arzon replenishment
Инкишофи барвақтии кӯдак баррасӣ шуд
24.04.2025
Oila.tj
248

Имрӯз, 24-уми апрел дар меҳмонхонаи “Ҳаят Реҷенсӣ”-и шаҳри Душанбе таҳти унвони “Маъракаи тағйири муносибатҳои иҷтимоӣ ва рафторӣ” дар доираи лоиҳаи “Инкишофи барвақтии кӯдакон барои густариши сармояи инсонӣ дар Тоҷикистон” чорабинии иттилоотӣ баргузор гардид.

Дар чорабинӣ намояндагони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молия, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндаи Бонки Ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон, шарикони рушд, ҳайати Гурӯҳи татбиқи лоиҳа, ҳамоҳангсозони минтақавӣ ва мутахассисони соҳавӣ иштирок намуданд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар, зикр шудааст, ки бастаи асосии инкишофи барвақтии кӯдак ба таъмини дастрасии васеъ ба хизматрасониҳои босифати тиббӣ ва таълимӣ ба кӯдакон аз синни барвақтӣ нигаронида шудааст.

Ҳамзамон, баррасии тавсияҳо оид ба “Маъракаи тағйири муносибатҳои иҷтимоӣ ва рафторӣ вобаста ба инкишоф ва рушди кӯдакон" ҳадаф ва мақсади чорабинии иттилоотӣ арзёбӣ гардидааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД