arzon replenishment
Ишқамро чӣ гуна баргардонам?
21.12.2024
ОИЛА.ТҶ
1949

Абдулло ном ҷавонеро дӯст медоштам. Мо ошиқи зори ҳамдигар будем, ки тасвираш имкон надорад. Абдулло маро ҳар субҳ ба донишгоҳ бурда, баъди дарс ба хонаамон меовард. Кӯшиш мекардам, ки гапи Абдулло берун набароям, вале як кори беақлонае, ки аз рӯйи ҳавою ҳаваси ҷавонӣ кардам, ба сари ишқамон об рехта, моро аз ҳамдигар ҷудо кард.

Абдулло бо мақсади маро санҷидан аз рақами ношиносе ба ман занг зада, худро ҳамчун Рустам муаррифӣ намуд ва чунон суханҳои ширине гуфт, ки мум барин обу адо шуда мондам. Мани сода дарҳол ба вохӯрӣ бо Рустам розигӣ додам ва рӯзи дигар ба ҷойи таъиншуда равон гаштам. Дар роҳ будам, ки Абдулло занг зад. Барои он ки Абдулло овозҳои бегонаро шунида, дар хона набудани маро пай набарад, телефонро набардоштам ва ба ӯ паёмак навиштам, ки падарам дар хона аст. Мутмаин будам, ки вай ба ин дурӯғи ман бовар кард, вале...

Дар хараки боғ нишаста, Рустамро интизор будам, ки ошиқам Абдулло пайдо шуд. Хостам дар боғ дугонаамро интизорам гуфта худамро сафед кунам, вале Абдулло ба ман имкон надод, ки ҳатто даҳонамро кушоям. Вай бо нафрат ба ман нигариста, “Хиёнаткор будаӣ, дигар дар чашмам натоб” гуфту ба пушташ нигоҳ накарда рафт. Гириста-гириста аз боғ баромадам ва беҳолу бемадор ба хона омадаамон омада ба ӯ паёмак навиштам ва бахшиш  пурсидам, аммо ба паёмакҳоям ҷавоб надод, чанд маротиба телефон кардам, гӯшакро набардошт.

Одамизод шири хом хӯрдааст ва хоҳ-нохоҳ баъзан дар зиндагӣ ягон кори хато мекунад, аммо Худованд бо ҳама қудрату бузургиаш гуноҳи бандагонашро мебахшад. Чаро Абдулло як гуноҳи кӯчаки аз беақлӣ содиркардаи маро бахшидан намехоҳад? Чаро барои як суҳбати телефонӣ ниҳоли ишқамонро решакан кардан мехоҳад?

Хонандагони азиз, чӣ гуна ёрӣ аз даст рафтаамро баргардонам? Абдуллоро чӣ тавр бовар кунонам, ки ман ӯро воқеан дӯст медорам ва дигар ҳеҷ гоҳ чунин беақлӣ намекунам? Илтимос, кумакам кунед, ки бинои ишқамро аз вайронӣ наҷот диҳам. Аз Абдулло ҷудо шудан барои ман баробари ба марг таслим шудан аст. Интизори маслиҳатҳои шумоям. 

З., ш. Душанбе

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД