arzon replenishment
Инсултро чи тавр пешгирӣ кардан мумкин аст?
1806

Ман Ориф Аминов, сокини шаҳри Душанбе, 52-сола ҳастам. Ростӣ, дар зиндагии оилавӣ бахт ба рӯям нахандид, се маротиба хонадор шуда бошам ҳам, оқибат танҳо мондам. Ҳамсари аввалам аз бемории саратон аз олам гузашт, зани дуюмамро бо як марди бегона доштам, оилаи сеюмам бошад, барои бехонагӣ маро тарк карда рафт. Бахт натанҳо барои зан, балки барои мо мардон ҳам ширин аст, фикру андешаи бисёр ва ғами бебахтӣ оқибат маро ба гирдоби бемориҳо афканд. Нав бо синни 52 қадам гузошта бошам ҳам, аллакай дилам иллат пайдо кардааст, бар замми ин, касалии қанд ва фишорбаландии шараёнӣ дорам, махсусан як соли охир худро бисёр бад ҳис мекунам. Чанд рӯз пеш ба назди духтур рафта будам. Табиб пас аз муоина маро ҳушдор дода таъкид намуд, ки эҳтиёт кунам, чунки хатари ба инсулт гирифтор шуданам вуҷуд дорад. Як ҷӯраи наздикам инсул шуда, чанд сол мисли мурдаи берун аз гӯр рӯйи чогаҳ хобида буд, аз ҳамн вақ инҷониб ман аз ин беморӣ бештар аз марг метарсам. Илтимос, дар бораи роҳҳои пешгирии инсулт каме маълумот диҳед. Барои аз чанги ин бемории тақдирсӯз дар амон мондан чӣ кор кардан лозим аст?
Ориф, ш. Душанбе.
Посухи табиби мардумӣ Садриддиншоҳ Ҷалолӣ
Дар ҳақиқат инсулт аз зумраи бемориҳои хеле вазнине ба шумор меравад, ки инсонро ба қавли мардум “мешиканад” ва якбора маъюб гардонида, ба бистари беморӣ мехкӯб месозад. Маъмулан бар асари ин беморӣ гоҳо як нимаи бадан ва дар баъзе ҳолатҳо тамоми ҷисм карахт гашта, дигар ҳаракат карда наметавонад ва ҳамин тавр одам ҳам аз пои равону ҳам аз забони гӯё монда ба қавли пиронсолон ба “мурдаи берун аз гӯр монда” табдил меёбад.
Сактаи мағзӣ асосан бар асари бандиши рагҳои хунгузари мағз, ки вайроншавии гардиши хунро ба думбол дорад, ба миён меояд. Дар натиҷаи фишори баланди хун, атеросклероз ва касалии қанд низ баъзан мӯйрагҳои мағзи сар кафида, хуни аз онҳо таровида қисмате аз мағзи сарро фаро мегирад ва он қисмат аз фаъолият боз мемонад. Фалаҷшавии андом ба думболи сактаи мағзӣ ногузир аст.
Аз ҳамин хотир ба шумо ва дигар маризоне, ки дар сарҳади сактаи мағзӣ қарор доранд, маслиҳат медиҳем, ки саломатии худро эҳтиёт намуда, кӯшиш кунанд, ки сар задани сактаи мағзиро пешгирӣ намоянд. Барои ин пеш аз ҳама шумо бояд асабҳоятонро эҳтиёт кунед. Афроде, ки бемории фишорбаландии шараёнӣ доранд, бояд дорӯву дармони фармудаи табибашонро сари вақт гиирфта, имкон надиҳанд, ки фишори хунашон баланд шавад, чунки бештар сактаи мағзӣ маҳз дар натиҷаи якбора хеле баланд шудани фишри хун, стрессу ҳаяҷон ва асабонияти шадид сар мезанад.
Хоби ором, ғизои сабук, варзиши бадан ва ҳавои тоза барои афроде, ки хатари сактаи мағзӣ ба онҳо таҳдид менамояд, бениҳоят зарур аст.
Маслиҳати мо ба шумо ҳамин аст, ки дорӯву давои фармудаи табибонро сари вақт бигиред, асабҳоятонро эҳтиёт намоед, бештар дар бораи ҳодисаҳои хуши дар ҳаётатон рӯйдода фикр карда, зиқӣ ва хотироту андешаҳои мағшушу пурдардро ба саратон роҳ надиҳед. Кӯшиш кунед, ки вақтатонро бо дӯстони наздик ва хешу табору ёру ҷӯраҳои ҷониатон хуш гузароонед.
Гуфтагӣ барин, нақши зан дар ҳаёти мард хеле бузург аст. Таҷрибаи олимон собит намудааст, ки мардони оиладор нисбат ба мардони танҳо саломатии хубтар дошта, камтар бемор мешаванд. Шумо ҳанӯз ҷавон ҳастед, аз ин рӯ бонуи меҳрубонеро пайдо карда, оилаи солим ташкил диҳед. Бовар дорем, ки бо ором шудани асаб ва эҳсос намудани хушбахтии ҳақиқӣ бемориҳо шуморо тарк месозанд ва аз хатари гирифтор шудан ба сактаи мағзӣ эмин мемонед.

Дар охир бори дигар таъкид карданием, ки барои пешгирии сактаи мағзӣ танҳо табибони мутахассиси ин соҳа дорӯву дармон таъин карда метавонад, вале баъзе давоҳи халқие низ ҳастанд, ки дар пешгирӣ намудани сактаи мағзӣ таъсири хуб расонида метавонанд. Давои оддитарин занҷабил аст. Рӯзе ду маротиба 1 қошуқчаи чойхӯрӣ хокаи занҷабилро бо каме обу асал омехта намуда, истеъмол намоед. Табобатро бо занҷабил 10 рӯз идома диҳед, нишонаҳои ҳолати пеш аз сактаи мағзӣ-сустии дил, вазнинии нафаскашӣ, оруқзанӣ ва мушкилоти фурӯбарии ғизоро нест мекунад. Пӯсти дарахти мушкбед низ чунин хусусият дорад. Пӯсти мушкбед хунро тунук карда, хатари хунрезии мағзиро пешгирӣ менамояд. Пӯсти мушкбед дар таркибаш маводе дорад, ки ба аспирин монанд, вале аз аспирин қавитар аст. Бари пешгирии сактаи мағзӣ пӯсти мушкбедро ҷӯшонда, обашро нӯшидан лозим аст. Давои дигаре, ки аз сактаи мағзӣ ҷилавгирӣ карда метавнад, сафора аст. Ин навъи дарахтон бештар дар роҳи асфалти самти Данғара мерӯянд. Сафора дарахти блобаланде буда, тахминан 10-15 метр мешавад ва меваҳояш ба лӯбиё монандӣ доранд. Сафора моҳи сентябр ба самар мерасад ва мевааш то моҳи декабр қобили истифода аст. Меваю гули сафора дар табобати ҳолати пеш аз сактаи мағзӣ таъсири бисёр хуб дорад. 10 грамм меваи сафораро дар як истакон об ҳамагӣ 5 дақиқа ҷӯшонед ва оташро хомӯш карда, монед каме хунук шавад. Рӯзе 3 маротиба 50 граммӣ 25-20 дақиқа пеш аз хӯрок аз ин об бинӯшед, хатари сар задани сактаи мағзиро пешгирӣ мекунад. Гули сафораро низ истифода бурдан мумкин аст. Ду қошуқи ошхурӣ гули сафораро дар 200 грамм оби ҷӯш як соат дам карда, баъдан аз дока полонед ва ним соат пеш аз хӯрок 50 граммӣ бинӯшед. Докаеро дар ин об тар карда аз пушт ба сар бандед ҳам, муфид аст. Умедворем, ки маслиҳатҳои мо ба шумо ва дигар маризоне, ки дар сарҳади сактаи мағзӣ қарор доранд, кӯмак мерасонад ва хатари сар задани ин бемориро ҷилавгирӣ менамоянд. Саломат бошед!
Ф. Сатторӣ

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД