arzon replenishment
Ишқи аҳриманӣ Қисми 3
2224

-Акнун, чи кор мекунем?

-Намедонам, бехтараш ман чавоби туро медихам.

-Бигузор…ашк гулугираш кард.

-Рав, Парвина, бахти худатро дарёб, ба ту чавоб

Хуршед тез-тез кадам монда ба суйи истгох рафт. Парвина дар руйи сабза нишаста гирист. Акнун аник дарк кард, ки уву тифли шикамаш ба касе даркор нест. Сари эхсос ба хона омада, дари хоначаро аз дарун кулф карда ба сараш аз фонуси бобои керосин рехт. Гугирдро гирифта бе истихола онро алов зад. Алови маргро ба танаш партофт. Чонаш сухт, устухонхояш ба дард омаданд, тифли шикамаш аз оташи сузон меларзиду бефигон мегирист. Парвина чунон дод зад, ки хатто хамсояхо давида омаданд. Модар гулхани сузонро байни хавли дид, ки чонсарак ин тараф он тараф медавид. Ба болояш кампал пушонид. Мошини ёрии таъчили сари вакт расида омад. Парвинаро ба беморхона бурданд. Муддати шаш мох Парвина дар шуъбаи эхё хоб буд. Замира бо Хуршед ба хабаргирии у омаданд. Аммо Парвина касеро дидан намехост. Дар ин шаш мохи азобу печидану чаррохихо у ягон бор симои худро дар ойина надида буд. Вакте, ки сарашро бардошту дар шишаи рангаи тиреза симои дахшатноки бадвохимаро дид, дод зад. Хамшираи шафкат давида омад.

-Чи шуд апа?

-Касе пушти тиреза истодааст.

-Ин чо ошёнаи панчум аст, касе нест. Шояд ба назаратон намудааст. Дилаш факат об мехост, вале духтурон мувофики меёри муайянгардида ба у об менушонданду халос.

Парвина аз Хуршед сахт ранчуру дилшикаста буд. Доимо охи сард мекашиду уро дуои бад мекард. Акнун баъди каме хушёр шудан тифли шикамаш ба ёдаш омад. Даст ба шикамаш бурд. Аммо он гармии пешинаро эхсос накард.

-Хохар, тифли шикамам кучо шуд?

-Мутаасифона тифлатонро начот дода натавонистем.

-Ох мани сарсахт…Аз ягона хушии зиндаги худро махрум сохтам.

-Ин кадар духтари хушру, чаро ин беаклиро кардед?

-Чунки..у дигар чизе нагуфту ба дастони сухтаву пажмурдааш нигарист. Он зебоиву таровати пешинаи дастонаш боќи намонда буд. Парвина ба тамоми дунё нафрат дошт. Аз зинда монданаш гамгин буд, чунки дигар дар ин дунё дилгармие надошт. Холо намедонист, ки он шабаҳи вахмангезе, ки аз шишаи ранга ба у менигарист, худи уст. Парвина ба модар гуфт, ки айни замон касеро дидан намехохад. Замира хайрон буд, ки чаро апааш уро дидан намехохад, Хуршед бошад аз шарм дигар ба беморхона наомад.

Ба Хуршед дустонаш аз Русия занг зада, гуфтанд, ки зудтар биёяд, кори равганин ёфтаанд. Хуршед ба хамсараш гуфт, ки мераваду баъди шаш мох бармегардад. Хуршед ба мухочират рафту ахволи Замираи ҳомиладор руз ба руз бадтар шудан гирифт.

ххххх

Парвинабаъди аз беморхона ба хона чавоб шуда омадан тамоман бо касе гап намезад. Чехраи сухтагиву бадафташро дида , зиндаги барояш арзишашро гум карда буд.

ххххх

Баъди се мохи рафтанаш Хуршед якбора бедарак шуд. Хонаводаи у ба тамоми чурахои Хуршед занг зада, уро чуё мешуданд, вале аз Хуршед дараке набуд.

Замира дар мохи охирини хомиладори карор дошту вазъияташ хеле бад буд. Баъди ташхиси тибби аник гардид, ки Замира ба дарди бедавои саратон гирифтор аст ва хомиладор шуданаш мумкин набудааст. Духтурон гуфтанд, ки кудакро тарики чаррохи гиранд хам, мурданаш мумкин аст.

Замира вактхои охир дилаш сиёх шуда аз пешомади баде гувохи медод.

Рузе, ки Замираро ба беморхона мебурданд, аз Русия занг зада гуфтанд, ки часади Хуршедро аз таххонае ёфтаанд. Сабаби мурданаш аз хад зиёд истеъмол кардани маводи мухаддир будааст.

Ин хабар ахли оиларо ба тааччуб андохт, охир Хуршед аз ин корхо хазар мекард. Шояд ин часади дигар кас бошад. Аммо вакте, ки часади Хуршедро аз Русия ба ватан интикол доданд, аз ду чаккаи биниаш зардоб мерехту то вакти гур кардан катъ намегардид.

Ин хангом Замира дар беморхона буд. Таввасути чаррохи тифлро гирифтанд. Тифл духтарча буд.

Пас аз се соати таввалуд карданаш фишори хуни Замира баланд шуда, гурдахояш аз кор монданд. Таббаш баланд шуд ва ин оламро бо дили ғамноку армонӣ тарк кард.

Пас аз марги Замира тифлро модараш гирифта ба номи худаш гузаронид. Рузхои аввал Парвина ба тифлактамоман наздик намешуд, аммо шабе аз садои гиряи кӯдак бедор шуда гахвораро чунбониду зери лаб алла гуфт.

Хамин тавр Парвина ба кӯдак мехр басту дигар бе у лахзае истода наметавонад, аммо ишки захмини Хуршед ва алами ғӯррамаргии хохараш дар дилаш мисли захми сӯзоне боқӣ мондааст...

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД