35 years of independency
«Ҳикояҳои Шераки Ориён» ба нашр расид
03.09.2026
Oila.tj
66

Китоби нави нависанда ва филмноманависи тоҷик Абдурофеъ Рабизод бо номи «Ҳикояҳои Шераки Ориён» ба нашр расид.

Ба гуфтаи муаллиф, ҷилди аввали китоб аввали моҳи августи соли ҷорӣ чоп шуда, 23 ҳикояро дар бар мегирад. Ин асарҳо дар солҳои гуногун навишта шуда, ба забонҳои мухталиф тарҷума шудаанд. Абдурофеъ Рабизод мегӯяд, ки маҷмуа дар маҷмуъ аз 4 ҷилд иборат буда, барои он беш аз 120 ҳикоя интихоб шудааст.

Муаллиф асосан бо тахаллуси Шераки Ориён эҷод мекунад. Ӯ аз чеҳраҳои маъруфи адабиёти муосири тоҷик буда, дар баробари нависандагӣ ва рӯзноманигорӣ ба филмноманависӣ низ машғул аст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД