Сохтмони 20 хонаи истиқоматии сокинони деҳаи Чоркӯҳи шаҳри Исфара, ки дар натиҷаи ҳамлаи қирғизҳо пурра сухта вайрон шуда буданд, аз сари нав сохта шуданд. Дар ин бора ҳукумати маҳаллӣ хабар дод.
Гуфта мешавад, ки дар давоми се рӯзи баъд, ин хонаҳои навбунёд ба соҳибонашон тақдим карда мешаванд ва онҳо акнун фасли хунуки зимистоно дар хонаҳои гарм мегузаронанд.
Ёдовар мешавем, ки дар натиҷаи ҳамлаи мусаллаҳонаи сарбозони қирғиз 96 ҳолати оташгирии хонаҳои истиқоматӣ ва иморату иншооти ҷамъиятӣ дар шаҳру ноҳияҳои Исфара, Бобоҷон Ғафуров ва Ҷаббор Расулов ба қайд гирифта шудаанд.
Мақомот ваъда доданд, ки онҳоро бо навбат сохта, ба соҳибонашон бармегардонанд.