35 years of independency
Интихоби филмҳои беҳтарин барои “Тоҷи Сомон” оғоз ёфт
25.09.2026
Oila.tj
39

Бахшида ба Рӯзи кинои тоҷик (16-уми октябр) дар шаҳри Душанбе аз 15 то 20-уми октябр сеюмин Синамоҷоизаи «Тоҷи Сомон» таҳти унвони «Қадршиносии ҳунари асил» доир мегардад.

Аллакай ҳудуди 100 филми бадеӣ, кӯтоҳмуддат ва муштарак, ки солҳои 2024-2025 офарида шудаанд, ба ин синамоҷоиза пешниҳод гашта, ҳакамон ба баррасӣ ва арзёбии филмҳои пешниҳодшуда оғоз намудаанд. Ба ҳайати ҳакамон мутахассисони соҳаи кино, коргардонҳо, филмноманависон, наворбардорон ва муҳаққиқони синамо шомил гаштаанд.

Аъзои ҳакамон зимни баррасии филмҳо ба сатҳи касбии коргардонӣ, мазмуну муҳтаво, сенария, ҳунари актёрӣ, наворбардорӣ ва дигар ҷанбаҳои эҷодии филмҳои пешниҳодшуда баҳо медиҳанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД