toyota motors
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво ноустувор боқӣ мемонад
08.04.2026
Oila.tj
85

Бино ба иттилои Агентии обуҳавошиносии кишвар, имрӯз, 8-уми апрел дар ҷумҳурӣ ҳаво ноустувор боқӣ мемонад ва дар баъзе ҷойҳо борони бошиддат меборад.

Гуфта мешавад, ки бо сабаби боришот дар дарёҳои Яхсу, Қизилсу (ҷанубӣ) ва дарёҳое, ки аз нишебиҳои ҷанубии қаторкӯҳи Ҳисор ҷорӣ мешаванд, болоравии сатҳи об дар назар аст.

Дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ ва кӯҳии вилояти Суғд, дар баъзе минтақаҳои вилояти Хатлон ва дар ноҳияи Варзоби тобеи ҷумҳурӣ эҳтимоли омадани сел вуҷуд дорад.

Дар Бохтар, Хоруғ ва Хуҷанд имрӯз ҳаво абрнок шуда, борон меборад, ҳарорати ҳаво ба ҳисоби миёна то +15...+17°C мерасад.

Дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳаво абрнок, боронӣ (дар баландии зиёда аз 3000 метр барф), дар баъзе ҷойҳо шадид мешавад.

Дар Душанбе ҳаво абрнок, борон, баъзан шадид, рӯзона ҳарорат +13...+15°C мешавад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД