Lmarka 2025
Ифтитоҳи маркази табобатии «Осуда» дар шаҳри Турсунзода
22.04.2025
Oila.tj
342

Дар шаҳри Турсунзода маркази табобатии «Осуда» мавриди истифода қарор дода шуд.

Бино ба иттилои МИҲД-и шаҳри Турсунзода, маркази табобатӣ дорои беш аз 80 кати хоб ва утоқҳои барҳаво буда, ҳуҷраҳо бо тамоми шароити муосир муҷаҳҳаз шудаанд. Дар он 20 корманди тиббӣ фаъолият доранд, ки 4 нафари онҳо табибони ботаҷриба мебошанд.

Инчунин, дар марказ хизматрасонии парафиндармонӣ, гиёҳдармонӣ, тамрини бадан бо истифода аз технологияи муосир ба роҳ монда шудааст.

Дар марказ бемориҳои дарди миён ва буғумҳо, диабети қанд, бемориҳои гурда, бемориҳои асаб, бронхит ва астмаи бронхиалӣ, простатит ва дигар бемориҳо табобат карда мешаванд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД