Formula novemver 2024
ИНТИҚОМ (ҚИСМИ 2)
3960

(ДАВОМАШ)

Падараш дар назди дарвоза бо қошу қавоқи овезон Дилафрӯзро интизор буд. «Аз куҷо омадӣ?» пурсид бо зарда раис, вале Дилафрӯз сарашро хам карда ҷавоб надод. «Дар назди беморхона чӣ кор мекардӣ? Ба дидори Дилшод рафта будӣ?» дубора ситеза кард падар. Дилафрӯз ба саволи падараш бо савол ҷавоб гуфт: «Шумо беморхона рафтед?» Саид оҳи сабук кашида гуфт: «Ман акнун озодам. Ҷаримаро ҳам ба модари Дилшод ва ҳам ба ҳукумат супурдам, акнун куҷое хоҳам меравам, аммо ту дигар аз хона баромада наметавонӣ! Тайёриатро бин, ду моҳ пас тӯй!» Дилафрӯз ашки чашмонашро поккунон назди модараш рафта асли гапро пурсид. «Падарат туро ба писари як дӯсташ фотиҳа кард» тасдиқ намуд модар ва лаб газид. Ҳама ба тӯй тайёрӣ медиданд, аммо Дилафрӯз дар ғами Дилшод гирёну нолон буд. Рӯзе аз модараш илтиҷо кард, ки илоҷе карда посбононро кор фармояд, то вай бори охир Дилшодро бубинад. Модар ҳам дарвозанигаҳбонон ва ҳам Муроду Шаҳобро ба коре машғул карду Дилафрӯз ба беморхона омад. Дилшод бо асо кам-кам роҳ мерафт. Дилафрӯз бо чашми гирён фотиҳа шуданашро ба Дилшод нақл кард. Дилшод «оҳ» гуфта ба замин афтид. Духтурон зуд ӯро бардошта ба палата дароварданд ва Дилафрӯзро аз дар берун карданд.

Шиноси ношинос

Хуллас, аз байн 2 моҳ гузашту рӯзи тӯй маълум шуд. Дилафрӯзро бо як азоб либоси арӯсӣ пӯшонданд. Дилшод ин хабарро шунида девона шуд ва худашро аз тиреза партофта аз беморхона фирор кард. Аввал ба хонаашон омада либосҳояшро иваз карду сипас ба чашмаш айнаки сиёҳ монда ба тӯй рафт. Дугонаи арӯс Мавзуна Дилшодро шинохта, зуд ин хабарро ба Дилафрӯз расонд. Рафта ба Дилшод гӯй, ки дар поёни деҳа маро интизор шавад, фармуд Дилафрӯз. Мавзуна ҳайрон-ҳайрон ба ӯ нигарист. Дилафрӯз гаштаю баргашта илтиҷо мекард, ки ин суханро ба ошиқаш расонад. Мавзуна ноилоҷ ин паёмро ба Дилшод расонд.

Фирори арӯс

Мавзуна ба назди Дилафрӯз баргашт. Арӯсак аз ӯ хоҳиш кард, ки либосҳои арӯсии ӯро пӯшаду либосҳояшро ба ӯ диҳад. Мавзуна илтиҷо мекард, ки ин корро накунад, оқибаташ бад аст, аммо Дилафрӯз аз роҳаш гаштанӣ набуд. «Дӯстатро дӯст дорӣ, ӯро аз зиндагии зиндабагӯр раҳо кун! Дугонаи ҳақиқиам бошӣ, давои дарди дили хуншорам мешавӣ» мегуфт арӯсак. Мавзуна ночор розӣ шуд ва ҳарду таги чодар даромада либосҳояшонро иваз карданд. Дилафрӯз рӯймолро чуқур баста аз хона баромад.

Билети бахт

«Вақти сухан нест, зудтар ба аэропорт рафтанамон лозим» бе салому алейк якбора сари мақсад омад Дилафрӯз.

-Чаро ба фурудгоҳ,-ҳайрон пурсид Дилшод?

-Ба Руссия меравем!

-Мо пул надорем-ку?!

-Пуле, ки дар дасти ман аст, то чанд моҳ мерасад,-гуфт Дилафрӯз ва таксиро нигоҳ дошт.

Тайёра субҳи барвақт бо ду дилдода ба само бархост. Хешу табор аз иваз шудани арӯс танҳо баъди ба хонаи домод расидан воқиф гаштанд. Қиёмат дар як дам гӯё қоим гашт. Мавзуна гириста-гириста асли воқеаро нақл кард. Саид шармандаю шармсор шуда дар назди мардум Дилафрӯзро оқ кард ва Мавзунаро фарзанди худ хонд. Бо падару модари Мавзуна маслиҳат ороста ӯро ба ҷои Дилафрӯз никоҳ карда ба домод доданд.

Вохӯрии тақдирсӯз

Дилафрӯзу Дилшод дар Русия зиндагии хушбахтона доштанд, вале аз тарси раис аз худ дарак намедоданд. Аз байн қариб як сол гузашта буд, рӯзе тасодуфан дар истгоҳе Дилафрӯз як ҳамсинфашро вохӯрд. «Ҳафту чилу соли шуморо доданд» гӯён, Мӯъмин хеле ҳазлу шӯхӣ карду сипас хоҳиш намуд як акси хотиравӣ бигиранд. Дилафрӯз розӣ шуд. Дар акс дасти ҳамсинфаш болои китфи Дилафрӯз буд ва ин аксро дида Дилшод девона шуд. Дунё ба назараш тираю торик гашт. Бо Дилафрӯз ҷанҷол бардошт. Дилафрӯз ҳарчанд мефаҳмонд, ки ин ҳамсинфам аст ва ман бо ӯ ягон алоқа надорам, Дилшод чизеро фаҳмидан намехост. «Ман хотири ту шуда модару хоҳари танҳоямро партофтам дуои модарро нагирифта бо ту инҷо омадам, ту беномус бошӣ, хиёнат кардӣ. Бас аст, акнун ман ба Ватан бармегардам, ту медонӣ ҳамон ҳамсинфат» гӯён вай чизу чораашро ғундошт. Дилафрӯз ҳарчанд илтиҷо кард, ки ин корро накунад, аммо Дилшод қаҳр карда ба Тоҷикистон баргашт.

Дилафрӯз ба Ватан баргашта наметавонист, танҳо зистанаш низ ғайри имкон буд, аз ин хотир ночор назди Мӯъмин рафта ҳодисаро нақл карду гуфт, ки ҳамааш аз рӯи ту шуд, акнун маро танҳо нагузор. Мӯъмин розӣ шуда ӯро ба никоҳаш даровард.

Дар маҳбас

Вақте Дилшод ба хона баргашт, дили модар аз нав зинда шуд. Фариштахола писарашро ба оғӯш гирифта мебӯсиду мебӯид, намехост Дилшодаш дигар аз наздаш дур шавад, вале…

Хурсандии модар дер давом накард. Хонадони Саид аз омадани Дилшод огоҳ шуда ӯро ба суд доданд. Ҷавонро ба духтардуздӣ маҳкум намуданду 10 сол муайян шуд. Фариштахола ба ҷудоии дубора аз писар тоб наоварда фишораш баланд шуд ва баъди ду рӯз мурд. Ғами модару ғами зиндон Дилшодро харобу лоғар ва аз зиндагӣ дилсард карда буд. Аз корҳои кардааш пушаймон пайваста модарашро ба ёд меоварду мегирист. Ҳамин тавр бо ёду хотираҳои талху ширин 7 соли зиндонро паси сар карда ба қавле ба авф афтид. Хоҳараш ин дафъа Дилшодро мисли пештара бо шодӣ пешвоз нагирифт. Шӯриш бардошта гуфт, ки модарам аз рӯи ту вафот кард, акнун ту ҳам аз хона баромада рав. Дилшод бо дили нолон тағоҳояшро алвидоъ гуфта боз ба Руссия сафар кард.

Дидори вопасин

Дар истгоҳҳо шабҳоро сарҳар карда чанд ҳафтаро паси сар намуд. Субҳе тасодуфан дар истгоҳ Дилафрӯзро дид. Ҷавону зебо монда буд ҳамсараш, ӯ бошад аз ғаму дард барвақт пир шудааст. Шапкаеро чуқур монду айнаки сиёҳ дар чашм ба назди Дилафрӯз омад. Тоҷик буданашро маълум кард, вале сир бой надод. Дилафрӯз ӯро нашинохт. Аз гап гап баромаду Дилафрӯз саргузашташро ба ӯ нақл карда гуфт, ки шавҳараш бе сабаб ӯро дар хиёнаткорӣ муттаҳам намуда, партофта рафтааст. «7 сол мешавад, ки ман бе Дилшод дар шаҳри бегона сарсону саргардонам. Рӯям намешавад ба хона баргардам» гуфт Дилафрӯз, вале аз Мӯъмин аллакай 2 фарзанд доштанашро пинҳон дошт. Дилшод айнаки сиёҳро аз чашмаш гирифт. Ҷавонзан нобоварона пурсид:

- Магар ту Дилшодӣ?!

-Дилшодам, ошнои деринаи ту.

Ашк дар чашмони ҳарду ҳалқа зад. Дилафрӯз мехост аз шавҳару фарзанд доштанаш гӯяд, вале ҳамин лаҳза Мӯъмин пайдо шуд ва аз дасташ гирифта ӯро кашон-кашон ба хона бурд.

-Боз ҳамон ҳамсинфаш, -дод зад Дилшод ва аз зиндагӣ тамоман дилсард шуда худро аз болои пул ба дарё партофт. Вақте ки ӯро аз об бароварданд, аллакай мурда буд.

Дилафрӯз то ҳол бо ҳамсинфаш Мӯъмин дар ғурбат зиндагии пур аз доғ дорад.

АНҶОМ!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД