tobiston
Ихтирои мошинҳои нав дар Чин
118

Солҳои охир Чин яке аз пешсафони ҷаҳон дар ихтироъ ва истеҳсоли мошинҳои нав шудааст. Ин кишвар дар соҳаҳои мошинҳои барқӣ, худидоракунӣ ва экологияи тоза пешрафтҳои назарас дорад.

Ширкатҳои маъруфе ба монанди BYD, NIO, IXPENG ва Li Auto, ки мошинҳои барқии навсозишударо бо технологияҳои зеҳни сунъӣ истеҳсол мекунанд, бисёр зуд маъруф шуда, дар тамоми ҷаҳон истифодабарандагони худро пайдо кардааанд.

Технологияи нави чиниҳо ин аст, ки метавон дар 30 дақиқа мошинро қувва, ё ба ибораи дигар, заряд дод ва то 700 км роҳро тай намуд.

Ширкатҳое ба монанди Baidu Apolo ва Autox метавонад мошинҳое ихтироъ намоянд, ки бе ронанда ҳаракат мекунанд. Хусусиятҳои ин мошин сенсорҳои лазерӣ, камераҳои 360-градуса, зеҳни сунъӣ барои шинохти роҳ ва одамон ва истифода дар таксиҳои роботӣ дар шаҳрҳои калон мебошад.

Мутахассисони чинӣ барои кам кардани ифлосшавии муҳити зист ширкатҳои мошинҳои гибридӣ месозанд, ки аз як тараф сӯзишвории кам истеъмол мегардад ва аз тарафи дигар, муҳити зист тозаву озода мемонад ва мардум низ ба бемориҳои сироятӣ кам гирифтор мешаванд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД