goodwell
Имрӯз ҳавои Тоҷикистон тағйирёбанда аст
04.08.2026
Oila.tj
110

Имрӯз, 4-уми август дар аксари минтақаҳои Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад. Дар як қатор ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад, дар ҳоле ки дар баъзе минтақаҳо гарду ғубор боқӣ мемонад.

Дар вилояти Суғд дар ноҳияҳои алоҳида борони кӯтоҳмуддат пешбинӣ шуда, ҳарорати ҳаво дар водиҳо ба 32-37 дараҷа мерасад.

Дар вилояти Хатлон ҳаво дар водиҳо асосан бебориш хоҳад буд, аммо дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ борон меборад. Ҳамзамон дар баъзе ноҳияҳо гарду ғубор дар назар буда, ҳарорати ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ низ ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат ва гарду ғубор дар назар аст. Ҳарорати ҳаво рӯзона ба 33-38 дараҷа мерасад.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон низ дар ноҳияҳои алоҳида борон меборад. Ҳарорати ҳаво дар ғарби вилоят то 35 дараҷа, дар шарқи вилоят то 19 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД