Formula novemver 2024
Интихоботи Президент ва ноибонаш
649

Президенти феълии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ Рустами Эмомалӣ ягона номзад дар интихоботи навбатии вазифаи раиси ин созмон аст. Дар ин бора сомонаи расмии CAFA хабар дод.

2-юми майи соли равон дар Душанбе Конгресси ҳаштуми Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ баргузор мегардад. Ба иттилои сомонаи расмии CAFA, тибқи моддаи 31-и Оинномаи созмон дар Конгресси ҳаштум интихоботи роҳбарияти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ барои давраи чорсолаи нав (2023-2027) доир мешавад.

Дар Конгресс президент, ду ноиби ӯ, узви Кумитаи иҷроияи Конфедератсияи футболи Осиё, ки аз CAFA намояндагӣ мекунад, инчунин як узви Кумитаи иҷроияи Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ ва як зан узви Кумитаи иҷроия интихоб хоҳанд шуд.

Ҳамин тавр, Рустами Эмомалӣ аз Тоҷикистон номзад ба мақоми президентӣ, Муҳаммад Юсуф Коргар аз Афғонистон, Арслан Айназаров аз Туркманистон ва Равшан Ирматов аз Ӯзбекистон ба мақоми ноибони президент довталабанд.

Маврид ба зикр аст, ки Президенти ФИФА - Ҷанни Инфантино ва Президенти Конфедератсияи футболи Осиё - Шайх Салмон бин Иброҳим Ал-Халифа дар маросими баргузории Конгресси ҳаштуми Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) иштирок мекунанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД