Дандонҳои ман бо сабаби гузашти синну сол фано шудаанд. Духтур дандони имплант тавсия медиҳад. Оё дандони “имплант” мондан ҷоиз аст ё на?
Фаридун.
Посухи домулло Ҷамолиддин Хомӯшӣ
Нигоҳ доштани ҳаёти инсон ва дур кардани зарарҳое, ки ба ҳаёти ў осеб мерасонанд, яке аз ҳадафҳои асосии дини мубини Ислом аст. Аз ҳамин ҷиҳат ҳамаи уламои мазҳаб дар ҳолати зарурат гузоштани дандони тилло ё нуқраро барои саломатии инсон ҷоиз медонанд.
Аз ин метавон хулоса кард, ки дандони “имплант” низ хилофи дини Ислом нест.