Бону мехост ҷашни шастсолагияшро дар иҳотаи дўстони наздиктарин ва аҳли оилааш пешвоз бигирад. Ӯ ҳамагӣ ду дугонаи наздик дошт - Зулфия ва Нозукниҳол. Бародарону хоҳаронаш дар деҳа зиндагӣ мекарданду падару модараш кайҳо оламро тарк гуфта буданд.
Бону ният дошт, ки дар рухсатии меҳнатияш ба деҳа рафта, он ҷо ҳамроҳи хешу табори дуру наздик зодрӯзашро ҷашн гирад.
Дар тарабхонаи зеботарини шаҳр барои понздаҳ нафар мизи бошукўҳе орост, ғайри дўстонаш чанд ҳамкораш ва хушдомани писараш, шавҳари собиқашро ҳамроҳи занаш низ даъват карда буд.
Бону зиёд мехост писараш бубинад, ки модараш ба падарашу оилаи нави ў ягон кинаву кудурат надорад. Албатта дар аввал хеле дарднок буд…
Бону духтараки деҳотии сода, ки дар мактаб хеле хуб мехонд, ба норозигии волидайнаш нигоҳ накарда, пинҳонӣ ба пойтахт омаду ҳуҷҷатҳояшро ба донишгоҳ супорид ва орзуяш ҷомаи амал пўшид. Ў аз деҳаи дурдасти кўҳистон бо як сару тани кўҳна ва як ҷузвдони рангпаридаи мактабӣ ба шаҳр омада, кофта-кофта суроғаи донишгоҳро ёфт. Бо аввалин муаллиме, ки вохўрд, дарди дилашро гуфт. Муаллими пир хеле меҳрубон баромаду аз коменданти хобгоҳ хоҳиш кард, ки духтараки «гуреза»-ро дар ягон хонача ҷо кунад, то дар кўча намонад. Холаи Зулайхо бо духтараки меҳнатӣ зуд унс гирифт. Бону субҳи барвақт хеста, аввал ҳуҷраи худашро мерӯфту тамиз мекард, баъд ба холаи Зулайхо ёрӣ мерасонд. Танҳо хўрокҳои ин зани меҳрубон дар соли аввали донишҷўӣ ҷони Бонуро аз марг раҳониданд. Зан як духтар дошт, ки шавҳар карда, ба Қазоқистон рафта буд ва Бонуро ба ҷойи духтар қабул кард. Холаи Зулайхо ба духтархондаш маслиҳат дод, ки вақти таҳсил ба хонаашон рафта, аз волидонаш узр пурсад, волидайн ўро хуш қабул накарданд. Дар оилаи онҳо шаш духтар тарбия ёфта, панҷ нафар апааш шавҳар карда рафтанд, вале ў қолаби рехтаи қонунҳои нонавиштаи падарро вайрон карду ба шаҳр омада, донишҷў шуд. Падараш мехост ўро ба писари амакаш дода, Саидро хонадомод кунад, то давлату сарваташ бегона нашавад. Давлату сарвати падари боғбонаш ду хонаи кўҳна ва як порча замини наздиҳавлигӣ буд. Модараш ба ў бо иллат гап мезаду падараш бошад, ўро умуман дида наметавонист. Апаҳояш дастнигари шавҳар буданд, аммо аз кирдори хоҳар заррае хафа нашуданд. Онҳо то метавонистанд, ба хоҳарашон маблағ доданд ва ўро ба шаҳр гусел карданд. Бону дигар умуман пояшро ҷониби қишлоқ намонд.
Холаи Зулайхо пушту паноҳи ў буд, Бону дар риштаи иқтисод таҳсил мекарду донишгоҳро хатм намуда, аз рӯи ихтисос кори хубе ёфт. Дар ин миён аввал падараш, баъд модараш оламро падруд гуфтанду Бону ба ҷанозаи онҳо рафта омад. Ў хостгоронашро назди модархондаш мефиристод ва ин зани дунёдида хостгории Рустам ном як ҳуқуқшиносро қабул кард.
Бонуро аз хонаи холаи Зулайхо тўй карда, ба хонаи якҳуҷрагии шавҳараш, ки барои ятими кулл буданаш ҳукумат дода буд, бурданд.
(Давом дорад)
Нисо ХОЛИД