Arzon march 2024
ҶИҲОЗИ АРӮСИ КАФАН ШУД (ҚИСМИ 2)
02.03.2021
ОИЛА
4210

ИДОМААШ...

Акбар-командир

Яроқ ба дасти нохалафон афтода буд ва акнун ҳама худро шери жаён гирифта, қасдашонро аз одамони ба чашмашон хунук намуда мегирифтанд. Акбар ном ҷавони бозории деҳа аз бесарусомониҳо истифода бурда худро қаҳрамони миллат ва соҳиби қишлоқ эълон кард. Ин безорӣ монанди худаш чанд авбошро ҷамъ карда, гурӯҳи махсусе ташкил намуд. Кори дастаи Акбар-командир танҳо куштору дуздию ғорату таҷовуз буд.

Қатли муллои бегуноҳ

Аввалин коре, ки Акбар-командир кард, қатл намудани муллои деҳа ва писари бегуноҳаш буд. Мулло ҳамеша Акбарро насиҳат мекард, ки мардумозорӣ накунад ва ин суханони насиҳатомез ба ҷавони шӯрапушт маъқул нашуда, барои қасосгирӣ пайти муносиб меҷуст.

Рӯзе Акбар автомат дар даст мошинсавор ба масҷид омад. Дар курсии пеши мошин нишаста намоишкорона мили яроқашро аз тиреза бароварда буд командир, шарикони сиёҳпӯшаш бошанд, сармасти банг мастона қоҳ-қоҳ мезаданд. Баробари ба саҳни масҷид даромадан, вай аз автомат ба ҳаво чанд тир холӣ кард. Мардуми деҳа, ки бори аввал садои тирро аз наздик мешуниданд, доду войкунон ба хонаҳояшон даромаданд. Мардони дар масҷид буда дар ҷояшон шах шуда монданд. Касе ҷуръати дарро кушода ба берун баромадан намекард. Мулло, ки марди худоҷӯй буд, дарҳол ба саҳни масҷид баромад. Акбари чашмонаш хун гирифта муллоро дида, оташи ғазабаш аланга заду фиғон кашид:

- Ҳа пирхар, мо барои оромии мардум яроқ ба даст гирифтему ту дар кунҷи масҷид кайф карда шиштаӣ?! Давраи фармондиҳии ту гузашт! Насиҳат мекардӣ, ки агар мардумозориро бас накунам, одам намешавам, ана дидӣ, имрӯз ман соҳиби қишлоқ шудам ва ҳама хурду калони деҳа ба амрам гӯш мекунанд. Бачата ба мо ҳамроҳ кун, набошад ҳозир очаи зората нишон медиҳам!

Мулло оромона ҷавоб дод:

- Акбарҷон, шайтонро аз худат дур кун! Фирефтаи яроқу давлату савлати дурӯза нашав бачам, ки оқибати хуб надорад!

- Эҳ, ин пирхар боз ба насиҳат даромад-ку! Даҳони ин аҷалрасидая набандам, хап намеистад,-бонг зад Акбар ва автоматро ба синаи мулло гузошта оташ кушод. Домулло ғарқи хун ба замин афтид. Падари ғарқоби хунашро дида писари домулло худро болои падар партофт, вале тири Акбар дар як лаҳза писари мӯйсафедро низ ба замин парчин кард.

-Касе аз гапи ман мебарояд, рӯзи муллоро ба сараш меорам,-таҳдид намуд Акбар-командир ва ғолибона ба мошин савор шуда рафт. Мардуми деҳа ҷасади мулло ва писари шаҳидашро ба хок супориданд. Пас аз ин ҳодиса чашми мардум аз Акбар меҳаросидагӣ шуд.

Ҷиҳози арӯсӣ кафан шуд

Манзура ба автобус нишаста ҳамроҳи Мурод барои хариди сару либоси арӯсию домодиашон ба шаҳр рафт. Вақти бозгашт домоду арӯсшаванда паҳлӯ ба паҳлӯ нишаста дар бораи тӯяшон маслиҳат доштанд, ки ногоҳ авбошони Акбар-командир пайдо шуда, пеши роҳи автобусро гирифтанд. Акбару сагбачаҳояш автобусро мавриди кофтукоб қарор доданд. Чашми командир ба Манзураи нозанин афтода ҳисси шавҳониаш боло гирифт ва зӯран духтарро аз автобус фароварданӣ шуд. Манзура муқобилият намуд. Мурод арӯсашро аз чанголи ин гургҳо халос карданӣ шуда, ҳадафи тири Акбар гашт ва дар ҳамон автобус ҷони ҷавонашро ба ҷонофарин супурд. Акбар Манзураро кашон-кашон аз автобус фаровард ва ба ҷои хилват бурда ба номусаш дастдарозӣ кард. Командири гӯрсӯхта барои фош нашудани сирраш Манзураро дар ҳамон ҷо сари як тир намуда ба қатл расондааст. Падару модари ҷигарсӯхта чодари арӯсиро рӯи тобути Манзураю ҷомаи домодиро болои ҷасади Муроди ноком партофта хун гиристанд. Тамоми деҳа дар марги ин ду ҷавони бегуноҳ хун гирист, вале касе ҷуръат намекард, ки гиребони Акбари хунмастро дорад.

Интиқоми рӯҳи ноком

Аз ҳамон вақт инҷониб рӯҳи арӯси ноком аз ҷавонон қасос мегирад. Арвоҳи Манзура ба ҳар шакл дар пеши роҳи ҷавонон пайдо мешавад. Аввалин сайди арвоҳи Манзура Акбари хунхор гашт. Акбар-командир шабона аз роҳ гузар карда духтари танҳоро мебинад ва аз ёфтани сайди муфт ба дом афтода хурсанд шуда, мошинашро нигоҳ медорад. Духтар ҳарфе назада ба мошин мешинад ва ишорат мекунад, ки ба ягон ҷойи хилват раванд. Акбар аз шодӣ дар куртааш нағунҷида мошинро ба хилватгаҳе меронад…

Рӯзи дигар подабонҳо мошини ба ҷар рафтаи Акбарро ёфтанд. Аҷоибии кор дар он буд, ки ҷасад ва мошини Акбарро аз ҷое пайдо карданд, ки касногузар буд. Боварии мардум намеомад, ки мошин ба чунин баландӣ барояд ва сарозер ба ҷарӣ равад. Ҷасади командири хунмаст чунон маҷақ шуда буд, ки рӯяшро шинохта намешуд. Ҳама мардуми деҳа ба даҳшат афтоданд. Калонсолон мегуфтанд, ки рӯҳи муллои шаҳидгашта Акбарро ба ин ҳол расондааст, вале баъдтар маълум шуд, ки ин қасоси арвоҳи Манзураи ноком будааст. Баъди марги Акбар шариконаш паиҳам ба фалокате дучор шуда, вафот мекарданд. Яке аз рафиқонаш маҷрӯҳ шуда, зинда монд. Ана ҳамон бача дар бораи духтари сафедпӯш нақл кард ва мардум фаҳмиданд, ки ин рӯҳи номуроди Манзура аст.

Икром нақли раиси маҳалларо шунида Худоро шукр гуфт, ки кори баде накарда, зинда мондааст. Пас аз ин ҳодиса вай намозхон шуд ва акнун мардумро ба роҳи рост ҳидоят менамояд.

Гулнисои Ҳикматулло

  

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД