arzon replenishment
Импланти Рrima чашмони хирашударо дубора бино месозад
469

Олимони ширкати Science натиҷаҳои пешакии озмоишҳои клиникии импланти ретиналии Рrima-ро эълон карданд. Дар рафти тадқиқот бо кӯмаки импланти мазкур 38 нафар беморони гирифтори атрофияи ҷуғрофӣ-як шакли дегенератсияи макулярии хушки синнусолӣ, ки бар асари он қисми марказии гавҳарака иллатнок шуда, дар натиҷа чашмони инсон хира мешаванд, биноии худро аз нав барқарор кардаанд.
Иштирокчиёни тадқиқот аз 6 то 12 моҳ Prima-ро истифода бурдаанд ва дар ин муддат биноии чашмонашон беҳтар шудааст.
Арзёбӣ аз рӯи ҷадвали LogMAR сурат гирифта, беморон ба ҳисоби миёна 23 ҳарфро то хати сурх (4,6 сатр) дидаанд. Яке аз маризони мавриди тадқиқот қарордошта тавонистааст 59 ҳарфро бубинад.
Prima як протези визуалӣ аст, ки аз имплантатсияи фотоэлектрикии бидуни кабел иборат мебошад ва бо роҳи ҷарроҳӣ дар зери гавҳараки чашм ҷойгир карда шуда, айнакҳои махсус, камера, проектор ва протсессори ҷайбӣ дошта, тасвирро коркард менамояд ва барои равшантар дидани шахс ёрӣ мерасонад.
Асосгузори Science Corporation Макс Ходак бовар мекунонад, ки ин дастоварди нави технологӣ солҳои наздик ба мардум дастрас хоҳад гашт.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД