Commerc banl
IRS дар иҷрои рисолат муваффақ аст, зеро...
35

Охири сроли гузашта ва моҳҳои январи – марти соли равон пуршиддату давомдор боридани барф ва тамоюли афзоишро касб намудани тармафароӣ боиси ба мушкил мувоҷеҳ гардидани ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар роҳҳои кишвар гардид. Чунин ҳолат бештар дар роҳи Душанбе Чаноқ ба мушоҳида расида, дар ин масир давоми муҳлати зикршуда 179 тармаи хурду бузург фаромад. Тармафароӣ асосан аз километри 41 то 153-юми роҳи мазкур (ҳудуди ноҳияҳои Варзобу Айнӣ) рух дода, баландии аксар тармаҳо то 20 метр ва паҳноияшон зиёда аз 900 метр буд. Теъдоди тармаҳо то ҳадде зиёд буд, ки даҳҳо километр роҳ пурра зери тарма монд. Ба маҳали зикршуда зиёда аз 50 техникаву механизми филиали ширкат сафарбар шуда, бартарафсозии тармаҳо ҳатто шабона қатъ нагардид.

Чун шиддати боришот ва теъдоди тармаҳо дар ин масир собиқа надошт, ин ҳолат барои роҳбарият ва кормандони IRS шабеҳи боз як имтиҳони ҷиддӣ буд. Бо истинод ба корҳои анҷомёфта метавон гуфт, ки онҳо ин имтиҳонро низ чун ҳарвақта сарбаландона гузаштанд. Тавре шоҳидон дар шабакаҳои иҷтимоӣ навиштанд, сарфи назар аз мушкилоти зиёд, кормандони IRS фаъолияти худро шабонарӯзӣ ва ҳатто бо баҳои ҷони худ ба роҳ монда, тамоми кӯшишро ба харҷ доданд, ки ҳаракати муназзами воситаҳои нақлиёт таъмин бошаду мусофирону воситаҳои нақлиёти дар банди барф дармонда ба мавзеи бехавф интиқол ёбанд.

Маҳз ба шарофати меҳнати шабонарӯзии кормандони ширкати IRS, ки нигоҳдории роҳи мазкур ба зиммааш вогузор аст, дар муддати кутоҳ тармаҳо бартараф ва роҳ боз гардид. Муваққатан маҳдуд гардидани ҳаракати автомобилҳо дар масири зикршуда, пеш аз ҳама, ба таъмини бехатарии шаҳрвандон рабт дорад. Вагарна, ширкат ба ҳеҷ ваҷҳ ҳавасманди қатъ шудани гузариши воситаҳои нақлиёт тавассути ҷодаи мазкур нест. Қобили зикр аст, ки рафъ намудани оқибатҳои офати табиӣ зери назорати ҷиддии роҳбарияти филиали ширкат қарор дошт.  

3_54

Маҳз ба шарофати тадбирандешии бетаъхир дар муддати хел кутоҳ вазъ ба эътидол оварда шуда, ҳаракати воситаҳои нақлиёт аз ҳар ду ҷониб барқарор гардид. Омили дигаре, ки месазад махсус таъкид кард, аз ҷониби IRS ба ронандагону мусофирон бетаъхир расонидани кумак буд. Ин омил шаҳодати он аст, ки роҳбарияти ин ширкат ба арзишҳои инсонӣ таври хоса арҷ мегузоранд.

Дар ин замина, бори дигар собит гардид, ки пули барои истифодаи роҳ пардохтнамудаи аҳолӣ ҷиҳати дар ҳолати хуб нигоҳ доштани роҳ, беҳтар намудани инфрасохтори нигоҳдории он ва харидории техникаву механизмҳои замонавӣ харҷ мешавад. Давоми 16 сол собит шуд, ки пулакӣ кардани ин роҳ тадбири оқилона буда, пеш аз ҳама, барои беҳдошти ҳолати роҳи стратегии кишвар дахл дорад.

Бамаврид ёдовар шавем, ки барои аҳолии шафати роҳ низоми гузариши имтиёзнок ҷорӣ шудааст, ки баробари 50-93%-и нархномаи муқарраргардида мебошад. Зиёда аз 90 фоизи убури автомобилҳо аз плазаҳои толлингӣ ба категорияи якум — мошинҳои сабукрав рост меоянд. Муқаррар шудани нархҳои пасттарин барои ин категория дар доираи сиёсати иҷтимоии корпоративи филиали ширкат далели он аст аст, ки IRS гирифтани фоидаи зиёдро мадди назар надорад. Вагарна, бояд баръакс бошад…

Чун сухан дар бораи роҳи Душанбе – Чаноқ равад, бояд мадди назар дошт, ки бо назардошти мавқеи ҷуғрофии ҷойгиршавӣ роҳи Душанбе — Чаноқ нигоҳубини 24 - соатаро талаб менамояд. Дар сурати каме бетафовутӣ ба нигоҳдории он мушкилии зиёд рӯи кор меояд. Биноан, кормандони IRS ба мавсими зимистон омодагии ҷиддӣ дида, дар ин раванд ҳолати техникаву механизм ва захираи маводи зиддилағзишу сӯзишворӣ марди назар аст. Илова бар ин, кормандон бо либоси зимистона таъмин шуда, барои фаъолияти муназзами онҳо дар ҳаҷми зарурӣ ангишт ва ҳезум дастрас шудааст.

Масъулини IRS хуб дарк кардаанд, ки айёми қаҳратуни сол марҳилаи ҳассос буда, дар сурати сари вақт омодагӣ надидан ба раванди фаъолият монеа хоҳад гашт. Бо ин мақсад Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2025-2026” ба тасвиб расида, ҳадафи асосии ҳуҷҷати мазкур омода намудани тамоми соҳаҳо ва шаҳрвандон ба мавсими зимистон маҳсуб меёбад.

Бино ба гуфти масъулин, барои фаъолияти муназзаму пурмаҳсул дар фасли зимистон дар намояндагиҳои филиали Ширкат ним миллион литр сӯзишвори дизелӣ, зиёда аз 17400 тонна маводи зиддилағзиш захира шуда, ин раванд идома дорад. Аз ҷумла, дар намояндагии Варзоб то ин вақт 6500 тонна маводи зиддилағзиш, Зарафшон 5600 тонна ва Суғд 5359 тонна чунин мавод захира шуда буд. Бо назардошти дар минтақаи аз лиҳози ҷуғрофӣ душвори кӯҳистон ҷойгир будани роҳи Душанбе - Чаноқ, коркарди он бо маводи зиддилағжиш мунтазам, аксар маврид шабона низ бояд амалӣ шавад. Бинобар ин, харҷи ин намуди мавод низ сол то сол тамоюли афзоишро касб кардааст. Илова бар ин, чархҳои резинии зимистонаи мошин ва механизмхои нигоҳдории роҳ дастрас ва насб гардида, зарфҳои захираи сӯзишворӣ, ки имкони нигоҳдории 535000 литр чунин маводро доранд баркарор шуданд. Ҳоло IRS соҳиби пойгоҳи пурқуввати техникӣ буда, шумораи техникаву механизмҳо ба 242 адад расидааст. Дар оянда зиёд намудани он мадди назар аст, зеро бе техникаву механизмҳои муосир, тибқи талабот, роҳандозӣ намудани фаъолият ғайримимкон аст. Муҳимтар аз ҳама, техникаву механизм филиали Ширкат ба мавсими сармо пурра омода буданд ва маҳз ҳамин омил боис гардид, ки рисолати филиали ширкат – нигоҳдории роҳи Душанбе – Чаноқ дар сатҳи хубу сифати баланд иҷро шавад.

2_58

Шоистаи зикр аст, ки фаъолияти асосии ширкат на дар плазаҳои толлингӣ (ҳамон тавре, ки баъзе “дӯстон” мепиндоранд), балки дар масири роҳи мошингард ба роҳ монда шудааст. Ҳамарӯза садҳо мутахассиси соҳибтаҷриба бо кумаки техникаи махсусгардонида ба тозакунии роҳ аз барф, коркарди он бо маводи зиддилағзиш, бартарафсозии тармаҳо, таъмири куллӣ ва ҷорӣ, cоҳилмустаҳкамкунӣ, нигоҳдории 36 пул ва ғайра машғул буда, кӯшиш ба харҷ медиҳанд, то ҳаракати муназзаму бехатари нақлиёт таъмин бошад.

Гуфтан бамаврид аст, ки дар натиҷаи чунин офатҳои табиӣ садҳо километр роҳи Душанбе – Чаноқ осеб дида, зарурати таъмири куллии масофаи зиёди он ба миён омадааст. Ба ибораи дигар, дар аксар қитъаҳои осебдида роҳ бояд аз нав сохта шавад. Ашхоси огоҳ хуб медонанд, ки таъмири куллӣ аз лиҳози моҳият ва хароҷот аз бунёди роҳ кам нест. Сарфи назар аз ин, роҳбарияти филиали Ширкат дар ин самт собитқадам мебошанд, ки далели бебаҳси масъулиятшиносӣ ва муносибати дуюмдараҷа надоштан ба нигоҳдории роҳи Душанбе – Чаноқ маҳсуб мешавад. Бамаврид аст ёдовар шавем, ки бо мақсади дар сатҳи баланд пеш бурдани фаъолият тӯли 16 соли мавҷудият 134 иншоот, аз ҷумла, пойгоҳ барои экспертҳо, анбор барои нигоҳдории маводи зиддилағжишу дигар масолеҳ, сехҳои истеҳсолӣ, озмоишгоҳҳо, иншооти зиддитармавӣ сохта, мавриди истифода қарор гирифтанд. Далелу рақамҳои мазкур, ки дар муқоиса ба солҳои қаблӣ таври назаррас афзуда истодаанд, имкон фароҳам меорад, ки рисолати филиали Ширкат - нигоҳдории роҳ дар сатҳи хуб ва сифати баланд амалӣ гардад.

Дар маҷмуъ, IRS ҳамчун сармоягузор тамоми кӯшишро ба харҷ дода истодаст, то ҳолати роҳи Душанбе – Чаноқ ҷавобгӯи талабот бошад. Ҳолати кунунии роҳи Душанбе – Чаноқ шаҳодати он аст, ки ширкати мазкур комилан комёб аст.

Бобоҷони НЕЪМАТУЛЛО

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД