arzon replenishment
Интихоби катча барои кӯдак
409

Интихоби катчаи хоб барои тифли навзод ва умуман барои кӯдакон ба назар кори хеле осон менамояд, вале дар аксари ҳолатҳо падару модарони ҷавон ба хатогӣ роҳ медиҳанд ва баъди чанд вақт мефаҳманд, ки беҳуда пул сарф кардаанд, зеро катчае, ки харида буданд, ҷойро танг мекунад ё фарзандашон дар он бароҳат хобида наметавонад. Барои пешгирии чунин ҳолатҳо чанд маслиҳати муфидро дар боби интихоби катчаи хоб барои кӯдакон манзуратон месозем.  

Намудҳои катчаҳои хоб барои кӯдакон

Катчаҳои хоб барои кӯдакон намудҳои гуногун дошта, сифат ва нархашон аз ҳамдигар фарқ мекунад. Аз ин лиҳоз ҳар кас бояд мувофиқи талабот ва имконияти иқтисодии худ катча интихоб намояд.  

Катчаи классикӣ

Маъмулан катчаҳои классикӣ аз чӯби оддӣ сохта шуда, танҳо ҷойи хоб доранд ва атрофашон панҷара гирифта шудааст. Кӯдак дар катчаи клласикӣ аз вақти таваллуд то 3-4 солагӣ хобида метавонад.  

Бартарӣ ва камбудиҳо

Бартарии катчаи класскӣ дар дастрас буданаш аст. Маъмулан ин намуди катчаҳо нисбати намудҳои дигари катҳои кӯдакона хеле арзонтаранд. Оилаҳои имкони иқтисодиашон маҳдуд метавонанд ин намуди катчаҳоро харидорӣ намоянд, зеро нархаш аз 500 то 800 сомонӣ аст.  

Аммо бояд гуфт, ки катчаи классикӣ 2 камбудӣ дорад:

1. Бо сабаби начандон калон будани ҷойи хоб кӯдак танҳо 3-4 сол дар чунин катча хобида метавонад.

2. Камбудии дигари ин намуди катчаҳо дар он аст, ки аз як ҳуҷра ба ҳуҷраи дигар гузарониданашон душвортар аст. Албатта баъзе намудҳои катчаҳои классикӣ чархак низ доранд,вале аксарияташон бе чарх буда, модар дар зарурат наметавонад ба танҳоӣ, бидуни кӯмаки дигарон онро аз як ҳуҷра ба ҳуҷраи дигар гузаронад.  

Трансформер

Трансформер-ин катчаи кӯдаконае мебошад, ки шакли онро тағйир додан имкон дорад. Дар баробари ҷойи хоб чунин катчаҳо боз сандуқчаҳои махсус барои либос ва чанд кашак доранд, ки дар онҳо майда-чуйдаҳои кӯдакро ҷойгир кардан мумкин аст. Мебелсозон падару модаронро бовар кунондан мехоҳанд, ки кати трансформерро то 12-солагӣ ва ҳатто 13-14 солагии кӯдак истифода бурдан мумкин аст, зеро баъди 4-5 солагии кӯдак шакли катчаро метавонед тағйир диҳед ва он нисбатан калонтар мешавад, аммо...  

Бартарӣ ва камбудиҳо

Харидани катчаи трасформер аз як нигоҳ хуб аст, зеро якбора чанд мушкили шуморо осон месозад.  

1. Дар баробари барои тифлак ҷойи хоби бароҳат буданаш либосҳои кӯдак низ дар чунин катча бемалол чойгир мешаванд ва барои харидани ҷевони кӯдакона зарурат намемонад.  

2. Ин намуди катчаро муддати тӯлонӣ истифода бурдан мумкин аст. Пас аз 5-солагии кӯдак шумо метавонед онро кушода, аз як катча ҳам диванчаи кӯдакона ва ҳам миз барои дарстайёркунии фарзандатон бисозед.  

3. Аммо трасформер баъзе камбудиҳо низ дорад. Якум: нархаш нисбат ба катчаҳои классикӣ 2-3 маротиба қимматтар буда, аз 1500 то 3000 сомониро ташкил медиҳад. Баъзе моделҳои трансформер то 5000 сомонӣ арзиш доранд.  

Дуюм: Дар ҳақиқат кати трансформерро то 12-13 солагии кӯдак истифода бурда мешавад, вале қади кӯдак дар он ҷой гирад ҳам, фазо барояш тангӣ мекунад, зеро паҳнои кат (ширина) бетағйир мемонад. Дар чунин кат кӯдаки 10-12 сола дигар бароҳат хобида наметавонад.    

Сеюм: Вақте кати трансформерро кушода аз он диванчаи кӯдакона ва мизи дарстайёркунӣ месозед, шумо маҷбур мешавед, ки матраси нав бихаред.  

Чорум: Андозаи кати трансформер калон буда, ҷойи зиёдеро ишғол менамояд. Барои оилаҳое, ки дар хонаҳои хурд зиндагӣ мекунанд, чунин кат аслан мувофиқ нест.    

Катча- гаҳвора (калыбел)

Катча-гаҳвора нисбати ду намуди дигари катҳои кӯдакона хурдтар буда, асосан барои тифлкони навзод пешбинӣ шудааст. Дар чунин катчаи кӯдакона, ки бо номи русии “Калыбел” машҳур мебошад, тифлакон танҳо то 9-10 моҳагӣ хобида метавонанд, зеро баъди яксолагӣ дигар кӯдак дар он намеғунҷад.  

Бартарӣ ва камбудиҳо

Бартарии аввал дар он аст, ки чунин катчаро мисли гаҳвора ҷумбонда, кӯдакро хобондан мумкин аст.  

Бартарии дуюм: Солҳои охир дар бозору мағозаҳои кишвари мо гаҳвора-калыбелҳои электронӣ низ пайдо шудаанд, ки мустақилона тифлакро меҷумбонанд. Ин намуди катча-гаҳвора барои оилаҳои ҷавоне, ки шабҳо аз хоби ширин б архоста, гаҳвораи кӯдакро

ҷумбондан намехоҳанд, мувофиқанд.

Бартарии сеюм: катча-гаҳвораи электронӣ натанҳо тифлро меҷумбонад, балки ба ҷойи модар “Алла” ҳам мегӯяд. Калибели электронӣ флешкорт дорад, ки дар он 10-15 суруди алла сабт шудааст. Шумо метавонед ҳар дафъа аллаи табъи дили худро гузоред, то ки фарзандатон зери садои мусиқӣ ба хоби ноз равад.  

Камбудии аввали катча-гаҳвора дар он аст, ки муҳлати истифодааш бисёр кӯтоҳ аст. Кӯдак баъди яксолагӣ дар он намеғунҷад.

Камбудии дуюм: Вақте ки тифлаки шумо 6-7 моҳа шуда, нисбатан серҳаракат мешавад ва кӯшиши бархостан мекунад, хатари афтиданаш аз катча-гаҳвора ба миён меояд. Ин боиси осеб дидани сар ё ягон узви дигари кӯдак гашта метавонад.

Волидони азиз!  

Ин буд чанд маслиҳати муфид дар боби интихоби катчаи хоб барои кӯдакон. Пеш аз харидани катча ҳамаи бартарӣ ва камбудиҳои онро ба назар бигиред, то пулатон беҳуда сарф нашавад ва фарзандатон дар катчае, ки харидорӣ мекунед, бароҳат бихобад.

Ф. САТТОРӢ

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД