Ҳикмати задани муаллим
09.10.2025
Oila.tj
190

Дар ҳошияи хабаре, ки дар Левакант падару модаре омӯзгореро барои шаппотӣ задани фарзандашон ба додгоҳ доданд, ин ҳикояти Муҳаммад Авфии Бухороиро бихонед.

Овардаанд, ки амир Наср Аҳмади Сомониро муаллиме буд, ки дар вақти хурдӣ ӯро таълим медод ва чӯб бисёр мезад. Амир Наср мегуфт, ки ҳар гоҳ ба султонӣ расам, ҷазои ӯро хоҳам дод.

Чун ба султонӣ расид, шабе ёди айёмӣ гузашта кард. Муаллимаш ба хотираш омад ва ҳама шаб дар андешаи интиқоми ӯ шуд.

Ходимеро бифармуд, ки аз бӯстон даҳ чӯби обӣ биёранд ва якеро гуфт: «Муаллимро ҳозир кун!».

Ходим рафт, то ки муаллимро ҳозир гардонад. Муаллим пурсид:

- Султон чӣ мекард, ки моро ёд кардааст?

Гуфт:

- Ғуломеро фармуд, ки биравад, аз бӯстон даҳ чӯби обӣ биёрад ва маро гуфт, ки муаллимро ҳозир кун.

Муаллим донист, ки амир ба фикри интиқоми вай аст. Дар роҳ ба дари дӯкони мевафурӯшӣ расид ва мевае обдор аз вай харид ва дар остин кард.

Чун пеши Наср омад, амир чӯбро бигирифт ва гуфт:

- Дар ин чӣ мегӯӣ?

Гуфт:

- Саҳл аст.

Даст дар остин кард ва он мева берун оварду гуфт:

- Зиндагии подшоҳ дароз бод, калимае дорам!

Гуфт:

- Бигӯй!

Гуфт:

- Мева бад-ин латифӣ додаи он чӯб аст!

Султон чун ин бишнид, бағоят писандид ва то зинда будан ба муаллими худ маош таъин гардонид, то зиндагонии ӯ ба фароғат гузарад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД