Яке аз ахлоқи накӯ, ки имрӯзҳо хеле камранг шудааст, садоқат ва ростӣ ва ростгӯӣ аст. Аз сабаби он, ки ин ахлоқи ҳасана аз миёни мо дур шуда истодааст, инсонҳо низ дар байни худ эътимодро нисбати ҳамдигар аз даст дода истодаанд, ки дар натиҷаи ин нобоварӣ ва камранг шудани садоқату ростӣ шакку тардид ҷамъиятро фаро гирифтааст, ки аксарият эҳсоси оромиш ва роҳатро аз даст додаанд. Ҳар гоҳ нафарони зиёди ҷомеа дучори парешонию нороҳатӣ гарданд, ҷомеаи инсонӣ низ суботу осоишро аз даст медиҳад. Ҳамаи ин натиҷаи аз ростӣ рӯйгардон шудан ва ба дурӯғ рӯ овардани инсон аст.
Амали Имом Бухорӣ роҳзанҳоро ба тавба овард
Дар шарҳи ҳоли имом Бухорӣ (раҳматуллоҳи алайҳи) омадааст, ки вақте модарашон ба сафари илмомӯзӣ равонашон менамуд, таъкиди зиёд намуд, то ҳаргиз ва ҳеҷ гоҳ дурӯғ нагӯянд. Вақте дар аснои сафар роҳзанон ба эшон ҳамла бурданд ва корвонро ғорат намуданд, яке аз онҳо аз имом, ки он замон наврас буданд, пурсид, ки чӣ миқдор пул дорӣ? Имом Бухорӣ ҷавоб доданд, чиҳил динор. Пурсанда гумон кард, ки шӯхӣ мекунад ва ба ӯ эътиное накарда гузашт. Роҳзани дигаре омада, ҳамин саволро ба ӯ дод ва ҳамин ҷавобро аз эшон гирифт. Ин мард Имомро назди сардорашон бурд. Сардор низ аз ӯ пурсид, ки бо худ чӣ дорад ва ҳамон ҷавоби чиҳил динорро шунид. Сардори роҳзанон бо ҳайрат пурсид: Чаро рост мегӯӣ? Имом ҷавоб дод: Бо модарам аҳд бастаам, ки ростгӯ бошам, метарсам, ки аҳдашро бишканам. Тарсу ваҳшат саропои сардори дуздонро фаро гирифт ва фарёдзанон гуфт: Ту метарсӣ паймони модаратро бишканӣ, ҳол он, ки ман аз паймоншиканӣ аз Худо наметарсам?!
Сипас фармон дод то ҳар чӣ аз қофила гирифтаанд, бозпас гардонанд ва ба Имом рӯ оварда фармуд: Ба дасти ту ба даргоҳи Парвардигор тавба кардам. Чун дигар роҳзанон ин амалкарди сардори худро диданд, гуфтанд: Ту сардори мо барои роҳзанӣ будӣ, имрӯз сарвари мо дар тавба ҳастӣ. Ва ҳамагӣ ба баракати ростгӯии Имом Бухорӣ тавба карданд.
Агар мардум баракат ва манфиати ростиро ҳис мекарданд, ҳаргиз дурӯғро истифода намекарданд. Худованди мутаъол дар каломи поки худ, дар сураи мубораки “Моида” ояти 119 мефармояд: “Худо гӯяд, ин рӯзе аст, ки ба ростгӯён ростии онон нафъ бахшад. Онон боғҳое доранд, ки аз зери он ҷӯйборон равон аст, ки дар он ҷо барои ҳамеша ҷовидонаанд. Худованд аз онон хушнуд шуд ва (онон низ) аз Ӯ хушнуд шуданд. Ин растагории бузург аст”. Ва Паёмбари Худо (с) мефармоянд: Он чи, ки туро ба шакку тардид меандозад, раҳо карда ва ба сӯи чизе бирав, ки туро ба шак водор намекунад, чаро ки садоқат мояи оромиш ва дурӯғгӯӣ мояи шакку тардид аст. (Имом Тирмизӣ).
Ростгӯӣ роҳи наҷот аст. Агар банда содиқ ва ростгӯ аст, самараи онро ҳам дар дунё ҳам дар охират хоҳад дид. Ва баръакси ин дурӯғ ва дурӯғгӯӣ як одати бад ва хислати разила аст, ки гӯяндаашро беобрӯ, беқадру манзалат, шармсор ва радди маърака менамояд. Шахси дурӯғгӯро касе бовар намекунад ва ҳеҷ соҳибақле бар ӯ эътимод наменамояд. Забон як неъмати бебаҳоест барои ҳар як сухангӯянда, ки қадри онро шояд касоне донанд, ки аз сухан гуфтан маҳруманд. Барои ҳеҷ соҳибақл арзанда нест, ки ин неъмати Худододиро ба дурӯғ, тӯҳмат, ғайбат ва беҳуда истифода кунад, то боиси озори халқи Худо гардад.