IRS ОМОДАГИРО БА МАВСИМИ САРМО ДАР ШОҲРОҲИ ДУШАНБЕ-ЧАНОҚ САР КАРД
Марҳилае, ки масъулияти масъулинро ба маъраз мегузорад
Зимистон барои масъулини соҳаҳои роҳу нақлиёт давраест, ки сатҳи омодагӣ, масъулиятшиносӣ, иқтидори техникию ташкилии сохторҳо ва қобилияти вокуниши фаврии онҳо ба ҳолатҳои ғайричашмдошт санҷида мешавад. Бориши барфи шадид, яхбандӣ, фаромадани тарма, резиши кўҳпора, омадани сел ва ғайра метавонанд на танҳо ба ҳаракати нақлиёт монеа эҷод кунанд, балки ба таъмини бозорҳо, дастрасии аҳолӣ ба хизматрасониҳои тиббию иҷтимоӣ ва робитаҳои байни минтақаҳо низ таъсир расонанд. Аз ин лиҳоз, барои кормандони “IRS”, ки нигоҳдории роҳи Душанбе - Чаноқ ба зиммаашон вогузор аст, омодагӣ ба мавсими зимистон аҳаммияти махсус дорад. Дар чунин шароит, масъулиятшиносии масъулин қодир аст басташавии шудани роҳ, тамабашвии нақлиёт, сарфи маблағҳои иловагӣ ва ба вуҷуд омадани хатар барои ҳаёти ронандагону мусофиронро пешгирӣ намояд.
Донистан муфид аст, ки омодагӣ ба зимистон дар кишварамон дорои заминаи мушаххаси ҳуқуқию ташкилӣ мебошад. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 марти соли 2026 «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2026 -2027» самтҳои асосии омодасозии соҳаҳои иқтисодию иҷтимоиро муайян мекунад. Дар асоси ин қарор Вазорати нақлиёти мамлакат 28 апрели соли 2026 нақшаи чорабиниҳоро оид ба омодасозии саривақтии соҳаи нақлиёт ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2026 - 2027 тасдиқ кард. Ин иқдом нишон медиҳад, ки омодагӣ ба фасли сармо на дар арафаи бориши аввалин, балки аз баҳору тобистон оғоз шуда, то фарорасии зимистон марҳила ба марҳила амалӣ мегардад.
Моҳияти чунин муносибат дар он зоҳир мегардад, ки пешгирии мушкилот аз бартараф кардани оқибатҳои онҳо самараноктар мебошад. Агар роҳ сари вақт аз сангу шағал тоза, ҷўйбору қубурҳои обгузар аз лойқа пок, деворҳои муҳофизатӣ санҷида ва техникаи махсус таъмир шавад, эҳтимоли қатъ гардидани ҳаракат коҳиш меёбад. Баръакс, бетафовутӣ ба чунин корҳо метавонад дар рўзҳои бориши шадид ба мушкилоти ҷиддӣ табдил ёбад. Биноан, омодагӣ ба зимистон танҳо вазифаи роҳсозон ё кормандони техникаи махсус нест. Ин масъалаи дорои аҳаммияти умумидавлатӣ буда, бо амнияти ҳаракат, суботи иқтисодӣ ва беҳтар гардидани сатҳи зиндагии аҳолӣ робитаи мустақим дорад.
Тадбирандешиҳои марбут ба ин масъала гувоҳӣ онанд, ки дар соҳа на танҳо корҳои нақшавӣ, балки вокуниш ба вазъи тағйирёбандаи обу ҳаво низ ба назар гирифта шудаанд. Зеро дар шароити кўҳистони Тоҷикистон пешгўии дақиқи ҳаво ва омодагии фаврии сохторҳои масъул барои пешгирии пайомади ногувор аҳаммияти хоса дорад.
Дар раванди омодагӣ ба мавсими сармо роҳбарияти “IRS”, пеш аз ҳама, ба он таваҷҷуҳ зоҳир менамояд, ки чанд фоизи техника таъмир ва ба истифода омода шудааст, чӣ қадар маводи зиддилағжишу сўзишворӣ захира гардидааст, кадом қитъаҳои осебпазир таҳти назорати махсус қарор доранд ва барои бартараф намудани оқибатҳои тармаю сел дар ҳар минтақа чӣ қадар техникаву механизм пешбинӣ шудааст? Зеро дар ин мавсим имконияти сари вақт бартараф намудани оқибатҳои барфу тарма аз сатҳи омодагии техникаи махсус вобастагии калон дорад. Булдозер, автогрейдер, экскаватор, боркунак, мошинҳои барфрўб ва дигар механизмҳо бояд пешакӣ аз санҷиши техникӣ гузаронида шуда, нуқсонҳои онҳо бетаъхир бартараф гарданд. Бояд мадди назар дошт, ки мавҷуд будани техника дар тавозун кафолати омодагӣ нест, муҳим он аст, ки мошину механизмҳо дар лаҳзаи зарурӣ ба кор дароянд. Захираи кофии сўзишворӣ, равғанҳои молиданӣ, қисмҳои эҳтиётӣ, аккумуляторҳо, чархҳои мувофиқ ба мавсим ва либоси гарми корӣ барои кормандон идомаи мантиқии ин раванд маҳсуб мешавад. Агар техника омода бошаду сўзишворӣ нарасад ё қисмҳои эҳтиётӣ дастрас набошанд, имкони вокуниши фаврӣ маҳдуд мешавад. Дар айни замон 242 техникаю механизми махсуси “IRS”, барои фаъолияти мунтазам дар шароити зимистон омодаанд.
Замхираи маводи зиддилағжиш, аз ҷумла омехтаи қуму намак, низ аз ибтикори муҳими мавсими зимистон ба ҳисоб меравад. Он барои коҳиш додани лағжиши воситаҳои нақлиёт дар қитъаҳои яхбаста ва таъмини ҳаракати бехатартарсаҳми бориз дорад. Бинобар ин, ҳаҷми зарурии ин мавод бояд бо назардошти махсусияти масири Душанбе - Чаноқ, аз ҷумла баландии ағбаҳо, хусусияти иқлим ва эҳтимоли бориши шадид муайян карда мешавад. Ҳамасола барои мавсими тирамоҳу зимистон зиёда аз 1 миллион литр сўзишворӣ ва қариб 20 ҳазор тонна маводи зиддилағзиш захира карда мешавад. Аз ҷумла, то имрўз дар намояндагиҳои Варзоб 3700 тонна, Зарафшон 3500 тонна ва Суғд 4700 тонна маводи зиддилағзиш захира гардидааст. Инчунин кормандони ширкат бо сару либоси зимистона таъмин шуда, барои фароҳам овардани шароити мусоиди корӣ дар нуқтаҳои фаъолият ангишту ҳезум ба миқдори зарурӣ захира карда шудааст. Роҳи Душанбе - Чаноқ аз минтақаҳои кўҳии дорои релефи мураккаб буда, дар фасли сармо зери таъсири бориши шадиди барф, тармафароӣ, яхбандӣ, сел ва дигар зуҳуроти табиӣ қарор мегирад. Аз ин рў, нигоҳдории ин масир назорати пайваста, омодагии техникии пурра ва фаъолияти шабонарўзии кормандонро тақозо менамояд. Кормандони «IRS» дар мавсими зимистон бо истифода аз техникаву механизмҳои махсус роҳро бо маводи зиддилағзиш коркард намуда, барои бартарафсозии саривақтии тармаҳо ва рафъи дигар ҳолатҳои фавқулода тадбирҳои зарурӣ меандешанд.
Дар маҷмуъ, омодагии ҳамаҷонибаи техникаву механизмҳо, захираи кофии сўзишворӣ ва маводи зиддилағзиш, инчунин масъулияти кормандон аз ҷумлаи омилҳои асосии таъмини фаъолияти мунтазами роҳи Душанбе - Чаноқ дар мавсими сармо ба шумор мераванд.
Бобоҷони НЕЪМАТУЛЛО