Имрӯз бо даъвати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Президенти Муғулистон Ухнаагийн Хурэлсух бо сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф меорад.
Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сафари давлатии Президенти Муғулистон дар Тоҷикистон аз 23 то 26-уми июл идома ёфта, дар доираи он мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Муғулистон, имзои санадҳои нави ҳамкорӣ ва дигар чорабиниҳои муҳим, аз ҷумла рӯзҳои фарҳанг ва ҳамоиши сармоягузорӣ дар назар аст.
Сафари давлатии Президенти Муғулистон Ухнаагийн Хурэлсух дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо гузоштани гулчанбар дар пояи муҷассамаи асосгузори давлати тоҷикон Исмоили Сомонӣ оғоз меёбад.