Оё гирифтани хун аз пўст ва ҳиҷома кардан дуруст аст? Дар ин мавзуъ назари мардум гуногун аст, аз ҳамин хотир мехостам, ки ба ин масъала равшанӣ андозед.
Билолхўҷа, в. Суғд.
Ҳиҷома кардан суннат буда, ҳар як марду зани мусалмон метавонанд ин амалро анҷом диҳанд. Дар он фоидаҳои бисёре вуҷуд дорад, ки мутахассисон онро беҳтар медонанд. Шумо дар ин бора метавонед аз онҳо маълумот бигиред. Ислом ин амалро манъ накардааст.