Formula novemver 2024
Инсультро пешгирӣ карда мешавад?
1099

 Салом! Марди 50-сола ҳастам ва се-чор соли охир саломатиам чандон хуб нест. Хона надорам. Се маротиба оиладор шуда бошам ҳам, занҳоям аз сабаби бехонагӣ маро партофта рафтанд. Пештар кор мекардам, вале аз фикру андешаи бисёр саломатиамро аз даст додаму маро аз кор пеш карданд. Ғами бехонагию бекорию бепулӣ маро тамоман афгор кардааст. Фишори хунам тез-тез баланд мешавад. Метарсам, ки ба инсулт гиирфтор шуда, тамоман маъюб шуда намонам. Мехоҳам донам, ки инсултро пешгирӣ карда мешавад ё не?

Салим, ш. Душанбе.

 

Посухи табиби мардумӣ Садриддиншоҳ Ҷалолӣ

 Бародари азиз! Аксари бемориҳо маҳз аз зиқию асабоният ва фикру андешаи бисёр сар мезананд, бинобар ин, маслиҳати ман ҳамчун табиб ба шумо ҳамин аст, ки саломатии худро эҳтиёт кунед. Хонаю пулу мол дар назди саломатӣ ҳеҷ аст. Танатон сиҳат бошад, Худо хоҳад, боз соҳиби хонаву дар, ҷойи кор ва зану фарзанд мешавед. Дар бораи инсулт бошад, ҳаминро гуфтаниям, ки сактаи мағзӣ асосан бар асари бандиши рагҳои хунгузари мағз, ки вайроншавии гардиши хунро ба думбол дорад, ба миён меояд. Одатан дар натиҷаи фишори баланди хун, атеросклероз ва касалии қанд мӯйрагҳои мағзи сар кафида, хуни аз онҳо таровида қисмате аз мағзи сарро фаро мегирад ва одам ба инсулт гирифтор мешавад. Маъмулан ҳамон қисмати майна, ки хун зер кардааст, баъди инсулт аз фаъолият бозмемонад ва фалаҷшавии андом ба думболи он ногузир аст. Аз ҳамин хотир, ман бори дигар таъкид мекунам, ки шумо бояд саломатиихудро эҳтиёт намоед, зеро хатари ба инсулт гирифтор шудан дар шахсоне, ки бемории фишорбаландии шараёнӣ доранд, хеле зиёд аст. Одамоне, ки дар сарҳади сактаи мағзӣ қарор доранд, бояд асабҳояшонро эҳтиёт карда, имкон надиҳанд, ки фишори хунашон баланд шавад. Айни замон барои шумо хоби ором, ғизои сабук, варзиши бадан ва ҳавои тоза ба мисли обу ҳаво зарур аст. Барои пешгирии сактаи мағзӣ шумо метавонед ҳамчунин аз давоҳои зерин истифда баред.

 

1. Мӯъҷизаи занҷабил ва асал

Давои аз ҳама таъсирбахш барои пешгирии сактаи мағзӣ –инсулт ин занҷабил ва асал мебошад. Тарзи тайёр крадани ин даво чандон душвор нест. Рӯзе ду маротиба ҳамагӣ 1 қошуқчаи чойхӯрӣ хокаи занҷабилро бо каме обу асал нағзакак омехта карда, истеъмол кардан лозим аст. Табобатро бо занҷабил 10 рӯз идома диҳед, нишонаҳои ҳолати пеш аз сактаи мағзӣ-сустии дил, вазнинии нафаскашӣ, оруқзанӣ ва мушкилоти фурӯбарии ғизоро нест мекунад. Метавонед ин даворо бо дили пур истифода баред, чунки мо занҷабилро дар чандин беморон санҷида дидем, самарабахш аст.

 

Бед ҳам даво шуда метавонед, агар....

Давои дигаре, ки таъсири хеле хуб дорад, ин мушкбед мебошад. Пӯсти дарахти мушкбед хунро тунук карда, хатари хунрезии мағзиро пешгирӣ мекунад. Пӯсти мушкбед дар таркибаш маводе дорад, ки ба аспирин монанд, вале қавитар аст. Тайёр кардани даво аз пӯсти дарахти мушкбед чандон кори душвор нест ва шумо метавонед ин корро худатон дар хона мустақилона анҷом диҳед. Пӯсти мушкбедро ҷӯшонда, обашро нӯшидан лозим асту халос.

 

Сафора-сафои дилу роҳати ҷон

Эҳтимол шумо дар бораи дарахти сафора нашунида бошед, вале ин дарахтро дар боғҳои истироҳать дидан мумкин аст, зеро он як навъ дарахти ороишӣ маҳсуб меёбад. Дар масири роҳи асфалти самти Данғара низ дарахтони сафора хеле зиёд буданд. Ин дарахт тақрибан 10-15 метр баланд мешавад ва меваҳои ба лӯбиё монанд дорад. Сафора моҳи сентябр ба самар мерасад ва то моҳи декабр қобили истифода аст. Меваю гули сафора барои пешгирии сактаи мағзӣ таъсири бисёр хуб мерасонад. Ҳамагӣ 10 грамм меваи сафораро дар як истакон об муддати 5 дақиқа ҷӯшондед ва монед каме хунук шавад, сипас 50 граммӣ дар як рӯз се маротиба 25-20 дақиқа пеш аз хӯрок аз ин об бинӯшед. Шумо метавонед гули сафораро низ истифода баред. Ду қошуқи ошхурӣ гули сафораро ба чойник андозед ва аз болояш 200 грамм оби ҷӯшидагӣ рехта, монед як соат истад, баъдан онро полонед ва ним соат пеш аз хӯрок 50 граммӣ бинӯшед. Рӯзе ду-се бор докаеро дар ин об тар карда, аз пушт ба сар бандед ҳам, муфид аст. Саломат бошед!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД