arzon replenishment
Ишқи аҳриманӣ Қисми 1
2443

 

Парвина баъди аз Русия баргаштан хаёливу хотирпарешон гашта бо касе гап намезад. Модараш дар танхои пурсид, ки чи дарде дори? Чи шуд ба ту?

-Очачон, ман хомиладорам.

-Ваҳ, шӯрам хушк шавад! Аз кӣ?

-Ман дар мухочират ба як чавони точики худамон ба шавхар баромадам.

-Пас, чаро моро огох накардӣ?

-Рости гап, тарсидам. Ният доштем, ки пул чамъ карда ба хона баргардем ва дар ватан тую тамошо кунем.

-Чавон кисту аз кадом авлод аст?

-Чавон аз махаллаи Хаёти нави пойтахт аст, аммо дар бораи хонаводаашон хамин кадар медонам, ки оилаи серфарзанданду падарашон муаллим кор мекардааст.

-Э духтари содаи оча, як бор аз мо напурсидаву дуо нагирифта ба мухочират рафти, бас набуд, ки боз бе ичозат ба шавхар баромади?

-Очачон, шумо хам маро таъна накунед. Дар ин дунё гайри шумо дигар хамрозе надорам. Хохарам ин гапхоро намефахмад.

-Духтарам, ин кудакро чи кор кардани хасти?

-Таввалуд мекунам.

-Охир падараш кучост?

-Пайрав холо дар мухочират аст.

-О зангаш зан, биёяд.

-Холо пул надорад.

-Пеши хешу табору хамсояхо чї мегуем? Бе шавхар таввалуд карданат магар бахти хохари шавхар накардаатро намебандад?Бехтараш, кудакро искоти хамл намову моро аз шармандаги рахо соз. Кош дар вакташ худованд ба чойи ду духтар ду писарам медод. Кош…

-Очачон, ин хел нагуед. Агар чунин рафтор кунед, худро мекушам.

-Шуд, шуд, чи хеле ки мехохи, кардан гир.

Парвина гирякунон ба хонаи хобаш даромаду худро руйи бистар партофт. Хохараш ин дам аз дар нигох карда пурсид:

-Апачон, чи   гап шуд? Тинчи аст охир?

-Кош тинчи мебуд-зери лаб пичиррос зад Парвина.

-Не, хеч гап нашудааст. Дилам зик аст.

-Апачон, ман бо як чавон шинос шудам.

-Охо, кани инчо биё шин, ба ман накл кун.

-Апачон, аввал шумо ашки чашмонатонро пок кунед.

-Ана, ман ором шудам. Туро гуш мекунам.

-Дируз баъди аз дарс баромадан ба кули комсомол хамрохи хамсабакон ба тамошо рафтем. Хангоми ба аргунчакхо нишастан сарам тоб хурду худро бад хис кардам. Ногахон як чавони кадбаланди зебову хушрафтор ба наздамон омада пурсид, ки ба ман чи шудааст. Гашта ба руяш нигох кардаму гумонам, ки солхои сол ин чавонро мешиносам. Чавон гуфт, ки агар кумак даркор бошад, мерасонад. То ба хона моро бо мошинаш овард. Номаш Хуршед будааст.

-Ачиб ку хохараки ширини ман. (ин лахза дилаш ларзид, охир шавхари дар мухочират кардааш Хуршед ном дорад)Худо бахтатро дихад, аммо эхтиёт шаву ба гапхои булхавасонаи ягон чавон бовар накун. Ба ёдаш кади баланду табассуми малехи Хуршедаш расиду ашк гулугираш кард.

-Апачон, ман аввалин бор дар хаётам бо чавоне хамгап шудаам.

-Майлаш хохаракам, баъд дар ин бора сухбат мекунем. Раками телефонатро ба ин чавон додаи?

-Бале, апачон.

-Агар раваду занг зада хоњиши вохурдан кунад, гуй ки агар зангир боши, ба хонаамон хостгор фиристон.

-Охир, апачон, аввал шуморо ба шавхар медихем, баъд навбати ман.

-Ман кайхо дар Русия шавхар кардаам..-боз зери лаб гуфт Парвина.

Парвина раками телефони Хуршедро гирифт. Аз он тарав хомуш буд телефони мобили.

…Худоё, кучо шуда бошад азизи дили ман. Ду мох аст, ки аз худ хабаре намедихад. Хатто намедонам, ки нишонии аникаш дар кучост?

Парвина синну солаш ба 30 расиду ханузам шавхар накарда буд. Як дугонааш ба мухочират рафту шавхар карда сохиби хонаи обод шуд. Аз ин ру Парвина ба модару хохараш чизе нагуфта азми Русия кард. Ба назди як хамсинфаш барои кор рафт. Хамсинфаш дар шахри Маскав бо шавхараш зиндаги мекард. Уро хуш пазирои карда , дар як ошхона ба хайси табакшу ба кор мононд. Парвина софдилона кор карда пул меёфт. Дар хамин ошхона чавоне бо номи Хуршед хар руз ба хайси ронанда махсулот меовард. Дар хамин чо харду шинос шуда ошики карданд. Хуршед гуфт, ки биё никохи мусулмони карда хонаи ичораи алохида гирем. Парвина рози шуда гуфт, ки агар ба ватан раванд, тую тамошо мекунанд. Хуршед рози шуд. Аммо дар дилаш ин чавони 25 сола тамоман дигар ният дошт. Парвина барои у дар мухочират зарур буду халос. Нияташ тамоман дигар буд. Пули туйро чамъ карда аз ватан ягон духтари дилхохашро бо тую тамошо зан кардани буд.

Давом дорад

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД