Машғули хондани китоби бадеӣ будам, ки ба ногоҳ занги дар садо дод. Ҳайрон шудам, ки дар ин рӯзи истироҳат кӣ ёди мо кардааст. Дарро кушода, дар рӯ ба рӯям духтараки зардинаи мавзунқоматеро дидам. Меҳмони ношинос бо чашмони маҳзун ба ман менигарист, вале чӣ гуфтанашро намедонист. Аз ваҷоҳаташ аён буд, ки дарди ҷонсӯзе дар сина дорад, вале ба гуфтанаш ҷуръат намекунад. Бо чӣ мақсад ба дарам омаданашро пурсон шудам, духтарак гиря карда гуфт:
-Акаҷон, хонаи шуморо ба ман нишон дода гуфтанд, ки журналистед. Шояд дарди дили маро фаҳмида метавонед?
-Дар дунё ягон дарди бедармон нест. Ба хона дароед, канӣ шунавем, ки чунин духтари зебою боодобу ширинзабон чӣ дард дорад.-Муқаддимаи дилхароши меҳмон, ки Маҳина ном доштааст, маро бештар ба ҳайрат овард ва хоҳиш намудам, ки ошкортар гап занад. Маҳина оҳи сард кашида, сарнавишти талхашро чунин қисса кард: Фаёз ном ҷавонеро дӯст медоштам. Холааш дар ҳамсоягии мо мезист ва Фаёз ҳар бегоҳ бо баҳонаи хабаргирии ӯ ба назди ман меомад. Шомгоҳе як гуруҳ бачаҳои ҳамдеҳаам ману Фаёзро ҳангоми мулоқоти ошиқона дастгир намуда, чунон лату кӯб карданд, ки қариб мурда будем. Зориву илтиҷо намуда гуфтем, ки ягон кори бад накардем, моро сар диҳанд, вале онҳо ба ҳарфамон гӯш накарда, ҳардуи моро дар сутуни ғафсе бастанд ва рафта падару бародарони маро оварданд. “Ҳардуяшонро то шикастани дасту пойҳояшон лагадкӯб кунед”,- амр намуд падарам ба бародаронам ва ба рӯйи ман туф карда рафтанд. Бародаронам чунон моро заданд, ки фиғонамон ба фалак дакка хӯрд. Ҳама мардуми деҳа аз ҳодисаи рӯйдода бохабар гашта бошанд ҳам, касе тарафи моро нагирифт. Болои сӯхта намакоб гуфтагӣ барин, падарам маро оқ кард. Моро писари тракторчии деҳаамон дар ҳолати бисёр вазнин ба шаҳр оварда, дар беморхона бистарӣ намуду рафт. Қариб як моҳ табобат гирифта, ҷони дубора ёфтем. Азбаски дари хонаи падар дигар барои ман занҷирбанд буд, ҳамроҳи Фаёз хонаеро иҷора гирифтем, то дар кӯча намонем. Фаёз маро сидқан дӯст медошт, вале модару хоҳаронаш аз ҳодиса бохабар шуда омаданду ҷангу ҷанҷол бардошта, зӯран ӯро аз ман ҷудо карда ба хонаашон бурданд. Намедонам ба вай чиҳо гуфтанду чӣ карданд, ки дигар маро на дидан мехоҳаду на шунидам. Занг занам, дашном дошта телефонашро хомӯш мекунад. Танҳову зор монда ба куҷо рафтанам
ро намедонам!
Маҳинаро таскин дода гуфтам, ки навмед нашавад, албатта ягон илоҷашро меёбем. Рӯзи дигар қиссаи ин Маҳинаро дар идора нақл карда, маслиҳат пурсидам. Бо кӯмаки сардабири «Оила» барои ин духтараки дар чорсӯи зиндагӣ танҳо монда аз маҳфили шиносоии “Лайлӣ ва Маҷнун” шавҳари хубе ёфтем.
Имрӯз Маҳина соҳиби зиндагии обод аст ва мегӯяд:
Фаёз, бе ту ҳам зиндагии обод насибам гашт. Худоро шукр мегӯям, ки шавҳарам мисли ту ноинсофу номард нест!