new banner new years
Интихоби дарвозаи зебо барои ҳавлӣ
3871

Дарвоза натанҳо манзили шуморо аз вуруди одамони бегона ва ҷонварон эмин медорад, балки дар ороишу зебоии ҳавлӣ низ нақши муҳим мебозад, бинобар ин, онро хеле оқилона интихоб кардан лозим аст. Чанд қоидаи муҳиме вуҷуд доранд, ки ҳангоми интихоби дарвоза ҳатман бояд ба назар гирифта шаванд.

1. Ҳангоми тасмим гирифтан дар мавриди фармоиш додани дарвоза, аввал маълумотҳоро дар бораи ширкати мавриди назаратон хонед, баъд бо намояндаи ширкат машварат карда, намунаҳои корҳои анҷомдодаи онҳоро аз назар гузаронед.

2. Тарҳеро интихоб намоед, ки ба ниёзҳои шумо мувофиқат кунад.

3. Тарафҳои мусбат ва манфии дарвозаҳои лағжишхӯр ва гардишгар, инчунин дигар имконотро таҳлил намоед.

4. Танҳо баъд аз мушоҳидаву муқоисаву таҳлил ба хулосаи ниҳоӣ омада, дарвозаи ба манзили шумо муносибро супориш диҳед.

Андозаи дарвоза

Андозаи дарвоза аз дарозии девор вобастагӣ дорад, вале варианти беҳтарин 3-3,5 метр аст. Дарвоза ба андозаи 3-3,5 метр кушода шавад, ҳангоми баромадану даромадани мошин ба ҳавлӣ ягон душворӣ пеш намеояд.

Дарвозаи чӯбин беҳтар ё оҳанӣ?

Аслан интихоби масолеҳ ва ранги дарвоза озод аст, вале дар замони муосир одамон бештар аз дарвозаҳои оҳанӣ истифода мебаранд. Мабодо ба шумо дарвозаи чӯбин бештар писанд бошад, пас кӯшиш кунед, ки дарвозаи кандакоришуда ё мунаққашро интихоб намоед. Дар масъалаи ранги дарвоза бошад, ҳаминро гуфтанием, ки он бояд бо ранги девори атрофи ҳавлӣ мувофиқат кунад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД