Баъди кор рост ба маркази савдои «Пайкар» даромадаму кулчақанди «Асалин» харидам. Сипас ба таксӣ нишаста, ба растаи гулфурўшони назди фурўшгоҳи марказӣ рафта, як даста садбарги сафед низ харидам ва барои табрики модаркалонам шитофтам.
Дар як гўшаяки ороми шаҳр хонае воқеъ буд, ки онҷо як вақтҳо хушбахттарин духтари дунё будам. Бонуе, ки ман модаркалонаш мегўям, ин ҷо зиндагӣ мекунад, ў аслан модаркалони ман нест. Модаркалони шавҳари собиқи ман аст, вале меҳрубониҳое, ки аз ў дидаам, маро хеле вобастаи ин зани дарёдил карданд…
Ман падару модарамро умуман намешиносам, дар хонаи ятимон ба воя расидаам. Чун кўдакию наврасиямро сарфи хондан карда будам, мактабро бо медали тило ва донишгоҳро бо дипломи сурх хатм намуда, дар як ширкати мобилӣ ба кор даромадам. Маошам хуб буд ва барои худам як хонаи якҳуҷрагиро ба иҷора гирифтам. Бисёр мехостам хонаи худамро дошта бошам, аз ин рў, шабу рўз кор мекардам. Бар замми ин, дар кошонаи ҳусн нохунпероиву дигар намуди хизматрасониҳои занонаро анҷом дода, маблағи зиёдатӣ меёфтам. Мақсадам дар зиндагӣ харидани хонаи шахсӣ буд, вале бисёр вақт ҳаёти мо бидуни хоҳиши мо маҷрояшро дигар мекунад.
Ман дугонаи бисёр надоштам, вале ҳамсабақонам эҳтиромамро ба ҷо меоварданд. Дар тўйи як ҳамсабақам бо ҷавоне бо номи Алӣ вохўрдам ва бо ў унс гирифтам. Қисмати ману Алӣ ба ҳам хеле монанд будааст, ў низ волидонашро аёми хурдӣ аз даст дода, бо модаркалонаш мезистааст. Алӣ таклиф кард, ки аз никоҳи расмӣ гузашта, зиндагии якҷоя оғоз кунем, аммо ман аз шиносоӣ бо модаркалони ў метарсидам. Гумон мекардам, ки модаркалони ў намехоҳад набераи ягонааш сағирадухтарро ба занӣ бигирад, аммо хаёлам хом баромад.
Алӣ маро ба хонаашон даъват кард ва модаркалонаш бо оғўши кушода пешвозам гирифт. Ман аз рўзи аввал ин зани нуронии ниҳоят меҳрубонро бибиҷон мегуфтам. Тўйи мо хеле зебо дар як тарабхонаи зебо баргузор гашт, аз тарафи ман танҳо ҳамсабақон ва як-ду ҳамкорам иштирок доштанд. Зиндагиямон хеле ширин оғоз гашт. Модаркалон ба хотири халал нарасонидан ба мо, ҳарчанд будани ў ҳеҷ гуна халал надошт, тамоми пасандози доштаашро сарф карда, бароямон хона харид. Хонаяки якҳуҷрадори озода барои мо беҳтарин нишемангоҳ буд, рўзҳои шанбеву якшанбе ё мо ба хонаи модаркалон мерафтем ё Алӣ рафта, ўро меовард.
Шавҳарам дар заводи нон муҳандис буд. Ҳардуямон дар як ҳафта ду бор дар басти шабона кор мекардем ва ҳамин гуна карда будем, ки басти шабонаамон ба як шаб рост меомад. Яъне, аз набудани якдигар азоб намекашидем, телефонӣ зиёд гап намезадем ва ба кори якдигар халал намерасонидем, ҳамдигарро дўст медоштему эҳтиром мекардем. Ман нисфи пули ёфтаамро ба хона харҷ кунам, ними дигарашро захира мекардам, зеро мехостам ҳавличае харем ва вақти фарзанддор шуданамон модаркалонро ҳам ҳамроҳ гирем. Чӣ қадар орзуи оилаи калонро доштам, худам медонаму Худо. Ба пули шавҳарам кор намегирифтам, бовар доштам, ки ў низ ба хотири ҳавлии ормонии ман пул меғундорад. Модаркалонам бошад, дуо мекард, ки Худованди замину осмон маро ба ҳама умеду орзуям расонад, аммо хушбахтии инсон дар дуо ҳам набудааст.
Як шаб мо дар басти шабона будему субҳи барвақт сӯи хона роҳ пеш гирифтам. Мехостам наҳории болаззате тайёр намуда, Алиро мунтазир шавам ва баъди шаби кории вазнин дар оғўши ҳам то дер бихобем. Дарро кушода, ба хона ворид шудаму ба димоғам бўйи сигори омехта бо шароб ва хўроки туршшуда зад. Ба ошхона даромадам, як бетартибие, ки…
НУРИЯ
Таснифи Рухсора САИД