arzon replenishment
Ишқ не, доми бало Қисми 1
1785

Кайҳост, ки мехоҳам зиндагиномаи падарамро рӯи коғаз биёрам, то мардони дигар, он бародароне, ки фаҳмидаю нафаҳмида, ба тори макри фоҳишае дармемонанд, дарси ибрат шавад.

Азбаски падарам дар қатори ҳафтаворҳои сиёсӣ, «Оила»-ро низ мехонданду ба мо мегуфтанд, ки ин газета ҳақиқати зиндагии инсонҳоро менависад, қарор додам, номаи дардамро маҳз ба ҳафтавори шумо менависам.

Падари ман марди қоматбаланди хеле зебо, рустамбозу, паҳлавони гӯштингир ва полковники милиса буд. Шумо тасаввур кунед, ки то полковник шудан як милисаи оддӣ чӣ қадар заҳмат мекашад, вале…

Мо дар оила ҳашт нафар будем, аз ҳамдигар як солӣ фарқ доштем, модарам ба кору бори ҳавлии калон ва серфарзандияш нигоҳ накарда, ҷавону зебо метофт, падарам ӯро дӯст медошту ҳурмат мекард.

Нисбати мо- чор духтару ду писараш ончунон меҳрубон буд, ки ногуфтанӣ, ҳарчанд корманди ҳифзи ҳуқуқ буду вақти кам дошт, вале кӯшиш мекард, ки меҳрашро ба сари мо арзонӣ бирезад. Аз чизе камбудӣ надоштем, хонаи дуошёнаи зебои пурҷиҳоз, падару модари меҳрубон ва зиндагии серу пур, вале бо ақли кӯдаконаам дарк мекардам, ки модарам аз чизе ҳамеша маҳзун аст.

Падарам аксар шабҳо ба хона намеомад, вале бо омаданаш ба манзиламон нуру сафо медаромад, ӯ ҳар яки моро ҷудогона навозишу дӯстдорӣ карда, бароямон ҳадяҳо мебахшид, агар гиряҳои пинҳони модарамро ба инобат нагирем, мо зиндагии хушбахтона доштем.

Падарам хеле зуд дар зинаҳои мансаб боло мерафту ӯро дар як ноҳияи сарҳадӣ сардор ё ба қавли маъмул «началники милиса» монданд. Акнун ӯ танҳо рӯзҳои шанбею якшанбе ба хона меомаду халос, боре ӯ ба модарам гуфт:

- Сафияҷон, биё ҳамроҳи ман ба ҳамон ноҳия равем, кӯдакон пеши чашмам, худат ҳам…

Аммо модарам розӣ нашуд, “ҳавлию дарамро ба кӣ партофта меравам” гӯён, таклифи падарамро рад кард. Солҳои баъд аз ҷанги шаҳрвандӣ буду модарам аз бурдани кӯдаконаш ба ноҳияи дурдаст метарсид, инро баъд худаш ба ман гуфт. Баъд аз чанд моҳи кораш дар ин ноҳия овоза омад, ки падарам духтараки ҷавонеро зани дуюм карда гирифтааст. Модарам чанд вақт хомӯш гашту баъд косаи сабраш лабрез шуда, бо падарам ҷангу ҷанҷол бардошт. Падарам оромона гуфт:

- Ман ба ту гуфтам, ки биё ҳамроҳам рав, нарафтӣ, маҷбур шудам. Хоҳӣ, ҳамин, нахоҳӣ…

-Нахоҳам чӣ, маро мепаронӣ? Дар ҳамин ҷо фоҳишабозӣ карданат бас набуд, ки боз аз болоям зан гирифтӣ,- бо гиря эътироз кард модарам. Аммо падарам чизе нагуфта, аз хона баромад, ӯ зани дигар гирифта бошад ҳам, мисли ҳарвақта ба хона меомад ва меҳраш ба мою модарам зарае кам нашуда буд.

Ман дар синфи ҳаштум мехондам ва падарам боре маро ҳамроҳаш ба ҷои кораш бурд ва ман бо зани ӯ духтараки ҷавони хубчеҳра ва хеле меҳрубон ду моҳ зиндагӣ кардам. Ӯ худро назди модари ман гунаҳгор меҳисобиду такрор ба такрор мегуфт:- Насиб ҳамин будааст.

Як шаб падарам ба Лайло (зани дуюмаш чунин ном дошт) гуфт, ки тайёрӣ бинад, имшаб меҳмон меояд. Ману Лайло дукаса хеле заҳмат кашида, дастархон оростем, меҳмон зани сафедпӯсти қоматбаланди зебое ҳамисинну соли модарам буд. Ҳамроҳаш ду марди дигар низ буданд, ӯ маро ба оғӯш кашида, меҳрубонӣ карду занҷираи тиллоии гарданашро кашида, ба гарданам баст ва афзуд:

- Ман холаи Гуландомат мешавам, ҳоло ба падарат мегӯям, ки туро ба Душанбе ба хонаи ман барад, бо духтарони ман дугона мешавӣ.

Ин ҳотамии меҳмон ба Лайло нафориду баъди рафтани онҳо бо падарам ҷанг кард, падарам гӯё маътали ишорат бошад, аз хона баромада рафту дигар наомад. Лайло зор-зор мегирист…

Давом дорад

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД