Зиндагии Рустаму Бону хеле ширин оғоз ёфт, тавлиди писаракашон Афсар онро ширинтар кард. Оҳиста-оҳиста зану шавҳар соҳиби хонаи калонтар шуданд. Рустам дар зинаҳои мансаб боло рафту дигар ҳамсарашро нагузошт кор кунад.
Акнун Бону аз як зани замонавӣ ба соҳибхоназан табдил ёфт, ки ҳамеша банди тарбияи фарзандаш буд. Бори дуюм ҳомиладорияш бебарор анҷом ёфту кўдаки мурда таваллуд кард. Духтурон гуфтанд, ки чанд сол дам гираду баъд табобат карда, соҳиби фарзанд шавад, аммо Рустам гуфт, ки ҳамин Афсарро тарбияи хуб диҳем, кофист.
Писарашон чордаҳ сол дошт, ки як рўз Рустам наздаш омада, гуфт:
- Бону, ман бо котиба - коргузори корхонаамон, духтараки ҷавон Паймона муносибатҳои ишқӣ доштем ва ў ҳомиладор шудааст, кўдак аз ман аст, мо бояд ҷудо шавем.
Паймона хеле нозанин ва дувоздаҳ сол аз шавҳараш хурд буд. Гиряву зориҳои Бону бар дили сангини ҳамсараш кора накард. Афсар хиёнати падарро хеле сабук қабул кард. Бону як сол азои ишқи ҳамсари хиёнаткорашро гирифту баъд ба кор баромад. Кор ва муошират бо одамон мушкили ўро хеле сабук кард.
Афсар баъди донишҷў шуданаш зиёд мехост хонаи алоҳида дошта бошад. Бону тамоми ҷавоҳироти доштаашро фурўхта, пули пасандозашро сарф карда, барои худ дар маркази шаҳр хонаи дуҳуҷрагӣ хариду хонаи боҳашаммати падарро ба писараш бахшида, ба он ҷо кўч баст. Вақте писараш Саидаро ёфту ба модар хабар дод, ки хонадор мешавад, Бону ба хостгорӣ рафт. Ҳарчанд модари сигории Саида ба вай писанд наомада бошад ҳам, Бону чизе нагуфт, зеро медонист, ки писараш гуфтагияшро мекунад. Шукри Худо, Саида духтараки хуб баромаду ба вай ду набераписар таваллуд карда дод, аз писараш дида, келинаш ба Бону меҳр дорад. Саида хуб медонад, ки Афсар ба ў хиёнат мекунад, аммо тоқат мекунад, зеро зиндагии шоҳона дорад. Афсар бошад, “барои мо - мардон хиёнат айб нест” гўён, аз кирдораш хиҷолат намекашад. Афсар пули хуб меёбад, аммо ба модараш ёрӣ намерасонад, зеро медонад, ки модараш куштаи кор аст ва то метавонад, пули хуб меёбад.
Бону шабу рўз кор мекард, баъдҳо дӯкони дўзандагие кушод ва он ҷо духтаракони ҳунармандро ҷамъ карда, фоидаи хубе ба даст меорад. Ў дар панҷову ҳаштсолагӣ мошинрониро ёд гирифта, сари чанбараки мошини зебои хориҷӣ нишаст. Ҳарчанд писараш инро хуш қабул накарда, “кампира чиву мошин ронданаш чӣ?” гуфта бошад ҳам, набераҳояш аз модаркалон барои сайру саёҳатҳои зебо миннатдор буданд…
Бону, ки дўстонаш ўро «зани оҳанин» мегўянд, чанд рўз пас шастсола бояд шавад ва мехоҳад дўстонашро сари як пиёла чой ҷамъ биёрад.
Он рўзи муборак ҳам фаро расид, меҳмононро Бону бо як марди қоматбаланди ситорагарм пешвоз гирифта, сари миз бурд. Хўрданду нўшиданду туҳфаҳо супориданд. Рустам дасти Паймонаро раҳо карда, назди Бонуи хеле ороставу пероста, ки бўи атраш димоғро навозиш мекард, омада пурсид:
- Ин ҷавон писари ягон дугонаат аст?
- Не,- лабханди зебое зад Бону,- ин кас Паймон, мо бо ҳам вомехўрем, аммо ман таклифи издивоҷашро то ҳол қабул накардаам, шояд баъдтар хонадор мешавем.
- Ҳа-ҳа-ҳа,- хандаи маҷбурӣ кард Рустам ва илова кард,- оё барои ту ҷавонтар нест?
- Магар ту барои Паймона пир набудӣ?!
- Ту ҳам бало, Бону… Ё ту аз ман қассос гирифтанӣ,- ин дафъа бо қаҳр гуфт Рустам.
- Ба Худо, ки агар ман аз ту қассос гирифтанӣ мешудам, баъди се рўзи рафтанат, рафиқи наздиктаринат Файз ба ман изҳори муҳаббат карда буд. Бо Паймон мо дар як сафари хориҷа шинос шудем, аз занаш ҷудо шудааст, занаш бо олмоние хонадор шуда, аз кишвар рафтааст ва писари ўро ҳам бурдааст.
- Хайр ҳеҷ гап не, ту барояш писар таваллуд мекунӣ,- неш зад ин бор Рустам.
Бону хеле ором гуфт:
- Чаро не, ишқ чӣ муъҷизаҳое дорад, азизам…
Ин дам Паймон, ки аз гуфтугузори Бонуяш бо шавҳари собиқаш дар дилаш рашк бедор шуда буд, ўро ба валс даъват кард…
Чӣ зебо мерақсиданд онҳо…
Нисо ХОЛИД