Ифтитоҳи кӯчаи сайёҳии Куруши Кабир дар Душанбе
103

Дар Боғи Куруши Кабири пойтахт имрӯз, 11-уми ноябр, соати 15:00 кӯчаи сайёҳии ба номи Куруши Кабир ифтитоҳ мегардад.

Иқдоми мазкур аз ҷониби Ҳукумати шаҳри Душанбе ва ширкатҳои “Сомон Трэвел”, “Диёр Трэвел” ва “Бобо Ҳумоюн” роҳандозӣ шуда, ҳадаф аз он таблиғи гардишгарӣ, рушди сайёҳии дохиливу хориҷӣ ва тақвияти робитаҳои фарҳангии байни Душанбе ва Теҳрон мебошад.

Минбаъд давоми як моҳ аз соати 11:00 то 22:00 дар Боғи Куруши Кабир намоиш ва фурӯши маҳсули ҳунарҳои мардумӣ, муаррифии ширкатҳои сайёҳӣ ва таомҳои миллӣ баргузор хоҳад гашт.

Боздидкунандагон имкон доранд барномаҳои мусиқиву фарҳангӣ ва ҳунарнамоии ҳунармандони кишварҳои гуногунро тамошо карда, дар қуръакашии туҳфаҳо, ҳамоишҳои мавзӯӣ ва бозиҳои гуногун ширкат варзанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД