Интиқоли ҷасади тоҷикон аз хориҷ осон мешавад
Тоҷикистон дар қонунгузории худ расман масъулияти мусоидат ба интиқоли ҷасади шаҳрвандони дар хориҷи кишвар фавтидаро пешбинӣ кард. Дар қонуни қаблии соли 1999 чунин меъёр вуҷуд надошт.
Тибқи қонуни нав, сафоратҳо ва мақомоти давлатии дахлдор вазифадоранд, ки барои интиқоли ҷасади шаҳрвандони Тоҷикистон аз хориҷ ба ватан мусоидат кунанд.
Қаблан хароҷот ва ташкили интиқоли ҷасади фавтидагон асосан ба дӯши наздикони онҳо ва ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» буд. Меъёри нав метавонад барои оилаҳои муҳоҷирони меҳнатӣ, бахусус онҳое, ки наздиконашон дар Русия вафот мекунанд, кумаки муҳим бошад.
Ҳар сол даҳҳо шаҳрванди Тоҷикистон дар муҳоҷирати меҳнатӣ бар асари беморӣ ва ҳодисаҳои нохуш ҷони худро аз даст медиҳанд. Дар чунин ҳолатҳо интиқоли ҷасад ба ватан барои наздикони онҳо мушкилоти молиявӣ ва ташкилиро ба бор меорад.
Танҳо дар шаш моҳи аввали соли 2026 тавассути Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб 13 ҷасади шаҳрвандон ба Тоҷикистон оварда шудааст.
Қонуни нав метавонад дар коҳиш додани мушкилоти оилаҳои муҳоҷирон ва осон кардани раванди интиқоли ҷасади наздикони фавтида мусоидат кунад.