Исфандиёри Саъдулло, роҳбари нави Хадамоти алоқа имрӯз, 29-уми январ дар нишасти матбуотӣ ба суолҳои рӯзноманигорон посух гуфт.
Мавсуф дар посух ба суоли хабарнигори Oila.tj дар мавриди паст будани суръати интернет ва гаронии нархи он изҳор дошт, ки алакай сари ин масъала бо роҳбарони ширкатҳои мобилӣ суҳбат кардаанд.
- Онҳоро муваззаф намудем, ки барои беҳтар кардани суръати интернет дар ҷумҳурӣ тадбир андешанд. Бо ин мақсад дизел-генераторҳои иловагӣ насб карда мешаванд, то ки дар ноҳияҳои дурдаст низ новобаста ба маҳдудияти тақсимоти барқ мардум ба интернет дастрасӣ дошта бошанд. Мо ҳама талоши худро ба он равона карда истодаем, ки суръати интернет дар ҷумҳурӣ беҳтар ва нархаш пасттар шавад,- афзуд ӯ.