Formula novemver 2024
ИСЁНИ АРВОҲ(ҚИСМИ 2)
06.09.2021
ДИЛОШӮБ
2381

ИДОМААШ...

Омадани Тоҳир ва фармони хушдоман

Раҳми парвардигор ба мардуми азияткашидаи тоҷик омаду оташи ҷанги шаҳрвандӣ пурра хомӯш гашт. Тоҳир ва ҷамъи хешу таборон аз Қирѓизистон баргаштанд. Ҷавонмард пули хуб оварда буд ва хонаву дарашонро таъмир намуда, дар бари маѓозаи янгааш ошхонае низ кушод. Як шаб падару модараш дар оянда чӣ ният доштанашро пурсиданд ва Тоҳир гуфт:

-Ман дар пойтахт барои янгааму Моҳир хона мехараму он ҷо низ чанд маѓоза хоҳам кушод, бигузор янгаам кор кунад, баъд агар хоҳад, аз нав ба шавҳар барояд. Охир ӯ ҷавон аст, ба ивази хидматҳояш барояш хона мехарам, боқӣ паноҳаш бар Худо, вале Моҳирҷонро доим нигоҳубин мекунам. Барои худам ягон зани хуб ёбед, хонадор мешавам, умрам ҳам гузашт…

Савсан пеши писараш хуб гиристу аз ашкҳои шашқатори ӯ Асламу Тоҳир ҳам гиристанд ва баъд худашро ба даст гирифта ҷиддӣ гуфт:

- Аз Шарифа дида зани хубе намеёбӣ, янгаатро ба занӣ мегирӣ! Моҳир ҳам пеш-пеши пойи падарандар намешаваду ман ҳам дар ҳасрати Шарифа, ки аз духтарам зиёдтар дӯсташ медорам, намесӯзам.

Аз ин суханони модар ба бадани Тоҳир вараҷа дамид, чашмонаш аз сараш зада баромаданд, гӯшҳояш кард шуданд, дигар модараш чӣ мегуфт, намешунавид, фақат чашмони гирён ва лабҳои пир-пир мепаридагии ӯро медиду халос… 

  Исёни арвоҳ

Тоҳир хоҳиши модарашро қатъиян рад карда бошад ҳам, ӯ мегуфту мегирист ва оқибат ҷавонмард ба ин таклифи нанговари модар розӣ шуд. Савсан Шарифаро низ ба ин кор розӣ кард, вале келинаш бо ҳарос гуфт:

-Оча, падарам маро оқ мекунад!

Аммо хушдоман ӯро хотирҷамъ кард, ки аввал ин ҷоро тинҷ кунем, падаратро розӣ кардан ҳеҷ мушкил надорад. Баъди гирифтани ризояти ду инсони барояш азиз, Савсан ба Аслам, ки дар ин моҷаро аз вай ягон кас гап намепурсид, фармон дод, ки муллои шиносро ёфта биёрад. Ҳамон шаб Тоҳиру Шарифаро никоҳ карданд, ин ду нафари бо ҳам мисли додару хоҳар меҳрубон маҷбурӣ ҳамдигарро ба зану шавҳарӣ пазируфтанд. Шаби аввал Савсан Моҳирро бо худ гирифту Тоҳирро ба хонаи хоби келинаш роҳнамоӣ кард. Тоҳир ба хона даромад, янгааш дар кунҷаки рахти хоб бо сари хам менишаст. ӯ пуштнокӣ аз хона бадар шуд ва рӯйи кат нишаста, як қуттӣ сигорро дуд кард, гумон кард, ки Зоҳир дар рӯ ба рӯяш истода, бо қаҳр ба ӯ менигарад. Тарсид ва тез-тез қадам монда, нав вориди хонаи хоби акаашу янгааш шуданӣ буд, ки дасти боқуввате аз китфаш дошта кашид. Тоҳир ба қафо гашта, акаашро дид, бо чашмони ѓарқи хун ва дигар чизеро ёд надорад…

Чун Тоҳир ба худ омад, чил рӯз гузашта буду муллое болои сараш дуо мехонд. Ҷавон оҳиста-оҳиста ба худ омад ва фаҳмид, ки янгааш рӯзи дигар Моҳирро гузошта, ба хонаи волидонаш рафтааст. Пас аз ин воқеа Шарифа аз нав оила барпо карда, соҳиби чор фарзанд шуд, шавҳараш аз никоҳи пешин кӯдак надошту ӯро ба хотири се писару як духтараш тоҷи сар мекард. Тоҳир низ соҳиби хонаи обод шуд..

Мӯйсафеди Аслам бар асари бемори қанд оламро падруд гуфт, Тоҳир хонаву дари падариро ба Моҳир ва модараш бахшида, худаш ба пойтахт кӯч баст. Моҳир ҳозир тоҷири муваффақ асту бо зану фарзандон ва бибии меҳрубонаш зиндагӣ дорад, аз аҳволи модараш хабар мегираду дар ҳар кораш бо амакаш, ки мисли падар эҳтиромаш мекунад, маслиҳат мепурсад.  

Аҷаб гардишҳое дорад зиндагӣ….

 АНҶОМАШ...                                                                           

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД