Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании кишвар аз наҷот ёфтани чанд нафар шаҳрвандон аз ғарқшавӣ хабар дод.
Бино ба иттилои манбаъ, 4-уми августи соли 2025, тақрибан соати 14:20 дақиқа наҷотдиҳандагони дастаи вокуниши фаврии Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Суғд ду сокини ҷамоати деҳоти Гулхонаи ноҳияи Ҷаббор Расулов - Насрулло Насров ва Шоҳҷаҳон Валиевро, ки дар рӯди Сир ғарқ мешуданд, наҷот доданд. Дар хабар гуфта шудааст, ки ин ду ҷавон ҳарду 19-сола будаанд ва дар ҳоле ғарқ мешуданд, ки қоидаҳои шиновариро намедонистаанд.
Ҳамзамон бародару хоҳар Бахтовар Абдуллоев ва Анаҳита Абдуллоева, сокинони шаҳри Душанбе, кӯчаи Рӯдакӣ, хонаи 35 ҳангоми шиноварӣ дар “Баҳри тоҷик” дар ҳоли ғарқ шудан будаанд, ки дасти мадади имдодгарони Раёсати КҲФ дар вилояти Суғд ба сӯяшон дароз шуда, ҳарду наҷот ёфтаанд.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ба сокинон муроҷиат кардааст, ки фарзандони ноболиғашонро дар соҳили обҳо беназорат нагузоранд.