Давоми 4 рӯз дар шаҳри Душанбе барои ходимони дин дар мавзӯи “Пешгирии хушунати хонаводагӣ” тренинги омӯзишӣ доир гардид, хабар дод маҷаллаи “Дин ва ҷомеа”.
Ҳадаф аз баргузории тренинг ҷалби ходимони дин дар самти пешгирии хушунати хонаводагӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва кам кардани ҷудошавии оилаҳо буд.
Дар тренинги омӯзишӣ масъалаҳои зӯроварӣ, пешгирӣ ва рафъи омилҳои хушунати хонаводагӣ мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор гирифтанд. Мавзӯъҳои тренинг аз нуқтаҳои зерин иборат буданд: ҳуқуқи зан ва озодиҳои инсон, шарҳи мафҳуми “гендер” ва “қолабҳои шахшуда/стереотипҳо”, шарҳу тавзеҳи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила” ва Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030, доираҳои таъсиррасон: муҳокимаронӣ доир ба таъсири хешовандон ва дӯстону наздикон ба ҳаёти оилавӣ, роҳҳои баланд бардоштани малакаҳои омӯзгорӣ доир ба оила ва оиладорӣ, роҳ надодан ба хушунати хонаводагӣ, риояи қонуни танзим, пешгирии никоҳҳои бармаҳал ва асосҳои муошират, ҳуқуқу масъулиятҳои зан ва шавҳар дар оиладорӣ аз нигоҳи ислом, ҳамкории самаранок ва дарёфти имкониятҳо барои расонидани кӯмак ба ҷабрдидагон аз зӯроварӣ дар оила ва роҳ надодан ба хушунати хонаводагӣ ва ғайраҳо.
Тақрибан 30 нафар имомхатибони масҷидҳои ҷомеъ ва имомони панҷвақтаи масҷидҳо дар тренинг омӯзиш ёфтанд ва дар фарҷом ҳамаи иштирокчиён бо сертификатҳо қадрдонӣ карда шуданд. Ҳамзамон, таъкид шудааст, ки масъулин ва рӯҳониён бештар ба раванди баланд бардоштани маърифати оиладорӣ, коҳиши ҷудошавии оилаҳо ва пешгирии зӯроварӣ дар оила ҷалб карда шаванд.