Formula novemver 2024
Илҳом ва Муродҷони қассоб ба чанг афтиданд
807


Иддае аз соҳибкорон мақоли «Гӯр сӯзаду дег ҷӯшад”-ро сармашқи кори худ намуда, молу маҳсулоти вайроншударо бо нархи баланд ба мардум мефурӯшанд.

Барои ин тоифа танҳо ба даст овардани фоида муҳим аст, онҳо парвои ҳаёту саломатии харидоронро надоранд ва аз оқибати кор намеандешанд. Яке аз чунин соҳибкорон қассоби хуҷандӣ Илҳом Акбаров мебошад.

Номбурда бо фурушӣ маҳсулоти гӯштӣ машғул буда, дар Ҷамоати деҳоти Ҳайдар Усмони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров як хонаро ба “гӯштхона” табдил додааст.

Илҳом бо шиносаш, сокини шаҳри Хуҷанд-Муродҷон Рустамов ҳамкорӣ карда, чорвои хонагиро дар хонаҳои ифлос ва ба ягон талабот ҷавобгуй набуда, заҳб мекардаанд. Ин ду қассоб гӯшт ва каллаҳои чорвори забҳ кардаашонро дар шароити хона дар яхдонҳои нигоҳдорӣ мекардаанд.

“Давидани гӯсола то коҳдон”
Ин амали хилофи қонуни соҳибкрон аз чашми мақомоти милится дур намонд. Кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилояти Суғд дар натиҷаи чорабиниҳои оперативӣ аз хонаи Акбаров Илҳом 516 кг гӯшт, 8 каллаи чорво ки дар ҳолати ғайрисанитарӣ нигоҳ дошта мешуданд ва 85 кг гушти яхкардаи вайроншударо, ки барои саломатӣ зараровар мебошад, пайдо карда, ба ташхиси вирусологӣ фиристодаанд.

Дар натиҷа маълум шуд, ки қисми зиёди ин миқдор маҳсулоти гуштӣ тамоман ба талаботи истеъмолӣ ҷавобгуй набуда, ба ҳаёту самалотии инсон хавфнок будааст.

Муродҷон Рустамов ҳаммаслаки Илҳом Акбаров наздики 100 сар чорвои хурдро дар хонааш кушта, каллҳои моли забҳшударо дар манзили истиқоматиаш нигоҳ медоштааст ва устухонҳои чорворо, ки манбаи сирояти ҳар гуна бемориҳост дар ҳавлӣ ва дигар гирду атроф мепартофтааст.

Зимни санҷиш кормандони милитсияи вилоят аз хонаи Рустамов 99 каллаи чорвои майда ва 51 кг гӯшт,ки дар ҳолати ғайрисанитарӣ нигоҳдорӣ мешуд, дарёфт намуданд.

Чӣ хеле ки мегӯянд “Бори каҷ ба манзил намерасад”. Ин ду соҳибкор, ки пули калон ба даст оварданро фикр мекарданду ҳаёту саломатии шаҳрвандонро не, акнун дар назди қонун ҷавоб мегӯянд.

Айни замон тибқи моддаи 209 қисми 1 КҶ ҶТ нисбаташон парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, тафтишот идома дорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД