Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз бо фармонҳои нави худ 30%-и кормандони Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии кишварро ихтисор намуда, дар мақомоти қудратӣ низ тағйироти кадрӣ ворид намуд.
Сарвари давлат супориш додааст, ки сардорони Раёсатии ВКД дар вилояти Хатлону Кӯлоб ва Бохтар ҳамроҳи муовинонашон, додситонии вилояти Хатлон бо муовинонаш, сардори гурӯҳи фаврии раёсати КДАМ дар Хатлон ва минатқаи Кӯлоб, сардори Оҷонсии зиддифасод ҳамроҳи муовинонаш ва чанде аз сардорони раёсату шуъбаҳо дар ВКД, КДАМ, оҷонсиҳои зиддифасфоду мубориза бо маводи мухаддир дар Хатлон аз вазифа озод шаванд.
Ин супоришро президенти мамлакат дар ҷаласаи Шурои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз, 19-уми январ додааст.
Хадамоти матбуотии президент менависад, ки дар ин ҷаласа, Эмомалӣ Раҳмон аз фаъолияти мақомоти қудратии вилоятӣ, минтақавӣ ва якчанд шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон интиқод карда, гуфтааст, ки, онҳо "дар иҷрои вазифаи хизматӣ ба бемасъулиятӣ роҳ додаанд". Дар ин бора “Ховар” хабар доааст.