gazprom august 2025
Ишқи бе сарҳад
28.08.2025
Oila.tj
147

Агар домод ё арӯс хориҷӣ бошад, ақди никоҳ чӣ гуна баста мешавад?

Ишқи духтари тоҷик ва ҷавони эронӣ

Салом! Ман ҷавондухтари 22-солаи тоҷик ҳастам ва Маҳтоб ном дорам. Падару модарам дар як деҳаи дурдасти кӯҳистон зиндагӣ мекунанд, вале бахт ба рӯйи ман хандида, ба яке аз донишгоҳҳои бонуфузи пойтахт дохил шудам.    Азбаски духтари зебои хушқаду қомат ҳастам, ҳанӯз аз курси аввал ҷавонони зиёде ба ман бо ҳавас нигоҳ карда, думболам мегаштанд, изҳори муҳаббат менамуданд, аммо бо амри тақдир ба Порсо ном ҷавони эронӣ ошиқ шудам. Муддати се сол мешавад, ки мо ҳамдигарро дӯст медорем ва аҳд кардаем, ки риштаи тақдирамонро бо ҳам пайваста,оилаи солим бунёд намоем. Порсо бо нияти таҳсил ба кишвари мо омадааст ва инак чанд сол мешавад, ки дар Тоҷикистон зиндагӣ мекунад. Дӯстдоштаам ҷавони зебои хушахлоқ, меҳрубон, ботарбия ва бовиҷдон аст ва ман ӯро барои ҳамин хислатҳои некаш дӯст медорам. Волидони Порсо имсол ба Тоҷикистон омаданӣ ҳастанд ва ӯ мехоҳад онҳоро ба хонаи мо хостгорӣ фиристода, бо риояи тамоми расму оин ва тӯю тамошо маро ба занӣ гирад, вале ҳайронам, ки ба ӯ чи ҷавоб диҳам, зеро тартиби бастани ақди никоҳро бо хориҷиён намедонам. Донистан мехостам, ки оё шаҳрвандони Тоҷикистон метавонанд бо шаҳрвандони хориҷӣ дар асоси қонун оила бунёд намоянд ё не?

Бо эҳтиром: Маҳтоб

Воқеан ишқу муҳаббат сарҳад надорад ва инсон метавонад бахти худро дар симои шахсе пайдо кунад, ки аз кишвари дигар аст, вале оё қонун барои ба ҳам пайвастани ду дилдода дар чунин ҳолатҳо иҷозат медиҳад? Барои ба ин савол посух гирифтан мо ба ҳуқуқшинос Холида Шомирзоева муроҷиат намудем.

- Холидабону, сароғоз мегуфтед, ки оё шаҳрвандони Тоҷикистон метавонанд бо шаҳрвандони хориҷӣ издивоҷ намоянд?

- Бале, издивоҷ намудан ва оила бунёд кардан ҳуқуқи фардии ҳар як шахс буда, тибқи қонунҳои амалкунанда шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон низ мисли зодагони дигар кишварҳо албатта ҳуқуқ доранд натанҳо бо шаҳрвандони Тоҷикистон, балки бо шаҳрвандони хориҷӣ низ издивоҷ намоянд, аммо ақди никоҳ бояд бо риояи талаботҳои қонунгузорӣ баста шавад.

- Қонун барои бастани ақди никоҳ бо шаҳрвандони хориҷӣ чи шартҳоро пешбинӣ намудааст?

- Тартиби бастани ақди никоҳ бо шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бетабаа дар моддаҳои 167, 168 ва 169-и “Кодекси Оила”-и Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон дода шудааст. Шартҳои асосии бастани ақди никоҳ бо шаҳрвандони хориҷӣ инҳоянд:

1. Розигии дуҷонибаи зан ва мард барои бастани ақди никоҳ;

2. Расидан ба синну соли никоҳӣ, яъне 18-солагӣ;

3. Бо шахси дигар дар ақди никоҳ қарор надоштани никоҳшавандагон;

4. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мавҷуд будани сафорат, намояндагӣ ё консулгарии кишваре, ки яке аз никоҳшавандагон шаҳрванди он давлат мебошад;

5. На камтар аз 12 моҳ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон зиндагӣ кардани домод ё арӯси хориҷӣ;

6. Бастани Аҳдномаи никоҳ (Брачный контракт);

7. Гузаштан аз ташхиси ҳатмии тиббӣ.

- Яке аз никоҳшавандагон шаҳрванди хориҷӣ бошад, ақди никоҳ тибқи қонунгузории кадом кишвар баста мешавад?

- Шакл ва тартиби ақди никоҳ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.Ҳангоми бастани ақди никоҳ нисбати ҳар як никоҳшаванда шартҳои ақди никоҳ тибқи қонунгузории кишваре, ки шаҳрванди он мебошад, татбиқ карда мешаванд, вале бо риояи ҳатмии талаботи қисми 3-и моддаи 12 ва моддаи 14-и Кодекси Оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон.

- Шаҳрвандони хориҷӣ метавонанд бидуни бастани аҳдномаи никоҳ (Брачний контракт) бо шаҳрвандони Тоҷикистон оила бунёд намоянд?

- Бастани аҳдномаи никоҳ ҳангоми издивоҷ бо шаҳрвандони хориҷӣ ҳатмӣ мебошад. Бидуни ин ҳуҷҷат ақди никоҳи шаҳрванди хориҷӣ бо шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта намешавад.

- Аҳномаи никоҳ байни шаҳрванди Тоҷикистон ва домод ё арӯси хориҷиаш дар куҷо баста мешавад?

- Аҳдномаи никоҳ пеш аз бақайдгирии ақди никоҳ дар мақомоти сабти асноди њолати шањрвандї дар идораи нотареалӣ, яъне нотариюс баста шуда, чанд шарти асосӣ дорад, аз ҷумла, таъмин намудани ҳамсар, таъмин намудани фарзандоне, ки дар оянда аз ин никоҳ ба дунё меоянд ва таъмин намудан бо манзили зист. Шаҳрванди хориҷӣ ӯҳдадор мебошад, ки ҳамсарашро бо манзили зист таъмин намояд, яъне барояш хона харад.

- Шаҳрванди хориҷӣ, агар муввақатан, масалан барои тиҷорат ё кори дигар ба мӯҳлати 3-4 моҳ ба Тоҷикистон омада бошад, бо шаҳрванди Тоҷикистон оиладор шуда метавонад?

- Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин роҳ намедиҳад, зеро бунёди оила масъалаи ҷиддӣ буда, натанҳо сарнавишти ду инсоне, ки никоҳ кардан мехоҳанд, балки сарнавишти кӯдакони ояндаи онҳо низ аз пойдевори ин оила вобастагӣ дорад. Барои издивоҷ бо шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳрванди хориҷӣ бояд на камтар аз як сол дар Тоҷикистон зиндагӣ карда бошад, ҳатто 11 моҳу 29 рӯз зиндагӣ карда бошад ҳам, қонун иҷозат намедиҳад, то 12 моҳи расо пур нашавад.

- Аҳди никоҳи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шаҳрванди хориҷӣ, ки дар намояндагии кишвари хориҷӣ ба қайд гирифта шудааст, эътибори қонунӣ дорад ё не?

- Бале, мувофиқи банди 2-и моддаи 168-и “ Кодекси Оила”-и Ҷумҳурии Тоҷикистон, ақди никоҳ бо шаҳрвандони хориҷӣ, ки дар намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулии кишварҳои хориҷӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон баста шудаанд, қобили эътибор дониста мешавад.  

- Маслиҳати шумо ҳамчун ҳуқуқшинос ба шахсоне, ки мехоҳанд бо шаҳрвандони хориҷӣ издивоҷ намоянд?

- Тавсияи ман ҳамин аст, ки ба оиладоршавӣ хеле ҷиддӣ муносибат намуда, қабл аз издивоҷ ҳама чизро дар тарозуи ақл баркашанд ва ҳатман дар асоси қонун ақди никоҳ банданд, то оилаашон таҳти ҳимояи давлат қарор гирифта, аз ояндаихуд дилпур бошанд.  

Маводи мазкур дар доираи лоиҳаи «Ислоҳоти низоми САҲШ»-и БРСММ таҳия шудааст, ки дар якҷоягӣ бо Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии молиявии Ҳукумати Швейтсария амалӣ карда мешавад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД