҳиб шавам? Чаро дили ту ба ману фарзандонам гарму нарм нашуд?

Бе ҳеҷ тасру ҳарос гуфтам:

-Ман каси дигарро дӯст медоштаму то ҳол дӯсташ медорам.

Боз пурсид: -Он хушбахт кист, ки сазовори чунин дӯстдорӣ гаштааст?

Азбаски фарзандон наздамон буданд, ба ин марди хуб, ки мехост бароям тамоми хушиҳои ҳаётро фароҳам орад, хиҷолатзада дурӯғ гуфтам:

-Аҳмад Зоҳир.

Намедонам он рӯз ин посух ӯро қаноатманд сохт ё на, вале ҳама аҳли оила медонист, ки ман ҳамеша сурудҳои ин булбули шарқро гӯш мекардам.

Бо вуҷуди чунин сахт дӯст доштанам, боре ҳам кӯшише накардам то ӯ аз ин рози ман ман огаҳ шавад, чунки ба пиндори ман ӯ марди аз бахти хеш осудаю хушбахт буд. Барои ман бошад, ба ивази ишқи 50-солаи худ дар се вохӯрии тасодуфии чандлаҳзаина ба оғӯш гирифта бӯсиданаш кофӣ буд ва ба ёди ин лаҳзаҳо умре худро саодатманд меҳисобидам. Гумон доштам, ки агар рӯзе марг дарамро кӯбад, пешаш дилу ҷони аз ишқаш лабрезамро гузошта, ҳангоми рафтанам аз ин дунё шод мешудам, ки вуҷуди пур аз меҳри ӯро мебарам. Чанд сол пештар шавҳари ман ва дертар ҳамсари ӯ аз олам рафтанд ва дар чунин ҳол низ боре дар бораи ӯ фикр накардаву дар тамос нашудам, чунки соламон аз 60 гузаштаю қариб ба 70 расида истодааст.

Аслан ман ҳаргиз дар бораи ишқи бесомони худ на танҳо ба ӯ, ҳатто ба наздиктарин нафарам низ ҳарфе нагуфта будам. Вале занги имрӯза водорам сохт, то парда аз асрори хеш бардорам. Ҳарчанд солҳо дур аз ӯ пеши дигарон будам, аммо ҳамеша ёдаш мекардаму симояш пеши рӯям, то ҳол дӯсташ медораму сӯзи диламро худам медонам. Вале алҳол дар кори хеш ҳайронаму намедонам ӯро қабул намоям ё на…

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД