1xbet
Имтиҳонҳои қабул ба донишгоҳу донишкадаҳои олӣ аз кай оғоз меёбанд?
04.06.2025
Оила
311

 

Имтиҳони қабул ба донишгоҳу донишкадаҳои олии кишвар аз санаи 1-ум то 10-уми июл баргузор хоҳанд гашт. Тавре Маркази миллии тестӣ хабар додааст, барои қабули имтиҳонҳо аз довталабон 47 нуқтаи имтиҳонсупорӣ ва 2 нуқтаи эҳтиётӣ ташкил карда шудааст.
Довталабон 1,5 соат пеш аз оғози имтиҳон ба макони имтиҳонсупорӣ бояд ҳозир шаванд ва бо худ даъватнома, шиноснома ё ҳуҷҷати дигари тасдиқкунандаи шахсият ва ду ручкаи одии сиёҳ дошта бошанд. Замону макони имтиҳонсупорӣ дар даъватнома ва ҳуҷраи инфиродии довталаб дар сомонаи ММТ зикр карда мешавад.
Дар даври аввали ҳуҷҷатсупорӣ 107 ҳазору 463 нафар довталаб ҳуҷҷат супурдаанд, киаз ин шумора 19 ҳазору 697 хатмкунандагони синфи 9 ва 87 ҳазору 866 нафар хатмкунандагони синфи 11 мебошанд. Тибқи нақша барои қабули донишҷӯён 113 ҳазору 884 ҷой мавҷуд мебошад, ки аз ин шумора 17 ҳазору 660 ҷой барои хатмкунандагони синфи 9 ва 96 ҳазору 224 ҷой барои хахткунандагони синфи 11 пешбинӣ шудааст. Айни ҳол Маркази тестӣ барои қабули довталабон боз 6 ҳазору 421 ҷойи холӣ дорад. Давраи дуюми бақайдгирӣ барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ аз 10-ум то 30-юми июн, давраи сеюм аз 2 то 13-уми сентябр ва давраи чаҳорум аз 29-уми октябр то 28-уми ноябр дар назар дошта шудааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД