Formula novemver 2024
Имом Маҳдӣ кист ва кай зуҳур мекунад?
1010

 Мегӯянд, ки яке аз нишонаҳои ба охир расидани дунё ва қоим шудани қиёмат ин пайдоиши Имом Маҳдӣ аст.

Мехоҳам дар бораи нишонаҳо ва зуҳури Имом Маҳдӣ маълумот диҳед. Имом Маҳдӣ дар куҷо таваллуд мешавад ва ӯро чӣ гуна метавон шинохт?

Иброҳим, ш. Панҷакент.

Имом Маҳдӣ пеш аз қиёмат зоҳир шуда, роҳбари мардум мешавад ва дар рӯи замин адолатро барқарор мекунад. Ӯ аз насли аҳли байти Пайғамбар (с) мебошад, номаш Муҳаммад, номи падараш Абдуллоҳ аст.

 

Расули Худо (с) фармудаанд: “То вақте ки аз аҳли байти ман шахсе, ки номаш бо номи ман ва номи падараш бо номи падари ман мувофиқ аст, роҳбари мардум нашавад ва оламро пур аз адлу дод накунад, қиёмат барпо нахоҳад шуд”.

(Тирмизӣ, Ибни Моҷа, Ибни Ҳиббон) Маҳдӣ аз зуррияи Фотима (р) аст. Пешонияш кушод, бинияш баланду борик аст, дунёи пур аз ҷабру зулмро аз адлу инсоф пур мекунад ва ҳафт сол ҳукумат меронад. (Ривояти Абӯдовуд).

Аз нишона ва аломатҳои хуруҷи Маҳдӣ якеаш ин аст, ки пеш аз ӯ марде қотилу золим ба номи Суфёнӣ хориҷ мешавад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД