Пайтобаи духтари раис
Савсан духтари раиси ноҳия буду ниҳоят зебо, пӯсти баданаш он қадар сафед буд, ки ба қавли кампиракон об хӯрад, аз гулӯяш менамуд.
Раис чор духтару як писар дошт, вале Савсан дар ин байн ниҳоят эркаву париноз буд. Гардиши аёмро бинед, ки духтари раис ба камбағалбачаи ронандае ошиқ шуд ва ба нею нестони падараш нигоҳ накарда, ба ӯ расид. Раисе, ки дар вилояту кишвар машҳур буду як ноҳия аз ҳайбаташ меларзид, зӯраш ба духтари худаш нарасид. Вафозодаи машҳур дид, ки намешавад, корро ба манфиати худ ҳал карда, Аслам-писари як чӯпони камбағалро ба домодӣ пазируфта, ӯро ба Донишгоҳи агарарӣ, ки он вақтҳо донишгоҳи хоҷагии қишлоқ ном дошт, дохил кард. Акнун Аслам аграноми яке аз совхозҳои беҳтарини ноҳия буд, раис хуб медонист, ки Савсани ӯ як рӯз ҳам дар хонаи хусури чӯпонаш намеистад ва аз маркази ноҳия барои духтараш ҳавличаи озодаеро харидорӣ карда дод.
Аслам ҷавони болобаланди зебо акнун ғуломи хусури раис ва пайтобаи зани соҳибҷамолу эркааш буд. Ба хонаи падари чӯпонаш хеле кам мерафт, зеро аз азал модарандарашро чашми дидан надошт. Модари Аслам хеле ҷавон аз олам гузашта буду падараш зани нав гирифта, соҳиби даҳ фарзанди дигар гашта буд. Модарандар ба Аслам ҳеҷ гоҳ номеҳрубон набуд, аммо ҷавон ӯро бад медид. Савсан гоҳ-гоҳе ба хонаи хусураш хабаргирӣ рафта, тез бармегашт. Мардум раисро таъриф мекарданд, ки духтарашро ба оилаи камбаѓале ба келинӣ дод, кам касон медонистанд, ки Савсан ба зӯр Асламро гирифта буду волидонаш розӣ набуданд. Дар ин хона гап гапи Савсан буд, Аслам ба даҳони ӯ нигоҳ мекарду аз хатти кашидаи соҳибҷамолаш берун намешуд.
Ду шаҳпар
Худованди сахиву банданавоз, ин ду дилдодаро низ аз баҳри саховаташ бенасиб намонду Савсан пайи ҳам ду писараки нозанин таваллуд кард. Зоҳиру Тоҳир дар сояи меҳри волидон ва бобои раисашон чун кафтаракон пар мезаданд. Аслам баъди тавлиди писаронаш якбора шефтаву ѓуломи Савсан гардид. Шаҳпарони падар рӯз аз рӯз қад кашида, ба ҷавонони зебо мубаддал мешуданд. Онҳо ҳар ду мактабу донишгоҳро бо баҳои аъло хатм кардаву хизмати ҳарбӣ, ки он солҳо ҳатмӣ буд, адо намуда, ба хона баргаштанд. Савсан келини зебо, вале хизматгор мекофт ва духтаракеро бо исми Шарифа аз хешони шавҳараш аз деҳа барои Зоҳир келин кард. Шарифа ниҳоят зебову хушандом аз ҳама муҳимаш ҳунарманд буд, дар як муддати кӯтоҳ дили хушдомани сернозашро ба даст оварда, саранҷоми тамоми кори хонаро ба дӯш гирифт. Савсану Аслам Шарифаро баробари ҷонашон дӯст медоштанд ва мехостанд барои Тоҳир ҳам ҳамин гуна духтар биёбанд, вале падару модари Савсан ҳангоми бозгашт аз як маърака ба садама гирифтор шуданду дар як рӯз вафот карданд. Аз ин мусибат ба сари Савсан на фикри тӯй меомаду на фикри хурсандӣ. Тоҳир духтараки дӯстдоштае дошт, ки дар омӯзишгоҳи тиббӣ мехонд, ният дошт баъди додани соли бобою бибияш модарашро розӣ карда, ба хостгорӣ мефиристад.
Ҷангу сиёҳрӯзӣ
Дар ин миён Зоҳиру Шарифа соҳиби писар гаштанд, соли раису занаш фаро нарасида, ҷанги шаҳрвандӣ сар заду кишварро мусибатхона кард. Аз тарси дастаҳои ҷангӣ тамоми ҷавонон пинҳон- пинҳон мегаштанд. Зоҳир дар соҳаи савдо кор мекарду маҷбур буд ба хотири бо нон ва маводи ниёзи аввал таъмин намудани мардум ба берун барояду чорае андешанд. Тоҳир, ки корманди бонк буд, қариб аз хона намебаромад.
Асламу Савсан мудом дар таҳлука буданд ва аз ҳаёти писаронашон метарсиданд ва дилашон гувоҳи ҳақ будааст. Як рӯз Зоҳир аз хона баромаду дигар барнагашт, мегӯянд чанд яроқдор хостаанд, ки халатҳои орди ба сехи нонпазӣ мебурдаи ӯро аз дасташ гиранд. Чун ҷавон муқобилият нишон медиҳад, ӯро баста мебаранд, баъди як ҳафта ҷасади вайроншудаи ӯро аз як таҳхона меёбанд.
Дунё дар назари волидони ҷигархун ҷаҳаннам гашт, Савсан шабу рӯз мегирист ва Тоҳирро намегузошт аз хона берун шавад. Оқибат бо кадом роҳҳое ӯро ба назди хоҳаронаш ба Душанбе ба ҷойи амнтар фиристод ва аз он ҷо ҳамроҳи пайвандонаш ба Қирғизистон гуреза шуда рафт. Дар хона Шарифаи бадбахти гирён бо писаракаш Моҳир ва хусуру хушдомани ғамзадааш монданд. Оташи ҷанги шаҳрвандӣ хомӯш шуд, Шарифа дид, ки зиндагӣ рӯз то рӯз душвор мешавад, бо ёрии хусураш дар сари роҳи калон як дӯкончаи хурди хӯрокворӣ кушод ва зиндагияшонро бо ҳамин пеш мебурданд. Оҳиста-оҳиста ӯ роҳи савдоро ёд гирифт ва мағозаашро калонтар кард.
Писаракаш сесола шуд, падару модараш гоҳ-гоҳ ба ӯ мегуфтанд, ки ба хона баргард ва шавҳари дигар намо, умратро бо ҳамин як писар хазон карданиӣ? Аммо Шарифа хусуру хушдомани ғамзадаи бачамурдаашро партофта рафтанӣ набуд. Зиндагӣ идома дошт, бо талхиву ширинӣ ва пасту баландияш.
ДАВОМ ДОРАД...